Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп: "Толибонро ба ҳадди бесобиқа кӯбидем"


Доналд Трамп, президенти Амрико
Доналд Трамп, президенти Амрико

Доналд Трамп, президенти Ийолоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, ки Толибони мусаллаҳ иштибоҳи бузургеро анҷом доданд ва дар натиҷа, акнун ба гунаи бесобиқае ҳадаф қарор гирифтаанд.

Трамп афзуд, ки Толибон ҳоло ба натиҷае расидаанд, ки дар муомила бо ӯ иштибоҳ кардаанд.

Ӯ ин суханро рӯзи 20-уми сентябр дар ҷараёни дидор бо сарвазири Австралия дар Қасри Сафед ба хабарнигорон гуфт.

Президент Трамп гуфт, ки ба далели ҳозир нашудани Толибон ба барқарории оташбас ӯ музокирот бо ин гуруҳро лағв кард.

Трамп дар посух ба суоли як хабарнигор дар ин маврид гуфт: “Ман барои дидор бо Толибон омодагии комил доштам, аммо замоне дарёфтам, ки онҳо ҳозир ба оташбас нестанд, ба худ гуфтам, чаро пас бояд заҳмат бикашам.”

Ба гуфтаи президенти Амрико, гуруҳи Толибон ба ҳадде “кӯбида шуданд”, ки собиқа надорад.

Ӯ гуфт: "Мо дар Афғонистон ба Толибони мусаллаҳ тавре зарба ворид кардем, ки дар 19 соли ахир собиқа надорад. Онҳо сахт зарба хурданд. Манобеи мӯътабар бароям гуфтанд, ки Толибон мегӯянд, дар муомила бо ин мард иштибоҳ кардем. Онҳо иштибоҳ карданд.”

Президенти Амрико 9-уми сентябр пас аз як инфиҷори маргбор дар шаҳри Кобул, ки дар он як сарбози амрикоӣ ва 11 сокини одӣ кушта шуд, музокирот бо ин гуруҳро қатъ кард.

Доналд Трамп гуфт, ки “Толибон фикр мекунанд, ки куштани мардум нишонаи қуввати онҳост”.

Ба гуфтаи ӯ, замоне аз кушта ва захмӣ шудани одамон дар он ҳамла бохабар шуд, ба натиҷае расид, ки гуфтугӯ бо Толибон фоида надорад.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш як намояндаи Толибон дар Қатар гуфт, ки дари музокирот бо ҳайати амрикоӣ ҳанӯз боз аст.

Залмай Халилзод, намояндаи хоси Вазорати хориҷаи Амрико барои сулҳ дар Афғонистон пеш аз ин гуфта буд, ки музокирот бо Толибон ниҳоӣ мешавад. Аммо пас аз қатъи музокирот ӯ ба Амрико бозхонд шуд.

Халилзод рӯзи 19-уми сентябр ба аъзои равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрико дар мавриди музокироти худ бо Толибон ҳисобот дод. Ин сӯҳбат пушти дарҳои баста сурат гирифт ва ҷузъиёташ маълум нест.

Пас аз қатъи музокирот Толибон эълон карданд, ки амалиёти ҷангӣ дар Афғонистонро бештар мекунанд.

Хабаргузории Ройтерс гуфтааст, пас аз қатъи музокирот, дар ду ҳафтаи ахир, дар ҳамлаҳо 331 нафар маҷрӯҳ ва 96 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG