Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон: Роҳи оҳан то Афғонистонро дар ду сол месозем


Тарҳи аввалияи роҳи оҳани Туркманистон -Афғонистон - Тоҷикистон
Тарҳи аввалияи роҳи оҳани Туркманистон -Афғонистон - Тоҷикистон

Туркманистон мегӯяд, қисмати туркманистонии роҳи оҳани минтақавӣ то Афғонистонро то моҳи июни соли 2015 хоҳад сохт.

Туркманистон сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳанеро, ки ин кишварро бояд аз тариқи Афғонистон бо Тоҷикистон бипайвандад, ба вазорати нақлиёти роҳи оҳанаш супурдааст. Ишқобод гуфтааст, ки қисмати марбут ба Туркманистонро, ки 88 километр аст, то моҳи июни соли 2015 хоҳад сохт.

Бино гузориши хабаргузориии Turkmenistan.ru, раиси ин ҷумҳурӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар пайи ҷаласаи ҳукуматаш ба қароре имзо кард, ки ба ин вазорат иҷозат медиҳад, ба ҳайси фармоишгар ва иҷрокунандаи асосӣ тарҳҳои марбут ба роҳи оҳани “Отамурод-Имомназар(дар Туркманистон)- Оқина(дар Афғонистон) ва ҳам иншооти зербиноӣ, бо шумули ду пул дар тӯли ин роҳро кашида, сохтмонашро ҳам ба анҷом бирасонад.

Расми ифтитоҳи бунёди ин роҳи оҳани муҳими минтақавӣ рӯзи 5 июн дар канори шаҳри Отамуроди вилояти Лебап(Лаби Об, Чорҷӯи собиқ)-и Туркманистон бо ширкати руасои ҷумҳуриҳои Туркманистону Афғонистон ва Тоҷикистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Ҳомиди Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон доир шуд.

Қисмати туркманистонии ин роҳи оҳан 88 километр тӯл дошта, аз истгоҳи Отамурод то Имомназар ва аз онҷо то истигоҳи Оқина дар Афғонистон кашида хоҳад шуд. Ин масир дар сурати сохта шуданаш, нахустин роҳи оҳани алтернативие мешавад, ки кишварҳои шимолро бидуни убур аз қаламрави Ӯзбакистон ба Афғонистон мепайвандад. Тоҷикистон низ баъди бунёди ин роҳ метавонад аз вобастагии феълан саддарсадиаш аз ширкати “Ӯзбекистон темир йуллари” раҳо биёбад.

Тарҳи мазкур ба Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) тааллуқ дошта, таҳти роҳбарии Бонки Осиёии Рушд дар моҳи октябри соли 2012 омода шудааст. Дар ҷашни Наврӯзи Ишқобод раҳбарони Туркманистону Тоҷикистон ва Афғонистон санадеро дар бораи омодагии кишварҳои худ ба имзо расонданд. Ишқободу Кобул сари сохтмони роҳи оҳан аз Оқина то Андхуй низ ба тавофуқ расидаанд. Аммо масири қисмати марбут ба Тоҷикистони ин роҳи оҳан ва ҳамин тавр, тӯли ин масир дар қаламрави Афғонистон ҳанӯз мушаххас ва ниҳоӣ нашудааст.


Низом Ҳакимов
Низом Ҳакимов
Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар авоили моҳи июн ба Радиои Озодӣ гуфт, кишвараш пешорӯи интихоби яке аз се масир қарор дорад ва ҳанӯз ба хулосае нарасидааст: “Ин ҳама вариантҳоро мо ба баррасӣ гирифтаем ва инро меомӯзем, ки кадоме аз онҳо аз нуқтаи назари иқтисодӣ, фаннӣ ва дигар ҷанбаҳо қобили қабул аст. Мутахассисони мо кор мекунанд. Бояд саросема нашавем. Ҳоло фақат ҳусни тафоҳум вуҷуд дорад, яъне роҳбарон гуфтаанд, ки бояд созем. Дар ҳоли ҳозир, ҳамин қадар тасмим гирифта шудаасту халос.”

Се масире, ки вазорати нақлиёти Тоҷикистон баррасӣ мекунад, аз ҳам тавофути зиёд доранд. Масири аввал ва тӯлонитарин Колхозобод – Дӯстӣ – Панҷи Поён дар сарҳади Тоҷикистон, сипас тариқи Шерхон Бандар – Қундуз – Хулм – Мазори Шариф – Шибирғон – Андхуй – Оқина дар марзи Афғонистон ва Имомназар – Отамуроди қаламрави Туркманистонро дарбар мегирад ва тақрибан 635 километр тӯл мекашад. Масири дуввум танҳо Айваҷи Тоҷикистонро дарбар мегирад ва аз он ҷо ба Тагонгузар расида, масири қаблиро такрор мекунад. Он 445 км тӯл дорад. Масири сеюм ва кӯтоҳтарин аз Бешкенти Тоҷикистон шурӯъ шуда, аз Калдор ва Хайратони Афғонистон мегузарад ва бо Келифи Туркманистон анҷом меёбад. Масофа -- 160 километр.

Иддае аз коршиносон таъхир дар интихоби яке аз ин масирҳо аз сӯи Тоҷикистонро ба он рабт медиҳанд, ки Душанбе мехоҳад вобастагаии масиир нав аз таъсири манфии Ӯзбакистонро ҳаддалимкон коҳиш диҳад, бахусус бо таваҷҷӯҳ ба инки вилоятҳои воқеъ дар қади ин масир дар Афғонистон асосан узбакнишинанд ва таҳти таъсири қобили мулоҳизаи Тошканд қарор доранд.


Бӯрӣ Каримов
Бӯрӣ Каримов
Дар ҳар сурат, дар ҳоли амалӣ шудани ин тарҳ Тоҷикистон ба аввалин роҳи оҳане дастрасӣ пайдо хоҳад кард, ки ин кишвари бунбастии Осиёи Марказиро бидуни убур аз Ӯзбакистон ба Афғонистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Русияву Аврупо васл мекунад. Ва кишвар ба яке аз се афзалияти давлатии худ – баромадан аз бунбасти нақлиётӣ – бештар даст хоҳад ёфт.

Бӯрӣ Каримов, раиси Иттиҳоди роҳсозони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ(ИДМ) мегӯяд, Тоҷикистон ба ҳар қимате, ки бошад, бояд ин тарҳро ҳадди ақал дар ҳудудҳои худ бисозад, чун ваъдаи кумаки пулии Бонки Осиёии Рушдро ба даст овардааст. Вай афзуд, аз ҳама тарҳҳои нақлиётие, ки ҳаст, танҳо ҳамин тарҳ барои таъмини тарҳҳои бузурги энергетикӣ мувофиқтар аст, чун вазнинтарин таҷҳизотро аз Аврупо маҳз бо ин масир ва бидуни Узбакистон метавон ворид кард.
XS
SM
MD
LG