Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Туркия ба Сурия. Фаронса хостори нишасти фаврии Шӯрои амният шуд


Вазири умури хориҷии Фаронса рӯзи якшанбеи 21-уми январ хабар дод, ки Шӯрои амнияти СММ рӯзи душанбе барои баррасии вазъ дар Сурия ва ҳамлаи Туркия ба шимоли ин кишвар, нишаст баргузор мекунад.

Жан-Ив Ле Дриан, вазири умури хориҷии Фаронса дар "Твиттер"-и худ навишт, ки кишвараш хостори баргузории нишасти фаврии Шӯрои амнияти СММ дар бораи таҳаввулоти Сурия пас аз ҳуҷуми Туркия дар минтақаи Африн аст. Ӯ ҳамчунин бамборони вилояти Адлаб аз сӯи артиши Сурияро маҳкум кард ва хостори кӯмакҳои фаврӣ ба Ғута шуд, ки 400 ҳазор нафар аз сокинони он дар вазъияти сахте қарор доранд.

Вилояти Африн дар муҳосираи нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиёни Артиши озоди Сурия аст, ки аз сӯи Туркия ҳимоят мешавад.

Артиши Туркия рӯзи шанбеи 20-уми январ пойгоҳҳои ниманизомиёни курдро, ки аз сӯи Амрико ҳимоят мешаванд, дар минтақаи Африн Сурия бомбаборон кард ва рӯзи якшанбе низ бар иловаи мушакборон кардани минтақа, нерӯҳои заминии худро ба минтақаҳои зери назорати курдҳо фиристод. Туркия, ки Нерӯҳои мудофеи халқро ҳамчун гурӯҳи террористӣ мешиносад, гуфтааст, ки ҳадаф аз ин амалиёти низомӣ бо номи "Шохаи зайтун", поксозии минтақа аз "террористон" ва амн сохтани марзи Туркия бо Сурия аст.

Дар ҳамин ҳол, Амрико бо ишора ба "нигарониҳои амнияти машруъи Туркия", аз ин кишвар хостааст аз худ хештандорӣ нишон диҳад ва дар маконҳои дақиқ амалиёт анҷом диҳад, то аз талафоти ғайринизомиён пешгирӣ шавад. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико шоми рӯзи якшанбе аз ҳама тарафҳо хостааст, ки нерӯи худро ба мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" сафарбар кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" ба нақл аз се мақоми курд гузориш додааст, ки артиши Русия пешниҳод карда буд, ки назорати минтақаи Африн барои пешгирӣ аз ҳамлаи артиши Туркия, ба ҳукумати Сурия супурда шавад.

Ҳайати фармондеҳии артиши Туркия.
Ҳайати фармондеҳии артиши Туркия.

Бодрон Чиёкурд, як мушовири гурӯҳҳои курд дар шимоли Сурия, ки пайваста бо мақомҳои амрикоӣ ва русӣ мулоқот мекунад, ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, "мақомҳои Русия ба фармондеҳони ниманизомиёни курд пешниҳод карда буданд, ки вилояти Афринро ба ҳукумати Сурия таслим кунанд ва иддао кардаанд, ки ин иқдом аз ҳамлаи Туркия пешгирӣ хоҳад кард."

Як мақоми баландпояи курд, ба як телевизиони курдӣ гуфтааст, дар ду нишасте, ки чанд рӯз пеш аз амалиёти Туркия баргузор шуд, мақомҳои рус аз ниманизомиёни курд хостанд, то Афринро ба ҳукумати Сурия вогузор кунанд. Илҳом Аҳмад, як мақоми дигари курд Маскавро дар ҳуҷуми Туркия ба Африн масъул донист ва гуфт, ки онҳо ду гузина ё ихтиёр пеши курдҳо гузоштанд: ё Афринро ба ҳукумати Сурия таслим кунанд, ё инки бо ҳамлаи Туркия рӯбарӯ шаванд.

Вилояти Африн дар муҳосираи нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиёни Артиши озоди Сурия аст, ки аз сӯи Туркия ҳимоят мешавад. Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" меафзояд, ки ҳама мақомҳои курд ин пешниҳодро рад карда, ба муқовимат дар баробари ҳамлаи Туркия таъкид намуданд.

Бодрон Чиёкурд, ки ҳафтаи гузашта бо мақомҳои амрикоӣ мулоқот карда буд, изҳор дошт, мақомҳои амрикоӣ гуфтаанд, ки талоши худро карданд то Туркияро аз ҳамла боз доранд, вале Анқара қасд дорад то ин амалиётро анҷом диҳад.

Тахмин зада мешавад, ки аз 8 то 10 ҳазор ниманизомиёни курд дар минтақаи Африн ҳузур дошта бошанд. Ҳукумати Сурия ин ҳамларо маҳкум карда, аз Туркия хостааст, ки ҳарчӣ зудтар нерӯҳои худро аз ин кишвар хориҷ кунад.

XS
SM
MD
LG