Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Одати бераҳмӣ. ВИДЕО


Барномаи ТВ «Настоящее время» аз вазъи риққатбори ҷонварони хиёбонӣ дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ қисса мекунад

Ғамхорӣ дар ҳақи ҷонварон масъалаест баҳсбарангез барои ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ. Ҳамасола дар ин ҷумҳуриҳо ҳазорҳо ҷонварони хиёбонӣ – сагу гурбаҳо нобуд карда мешаванд. Дар бархе кишварҳо, мисли Тоҷикистон, ҳолатҳои шикори ҷонварони хиёбонӣ ҳам вуҷуд дорад.

Ин ҳама ҳодисаҳо, ки ба интиқоди ҳомиёни ҳуқуқи ҷонварон баёнгари бераҳмиву ваҳшонияти зиёд аст, бояд хотима дода шаванд. Зимнан, дар Тоҷикистон маҳз баъди интиқодҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мақомот гуфтанд, ки макони махсуси нигаҳдории ҷонварони хиёбониро таъсис медиҳанд. Дар бархе паноҳгоҳҳои муваққатии сохташуда аз ҷониби ихтиёриёну шахсони раҳмдил, ҷонварони бесарпаноҳ оварда мешаванд. Ҳадафи ташаббускорони ин сарпаноҳҳо ҳам ин аст, ки барои ҳар як ҷонварони бехонаву дар соҳиби мушфиқе пайдо шавад.

Хабарнигорони телевизиони «Настоящее время» дар Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон давоми ду моҳ масъалаи бадрафториву хушунат нисбати ҷонварони хиёбониро мавриди таҳқиқ қарор дода, дар як барномаи телевизионӣ ҷой карданд.

Барномаи «Одати бераҳмӣ» дар бораи муносибати ғайриинсонии сокинони Осиёи Марказӣ ба ҷонварон ҳикоят мекунад.

XS
SM
MD
LG