Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози нодири туркманҳо аз ҳукми сарварони шаҳр


Тазоҳуроти нодир дар Ишқобод
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

Тазоҳуроти нодир дар Ишқобод

Наздик ба 50 нафар аз сокинони гузари Параҳат -7 дар пойтахти Туркманистон, шаҳри Ишқобод, бо як тазоҳуроти кӯтоҳ тавонистанд, моликияти худро ҳифз кунанд.

Талоши мақомоти туркман барои барчидани кондитсионер ё ҳавосозҳои чанд бинои баландошёнаи гузари Параҳат -7 ба эътирози сахти сокинони ин минтақа рӯбарӯ шуд. Наздик ба 50 нафар рӯзи 23-юми август, дар ҳоле ки кранҳо омаданд ва коргарон аввалин кондитсионерҳоро аз тирезаҳо канданд, ба кӯча баромаданад ва пеши роҳи кранҳоро гирифтанд. Онҳо аз сарвари коргарони хадамоти коммуналӣ пурсиданд, ки дастури барчидани ҳавосозҳоро кӣ додааст ва ба кадом сабаб, аммо мегӯянд, посухи рӯшан нагирифтаанд.

Дар навори видеоие, ки Бахши туркмании Радиои Озодӣ гирифтааст, дида мешавад, ки сокинон дар талабҳои худ қатъият нишон медиҳанд ва намояндаи мақомот аз онҳо хоҳиш мекунад, ки лоақал ин кондитсионерҳо аз тирезаҳо муваққат гирифта шаванд. Аммо сокинон ҳамаи ин маъракаро як бетартибӣ ва суиқасд ба моликияти шаҳрвандон меномад ва яке аз онҳо мегӯяд, дар хона ду маъюби рӯи бистар дошта, дар гармии наздик ба 60 дараҷа наметавонад, ҳавосози худро барчинад. Вай меафзояд: “Ба корҳои беақлона машғуланд. Ягон дастури хаттӣ нест. Мегӯянд, ки бо фармони ҳоким кондитсионери одамонро мекананд. Тирезаҳои як ҳазору чаҳор хона ба ин тарафанд. Чӣ хеле хоҳанд, ҳамон хел моро масхара мекунанд. Ман аз онҳо дастури хаттӣ талаб кардам. Ягон хел дастури хаттиро касе нишон намедиҳад. Онҳо моликияти моро мекананд. Ин моликияти мост, ки онро мекананду вайрон мекунанд ва баъд ягон кас онро барқарор намекунад.”

Бо фишори сокинон намояндагони мақомот ва коргарон ақибнишинӣ карданд ва баъдтар аз саҳна рафтанд. Дар бораи сабаби барчидани кондитсионер ё ҳавосозҳои биноҳое, ки дар тарафи кӯчаи Бобо Аннанов воқеянд, мақомот шарҳи расмие намедиҳанд, вале гумон меравад, ин фармони ҳокими маҳаллиест барои хушнамудтар кардани манзараи кӯчаи нав, ки қарор аст, раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз он гузарад.

Эътирози сокинони Ишқобод ақидаеро, ки дар Туркманистон касе наметавонад, дар дифоъ аз ҳаққи садо баланд кунад, баҳам зад. Сарони тазоҳурот ҳатто ин пешниҳодро ҳам карданд, ки ҳамаи сокинон дар якҷоягӣ то идораи ҳокими ноҳия раҳпаймоӣ кунанд.

Дастури барчидани кондитсионерҳои манзили мардум дар ҳоле дода шудааст, ки ҳарорати ҳаво дар Ишқобод наздик ба 50 дараҷаи селтсияро ташкил медиҳад.

Тазоҳуроти нодир дар Ишқобод 2
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:41 0:00

XS
SM
MD
LG