Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ИМА-ро шикаст дод, аммо ба плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ наёфт

Бозиҳои даври севуми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки дар се кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика ҷараён дорад, 26-уми июн дар гурӯҳҳои D, E ва F баргузор шуданд.

Дар даври севум дар гурӯҳи D мунтахаби Туркия тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, аввалин пирӯзиашро ба даст овард. Ин бозӣ субҳи ҷумъа бо вақти Душанбе дар варзишгоҳи «Соу-Фай Стэдиум» дар Инглвуд (аёлати Калифорния, ИМА) доир гардид.

Голҳои мунтахаби Туркияро Арда Гюлер (дақиқаи 10-ум), Оркун Кекчу (31) ва Каан Айхан (90+8) ба самар расонданд. Голҳои амрикоиҳро Остон Трасти (3) ва Себастян Берхалтер (49) заданд.

Бозии дигари ин гурӯҳ миёни тимҳои Парагвай ва Австралия бо ҳисоби 0:0 ба поён расид.

Дар ин гурӯҳ ИМА бо 6 имтиёз ҷойи якумро касб кард. Австралия бо 4 имтиёз дувум шуд. Ҳарду даста ба даври плей-офф роҳ ёфт. Парагвай бо 4 имтиёз дар зинаи севум ва Туркия бо 3 имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифтанд. Туркҳо аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум шуданд.

Дар даври севуми рақобатҳои гурӯҳи Е Кот-д’Ивуар бар Курасао бо ҳисоби 2:0 ва Эквадор бар Олмон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Дар ҷадвали ин гурӯҳ Олмон ва Кот-д’Ивуар бо 6-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро соҳиб шуда, ба плей-офф баромаданд. Эквадор бо 4 имтиёз севум ва Курасао бо як имтиёз чаҳорум шуданд. Мунтахаби Курасао аз ҳаққи идомаи мубориза дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Дар даври севуми рақобатҳои гурӯҳи F Нидерланд бар Тунис бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Рақобати Ҷопон ва Шведсия бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.

Дар ҷадвали ин гурӯҳ Нидерланд бо 7 имтиёз ҷойи якум ва Ҷопон бо 5 имтиёз ҷойи дувумро ишғол намуда, ба даври плей-офф роҳ пайдо карданд. Шведсия бо 4 имтиёз ҷойи севум ва Тунис бидуни имтиёз ҷойи чаҳорумро гирифтанд. Футболбозони Тунис макони мусобиқаро тарк мекунанд.

Ба ин тартиб, то ҳоло тимҳои миллии Мексика ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (аз гурӯҳи А), Швейтсария ва Канада(аз гурӯҳи В), Бразилия ва Марокаш (аз гурӯҳи С), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Австралия (аз гурӯҳи D), Олмон ва Кот-д’Ивуар (аз гурӯҳи Е), Нидерланд ва Ҷопон (аз гурӯҳи F), Фаронса ва Норвегия (аз гурӯҳи I), Аргентина (аз гурӯҳи J), Колумбия (аз гурӯҳи К) ба даври плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ ёфтанд.

Инчунин дастаҳои мунтахаби Босния ва Ҳерсеговигна, Парагвай, Эквадор ва Шведсия, ки бо 4-имтиёзӣ дар гурӯҳҳои худ севум шуданд, ба даври плей-офф баромаданд.

Дар 16 рӯзи мусобиқа 60 бозӣ доир гардид. 45 бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт ва 15 дидор бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид. Дар 60 бозӣ 177 гол зада шуд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 Лионел Месси бо 5 гол дар мақоми аввал аст. Ин ҳамлагари аргентинӣ, ки 24-уми июн 39-сола шуд, дар таърихи Ҷоми ҷаҳонии футбол рекорди нав гузошт.

Вай дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин бо 18 голи задааш ба ҷойи аввал баромада, аз Мирослав Клозеи олмонӣ (16 гол) пеш гузашт. Ба панҷгонаи беҳтаринҳо, инчунин Роналдо (Бразилия, 15), Герд Мюллер (Олмон, 14) ва Килиан Мбаппе (Фаронса, 14) дохиланд.

Ба рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 пас аз Лионел Месси (5 гол), Винисиус Жуниор (Бразилия), Килиан Мбаппе (Фаронса), Эрлинг Ҳоланн (Норвегия) бо чорголӣ, Брайан Бробби (Нидерланд), Дениз Ундав (Олмон), Ҷонатан Дэвид (Канада), Жоан Манзамби (Швейтсария), Исмоил Сайбарӣ (Марокаш) ва Матеус Куня (Бразилия) бо сеголӣ шомиланд.

Натоиҷи бозиҳои марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 ва мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳҳо:

Гурӯҳи А

Мексика – ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) – 2:0

Кореяи Ҷанубӣ – Ҷумҳурии Чех – 2:1

Мексика – Кореяи Ҷанубӣ – 1:0

Ҷумҳурии Чех – ҶАҶ – 1:1

Мексика – Ҷумҳурии Чех – 3:0

ҶАҶ – Кореяи Ҷанубӣ – 1:0

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Мексика33006-09
2Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ31112-34
3Кореяи Ҷанубӣ31022-33
4Ҷумҳурии Чех20122-61

Гурӯҳи В

Канада - Босния ва Ҳерсеговина – 1:1

Қатар – Швейтсария – 1:1

Канада – Қатар – 6:0

Швейтсария – Босния ва Ҳерсеговина – 4:1

Швейтсария – Канада – 2:1

Босния ва Ҳерсеговина – Қатар – 3:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Швейтсария32107-37
2Канада31118-34
3Босния ва Ҳерсеговина31115-64
4Қатар30122-101

Гурӯҳи С

Бразилия – Марокаш – 1:1

Ҳаити – Шотландия – 0:1

Шотландия – Марокаш – 0:1

Бразилия – Ҳаити – 3:0

Марокаш – Ҳаити – 4:2

Шотландия – Бразилия – 0:3

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Бразилия32107-17
2Марокаш32106-37
3Шотландия31021-43
4Ҳаити30032-80

Гурӯҳи D

ИМА – Парагвай – 4:1

Австралия – Туркия – 2:0

ИМА – Австралия – 2:0

Туркия – Парагвай – 0:1

Парагвай – Австралия – 0:0

Туркия – ИМА – 3:2

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1ИМА32018-46
2Австралия31112-24
3Парагвай31112-44
4Туркия31023-53

Гурӯҳи Е

Кот-д’Ивуар – Эквадор – 1:0

Олмон – Курасао – 7:1

Эквадор – Курасао – 0:0

Олмон - Кот-д’Ивуар – 2:1

Курасао - Кот-д’Ивуар – 0:2

Эквадор – Олмон – 2:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Олмон320110-46
2Кот-д’Ивуар32014-26
3Эквадор31112-24
4Курасао30121-91

Гурӯҳи F

Шведсия – Тунис –5:1

Нидерланд – Ҷопон – 2:2

Нидерланд – Шведсия – 5:1

Тунис – Ҷопон – 0:4

Тунис – Нидерланд – 1:3

Шведсия – Ҷопон – 1:1

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Нидерланд321010-47
2Ҷопон31207-35
3Шведсия31117-74
4Тунис30032-120

Гурӯҳи G

Эрон – Зеландияи Нав – 2:2

Белгия – Миср – 1:1

Белгия - Эрон – 0:0

Зеландияи Нав – Миср – 1:3

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Миср21104-24
2Эрон20202-22
3Белгия20201-12
4Зеландияи Нав20113-51

Гурӯҳи Н

Арабистони Саудӣ – Уругвай – 1:1

Испания – Кабо-Верде – 0:0

Испания – Арабистони Саудӣ – 4:0

Кабо-Верде – Уругвай – 2:2

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Испания21104-04
2Уругвай20203-32
3Кабо-Верде20202-22
4Арабистони Саудӣ20111-51

Гурӯҳи I

Ироқ – Норвегия – 1:4

Фаронса – Сенегал –3:1

Фаронса- Ироқ – 3:0

Норвегия – Сенегал – 3:2

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Фаронса22007-16
2Норвегия22007-36
3Сенегал20023-60
4Ироқ20021-70

Гурӯҳи J

Аргентина – Алҷазоир – 3:0

Австрия – Урдун – 3:1

Аргентина – Австрия – 2:0

Урдун – Алҷазоир – 1:2

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Аргентина22005-06
2Австрия21013-33
3Алҷазоир21012-43
4Урдун20022-50

Гурӯҳи К

Узбекистон – Колумбия – 1:3

Португалия – ҶД Конго – 1:1

Португалия – Узбекистон – 5:0

Колумбия - ҶД Конго – 1:0

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Колумбия22004-16
2Португалия21106-14
3ҶД Конго20111-21
4Узбекистон20021-80

Гурӯҳи L

Гана – Панама – 1:0

Англия – Хорватия – 4:2

Панама – Хорватия – 0:1

Англия - Гана – 0:0

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Англия21104-24
2Гана21101-04
3Хорватия21013-43
4Панама10020-20

Дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 ҳамагӣ 48 даста ширкат дорад. Дар маҷмӯъ 104 бозӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то ҳоло 60-тоаш доир гардид.

Дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дастаҳои мунтахаб ба 12 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шуда, барои роҳ ёфтан ба плей-офф мубориза мебаранд.

Таркиби гурӯҳҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026:

Гурӯҳи A: Мексика, Африқои Ҷанубӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Чехия

Гурӯҳи B: Канада, Қатар, Швейтсария, Босния ва Ҳерсеговина

Гурӯҳи C: Бразилия, Марокаш, Ҳаити, Шотландия

Гурӯҳи D: ИМА, Парагвай, Австралия, Туркия

Гурӯҳи E: Олмон, Курасао, Кот-д’Ивуар, Эквадор

Гурӯҳи F: Нидерланд, Ҷопон, Тунис, Шведсия

Гурӯҳи G: Белгия, Миср, Эрон, Зеландияи Нав

Гурӯҳи H: Испания, Кабо-Верде, Арабистони Саудӣ, Уругвай

Гурӯҳи I: Фаронса, Ироқ, Сенегал, Норвегия

Гурӯҳи J: Аргентина, Алҷазоир, Австрия, Урдун

Гурӯҳи K: ҶД Конго, Португалия, Узбекистон, Колумбия

Гурӯҳи L: Англия, Хорватия, Гана, Панама

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, инчунин ҳашт тими натиҷаҳояшон хубтари ҷойҳои севум, дар маҷмуъ 32 даста, ба даври 1/16-ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Бозиҳои 1/16-финалӣ аз 28-уми июн то 3-юми июл, 1/8-ниҳоӣ рӯзҳои 4–7-уми июл, чорякниҳоӣ 9–11-уми июл, ниманиҳоӣ 14–15-уми июл ба нақша гирифта шудааст.

Бозии ниҳоӣ рӯзи 19-уми июл дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) доир мегардад.

Тақвими Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026

дар ИМА, Мексика, Канада (бо вақти Душанбе)

Марҳалаи гурӯҳӣ

Даври севум

27 июн

00:00. Норвегия – Фаронса

00:00. Сенегал – Ироқ

05:00. Кабо-Верде - Арабистони Саудӣ

05:00. Уругвай – Испания

08:00. Зеландияи Нав – Белгия

08:00. Миср – Эрон

28 июн

02:00. Панама – Англия

02:00. Хорватия – Гана

04:30. Колумбия – Португалия

04:30. ҶД Конго – Узбекистон

07:00. Алҷазоир – Австрия

07:00. Урдун – Аргентина

XS
SM
MD
LG