Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобулу Душанбе - хомӯш. Ишқобод як қисмати ТАТ-ро ба истифода медиҳад


Туркманистон сохтмони роҳи оҳанро дар масири Отамурод – Имомназар ва Оқина – наздикии марзи Афғонистон, ки тӯлаш дар маҷмӯъ 88 километр аст, анҷом додааст ва моҳи ноябри имсол ба истифода хоҳад дод. Ин ҷузъе аз сохтмони роҳи оҳани байналмилалист, ки интизор меравад, дар соли 2018 Тоҷикистону Афғонистон ва Туркманистонро ба якдигар пайвандад.

Бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон моҳи июли соли 2013 бо ҳузури раҳбарони се кишвар аз вилояти Лабиоби Туркманистон шурӯъ шуд.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистону Афғонистон ҳанӯз дар бораи сохтмони ин роҳи оҳани байналмилалӣ дар дохили кишварашон ҳарфе нагуфтаанд, расонаҳои давлатии Туркманистон рӯзи шанбе хабар доданд, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар робита ба ин мавзӯъ ҷаласаи вижаи ҳукуматро баргузор кардааст.

Раиси ҷумҳури Туркманистон гуфтааст, корҳои сохтмонӣ дар қисмати роҳи оҳани Отамурод – Имомназар – Оқина дар аввали моҳи ноябр ба анҷом расида, "рушди коридори байналмилалии нақлиётӣ ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа аст". Бердимуҳаммадов гуфтааст, роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон дар оянда яке аз бахшҳои муҳими роҳи байналмилалӣ хоҳад шуд, ки Осиёро бо Аврупо пайваст мекунад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон моҳи июли соли 2013 бо ҳузури раҳбарони се кишвар аз вилояти Лабиоби Туркманистон шурӯъ шуд. Қарор аст, роҳи оҳани мазкур аз тариқи Мазори Шариф, Кундуз ва гузаргоҳи Шерхон Бандар дар марзи Тоҷикистон ба ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ дар Тоҷикистон бирасад.

Тарҳи роҳи мазкур бештар аз 600 километрро ташкил медиҳад ва Тоҷикистону Афғонистон умедворанд, ин роҳ аз вобастагӣ халосашон карда, сабаби вусъат гирифтани тиҷорат миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мешавад. Аммо бад шудани вазъи амниятӣ дар Афғонистон иҷрои тарҳро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст.

Охири соли 2015 яке аз сармоягузорони асосии тарҳи роҳи оҳан - Бонки Осиёи Рушд эълон кард, ки ба сабаби бад шудани вазъ дар Афғонистон сармоягузорӣ барои бунёди роҳро то муддати номуайян боздоштааст. Соли гузашта мақомоти расмии Тоҷикистон ҳам эълон карданд, ки дар ҷустуҷӯи маблағ барои таҳқиқи маҳалли сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон – Туркманистонанд, аммо таъкид карданд, ки ин роҳ дар соли 2018 ба истифода дода хоҳад шуд. Қисмати тоҷикистонии ин роҳ аз 392 километр иборат будааст.

Коршиносон мегӯянд, роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон мисли долоне миёни Осиёи Марказӣ ва бозорҳои ҷаҳонӣ тавассути бандарҳои обӣ дар уқёнуси Ҳинд хоҳад буд. Ин роҳ ҳамчунин нисбат ба бандарҳои обӣ дар баҳри Балтик, ки тавассути Русия мегузарад ду баробар кӯтоҳтар мебошад.

Роҳи оҳани ТАТ ба вижа барои Афғонистон ва Тоҷикистон муфид хоҳад буд, зеро ин ду кишвар аз лиҳози нақлиётӣ дар бунбаст қарор доранд ва аз лиҳози ҷуғрофиёӣ аз бозорҳои ҷаҳонӣ хеле дур ҷой гирифтаанд. Тоҷикистон, ки кишвари Шӯравии пешин буд, роҳҳои иртиботиаш бо ҷаҳони хориҷ аслан ба самти шимол мебаранд ва Тоҷикистон дар ин самт аз ҳар ҷиҳат ба Узбакистон пойбанд аст.

Афғонистон ҳам бо мушкилиҳои ҷанги дохилии бештар аз 30-сола дасту панҷа нарм мекунад ва роҳҳои нақлиётиаш ё комилан хароб шудаанд ва ё дар ҳолати бад қарор доранд.

Соли 2011 Туркманистону Афғонистон дар бораи сохтмони роҳи оҳан қарордоди ҳукуматӣ имзо карданд ва сохтмони роҳ аз ҳамин қарордод сарчашма мегирад. Вале моҳи марти соли 2013 баъд аз сӯҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисони ҷумҳури Тоҷикистону Туркманистон сарнавишти ин роҳи оҳан тағйир ёфт ва ҷонибҳо розӣ шуданд, ки ин роҳ аз Тоҷикистон оғоз ёбад ва номи Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистонро (ТАТ) бигирад.

XS
SM
MD
LG