Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп ба хоки Куриёи Шимолӣ қадам ниҳод ва баргашт


Ду раҳбар дар Минтақаи ҳоили ғайринизомӣ дар байни ду Куриё
Ду раҳбар дар Минтақаи ҳоили ғайринизомӣ дар байни ду Куриё

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, бо Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ дар Минтақаи ҳоили ғайринизомӣ дар байни ду Куриё даст дод ва бо ҳам гуфтӯгу мекунанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико баъди даст додан ба Ким Ҷонг Ун ба хоки Куриёи Шимолӣ қадам гузошт ва нахустин раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида шуд, ки ин корро мекунад. Баъди як даст додани дигар Трамп ва Ким ба қаламрави Куриёи Ҷанубӣ баргаштанд ва ба онҳо раиси ҷумҳури ин кишвар Мун Ҷае-ин ҳамроҳ шуд.

Доналд Трамп гуфт: “Ин як рӯзи бузург барои ҷаҳон аст ва ман аз будан дар инҷо ифтихор мекунам.” Ӯ афзуд: “Дар инҷо чизҳои бузурге иттифоқ меафтад.” Ким Ҷонг Ун гуфт, қадам ниҳодани Трамп ба хоки Куриёи Шимолӣ, “амали далерона ва собитқадамона” аст, ки нишон медиҳад, “мо мехоҳем, гузаштаи нороҳаткунандаро хотима диҳем”.

Баъди 50 дақиқаи гуфтӯгу паси дарҳои баста бо Ким, Доналд Трамп гуфт, ки ду тараф дастур додаанд, ки ҳайатҳои Амрикову Куриёи Шимолӣ музокироти шахшудаи атомиро аз сар бигиранд. Ӯ афзуд, ки ба Ким Ҷонг Ун пешниҳод кардааст, ки ба Амрико сафар анҷом диҳад.

Пеш аз парвозаш ба инҷо дар чархбол аз шаҳри Сеул пойтахти Куриёи Ҷанубӣ ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки мунтазири дидор бо Ким Ҷонг Ун аст, «то ба ӯ даст дода, салом гӯяд.» Мулоқот рӯзи 30-уми июн сурат мегирад. Мун Ҷае-ин раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ гуфт, ки Трамп ва Ким ба ҳам «дасти сулҳ медиҳанд.»

Ду раҳбар дар гузашта ду бор дар бораи даст кашидани Куриёи Шимолӣ аз силоҳҳои атомӣ гуфтӯгу кардаанд. Ҳарчанд Доналд Трамп ва Ким Ҷонг Ун баъди ин мулоқотҳо ҳамдигарро ситоиш кардаанд, вале дар масъалаи орӣ кардани нимҷазираи Куриё аз силоҳи атомӣ пешрафти ночизе ҳосил шудааст.

Доналд Трамп баъди ширкат дар нишасти сарони кишварҳо Гурӯҳи 20 дар шаҳри Осака дар Ҷопон рӯзи 29-уми июн ба Сеул омад ва баъди мулоқот бо раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ гуфт, ки мехоҳад, бо Ким Ҷонг Ун дар Минтақаи ҳоили ғайринизомӣ гуфтӯгу кунад. Пхенян гуфт, ин як пешниҳоди «аҷиб» аст.

XS
SM
MD
LG