Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мегӯяд, то анҷоми сохтмони роҳи ТАТ се сол монд


​Ҳарчанд Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи маблағ барои таҳқиқи маҳалли сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон – Туркманистон аст, аммо мегӯяд, ин роҳ соли 2018 ба истифода дода хоҳад шуд.

Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Туркманистон (ТАТ), ки то ба Эрон мерасад, то соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Ҳоло қисмати ин роҳ дар Туркманистон боз аст ва рафтуомади қаторҳо идома дорад. Аммо Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи маблағи зарурист, то имконоти сохтмонии он ва маҳалли бунёди роҳро таҳқиқ кунад.

Ҳоло гуфтугӯи ҷониби Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар бораи сармоягузории корҳои омӯзишӣ дар бахши тоҷикистонии ин роҳи оҳан идома дорад. Сохтмони роҳи оҳани ТАТ дар аввалҳои моҳи июни соли 2013 оғоз шуда буд ва он барои кишварҳои имтидоди он дорои аҳамияти стратегӣ, иқтисодӣ ва сиёсист.

Қисмати роҳи Тоҷикистон аз 392 километр иборат аст ва масири дувум ҳам дар Тоҷикистон аз ҳамин қисмат мегузарад, аммо он бо номи хатти Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон шинохта шудааст ва он ба қаламрави Туркманистон намедарояд ва аз Афғонистон ба Эрон мегузарад ва ба Халиҷи Форс меравад. Торнамои azernews.az навиштааст, ҳадафҳои тарҳи ТАТ тавсеаи зербинои минтақаист ва кишварҳоеро, ки бо роҳҳои обӣ иртибот надоранд ва ҳамчунин бозорҳои Авруосиёро бо бозорҳои Осиёи Ҷанубӣ бипайвандад.

Ҳамлу нақли транзитии коло ба яке аз сарчашмаҳои муҳими содирот ва ба доду гирифти колоҳои хориҷӣ мубаддал шудааст ва метавонад ҷойҳои корӣ низ фароҳам орад. Ба ҳамин далел, ба вуҷуд овардани коридорҳои нақлиётӣ, ки мушкилоти байналмилалии ҳамлу нақли колоро соддатар мекунад, ҳоло бештар аҳамият пайдо мекунад.

Коршиносон мегӯянд, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон мисли долоне миёни Осиёи Марказӣ ва бозорҳои ҷаҳонӣ тавассути бандарҳои обӣ дар уқёнуси Ҳинд хоҳад буд. Ин роҳ ҳамчунин нисбат ба бандарҳои обӣ дар баҳри Балтик, ки тавассути Русия мегузарад ду баробар кӯтоҳтар мебошад.

Роҳи оҳани ТАТ ба вижа барои Афғонистон ва Тоҷикистон муфид хоҳад буд, зеро ин ду кишвар аз лиҳози нақлиётӣ дар бунбаст қарор доранд ва аз лиҳози ҷуғрофиёӣ аз бозорҳои ҷаҳонӣ хеле дур ҷой гирифтаанд. Тоҷикистон, ки кишвари Шӯравии пешин буд, роҳҳои иртиботиаш бо ҷаҳони хориҷ аслан ба самти шимол мебаранд ва Тоҷикистон дар ин самт аз ҳар ҷиҳат ба Узбакистон пойбанд аст.

Афғонистон ҳам бо мушкилиҳои ҷанги дохилии бештар аз 30-сола дасту панҷа нарм мекунад ва роҳҳои нақлиётиаш ё комилан хароб шудаанд ва ё дар ҳолати бад қарор доранд. Соли 2011 Туркманистону Афғонистон дар бораи сохмтони роҳи оҳан қарордоди ҳукуматӣ имзо карданд ва сохтмони роҳ аз ҳамин қарордод сарчашма мегирад. Вале моҳи марти соли 2013 баъд аз сӯҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисони ҷумҳури Тоҷикистону Туркманистон сарнавишти ин роҳи оҳан тағйир ёфт ва ҷонибҳо розӣ шуданд, ки ин роҳ аз Тоҷикистон оғоз ёбад ва номи Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистонро (ТАТ) бигирад.

Ҳамзамон бо ин тарҳ рӯзҳои 8-9 декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар бораи хатти дувуми роҳи оҳан, яъне масири Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон қарордоди муқаддамотӣ ба имзо расид. Ин роҳ аз Ҳирот ба Эрон пайваст мешавад. Сохтмони масири роҳи оҳани ТАТ, ки аз марзи Туркманистон, яъне аз маҳалле бо номи Ақина тавассути Афғонистон то ба ноҳияи Ҷалолиддини Румии Тоҷикистон анҷом мегирад, 635 километрро ташкил медиҳад. Дар қаламрави Афғонистон роҳ аз Андхуй, Шибирғон, Мазори Шариф, Кундуз ва Шерхон Бандар мегузарад ва ба Ҷалолиддини Румӣ пайваст мешавад. Вале самти Шерхон Бандар ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва баъд аз хатми омӯзиши маҳал рӯшан хоҳад шуд.

Дар бораи фаро гирифтани Шерхон Бандар ду ақида вуҷуд дорад. Баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки ин роҳ тавассути Шерхон Бандар ба Тоҷикистон пайваст шавад ва ба қаламрави Узбакистон надарояд. Баъзеҳои дигар мегӯянд, ки хуб аст агар тавассути Шерхон Бандар бигзарад, зеро он манотиқи бештар шимоли Афғонистонро фаро мегирад.

XS
SM
MD
LG