Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп аз аврупоиҳо хост, садҳо ҷангҷӯи ДОИШ-ро “пас бигиранд”


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – эълон кард, ки гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ дар ҳоли фурӯпошист ва аз кишварҳои аврупоӣ хост, садҳо тан аз ҷангҷӯёни боздоштшударо “пас бигиранд”.

Трамп рӯзи 16-уми феврал дар “Твиттер” навишт, “Амрико аз Бритониё, Фаронса, Олмон ва муттаҳидони дигари аврупоӣ мехоҳад, то беш аз 800 ҷангҷӯи ДОИШ-ро, ки мо дар Сурия дастгир кардем, пас гирифта ва муҳокима кунанд.”

Раиси ҷумҳури Амрико навишт, “интихоб ё гузинаи дигар чандон муносиб нест ва он ҳам ин аст, ки маҷбур хоҳем буд, онҳоро раҳо кунем.” Вай афзуд, “Иёлоти Муттаҳида моил нест, шоҳиди нуфузи афроди ДОИШ дар Аврупо бошад. Ҷое, ки интизор меравад ба он бираванд.”

Ба қавли Доналд Трамп, Амрико пас аз пирӯзии сад дар садӣ ба “хилофат” аз Сурия хориҷ хоҳад шуд.

Кишварҳои аврупоӣ ва кишварҳои дигари ҷаҳон дар солҳои гузашта аз сафари шаҳрвандони худ ба Сурия барои пайвастан ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” хабар дода буданд. Дар баъзе маврид маълумоте низ дар бораи ин афрод эълон шудааст.

Барои мисол, 1400 тан аз Фаронса, 750 нафар аз Бритониё ва 400 нафар аз Олмон, ки гуфта мешавад ба сафи ДОИШ пайвастаанд.

Ба гузориши Кумисюни аврупоӣ байни солҳои 2011-2014 дар маҷмуъ 42 ҳазор нафар ба ДОИШ пайвастаанд, ки наздик ба панҷ ҳазор нафари онҳо аз қораи Аврупо ҳастанд.

Баъзе аз нафарони ДОИШ тайи солҳои гузашта кушта шудаанд. Шуморе боздошт ва бино ба гузоришҳо бархе аз онҳо талош кардаанд ба кишвари аслии худ бозгарданд. Мавзӯе, ки нигарониҳои густардаеро сабаб шудааст.

“Хилофат”-е, ки соли 2014 аз тарафи Абубакри Бағдодӣ эълон шуда буд, зоҳиран ба поёни худ наздик расидааст. Бағдодӣ он сол дар масҷиди мутааллиқ ба даврони асрҳои миёна дар шаҳри Мавсили Ироқ худро “халифа” эълон кард ва гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро бунёд гузошт.

Ин гуруҳ сарзаминҳои густардаеро аз шимоли ғарби Сурия то наздикии Бағдод бо ду миллион ҷамъият таҳти итоат дошт. Ироқ соли гузашта аз пирӯзии комил ба ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” хабар дод ва ҳоло ҳама чашму гӯш ба сӯи Сурия аст, то хабари пурра саркӯб шудани ДОИШ-ро бишнаванд.

Рӯзи шанбе яке аз фармондеҳони нерӯҳои демократии Сурия гуфт, онҳо дар остонаи фатҳи охирин сангари ҷангҷӯёни ДОИШ дар Сурия ҳастанд. Вай гуфт, дар чанд рӯзи оянда, яъне муддати хеле кӯтоҳ, хабари хуби поёни ДОИШ-ро дар ҷаҳон мунташир хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG