Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мурофиаи Раҳмат Оқилов -- гумонбар дар ҳамлаи Стокҳолм


Раҳмат Оқилов, гумонбар дар ҳамлаи Стокҳолм.

Гумонбар дар ҳамлаи хунин бо мошини борбар дар моҳи апрели соли 2017 дар Шведсия, дар рӯзи аввали мурофиа дар додгоҳи Стокҳолм ба гуноҳи худ эътироф кард. Ҳангоми мурофиа дар рӯзи 13-уми феврал, вакили дифои Раҳмат Оқилов гуфт, ин шаҳрванди 39-солаи Узбекистон ба ҳадафи эҷоди “тарс” ва маҷбур кардани Шведсия барои берун шудан аз эътилофи таҳти раҳбарии Амрико алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ”, даст ба ин кор задааст.

Солҳои ахир чанд ҳамла бо мошинҳои борбар дар Аврупо ва Амрико ба раҳгузарон анҷом шуд. Маргбортарини онҳо моҳи июли соли 2016 дар Рӯзи миллии Фаронса дар шаҳри Нитса рух дод, ки бар асари он 86 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Оқилов, ки бо дастони баста ва дар миёни тадобири шадиди амниятӣ ба додгоҳ ҳозир шуд, ба рабудани як мошини борбар ва пахш кардани анбӯҳи раҳгузарон дар шаҳри Стокҳолм дар рӯзи 7-уми апрели соли гузашта, муттаҳам мешавад.

Дар ин ҳодиса панҷ нафар, аз ҷумла як духтари 11-сола, инчунин як марди 41-солаи бритониёӣ ва як зани 31-сола аз Белгия ҷон бохтанд. Оқилов ҳамчунин ба қарор додани ҷони 150 нафар дар маърази хатари марг ва ё осеби ҷиддӣ, муттаҳам мешавад. Бисёре аз қурбониёни ин ҳодиса ба осебҳои доимӣ монанди осеби мағзӣ ва мушкили шунавоӣ, рӯбарӯ ҳастанд.

Айбдоркунанда барои ин муттаҳами 39-сола, ки ба гуноҳаш эътироф кардааст, ҳабси абад талаб намуд. “Оқилов мошини борбарро гирифт.... ва онро ҳамон тавр, ки додситон гуфт, рондааст. Вай панҷ нафарро ба ҳалокат расонд ва ба таври физикӣ 10 тани дигарро маҷрӯҳ кард”,- гуфт вакили дифоъ Ҷоҳан Ерикссон дар ҷараёни мурофиа дар яке аз додгоҳҳои Стокҳолм.

Ериксон гуфт, ки ҳадафи зерҳимояи ӯ эҷоди тарс буд, то Шведсия аз мушорикат дар эътилофи байналмилалии зидди гурӯҳи "Давлати исломӣ" даст бардорад. Дар ҳоли ҳозир 70 тан аз низомиёни Шведсия дар шимоли Ироқ ба тамрини нерӯҳои зидди ДИИШ машғул ҳастанд.

Тибқи ҷадвал, қарор аст Оқилов рӯзи 20-уми феврал дар додгоҳ сухани худро ироа кунад. Мурофиаи додгоҳ то моҳи май идома хоҳад кард ва дар моҳи баъдӣ ҳукми додгоҳ эълон хоҳад шуд.

То ба ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамлаи Стокҳолмро ба ӯҳда нагирифтааст. Аммо як таҳқиқоти муштараки бахшҳои тоҷикиву узбакии Радиои Озодӣ ва шабакаи хабарии Шведсия – TT маълум кард, ки Оқилов қабл аз ҳамлаи Стокҳолм, ҳангоми он ва баъдан ҳам бо шуморе аз ҷангиёни тоҷики узви гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар тамос будааст.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти Шведсия бо Душабе дар робита ба гумонбарони тоҷики узви "Давлати исломӣ", ки бо Оқилов иртибот доштанд, ҳеҷ тамосе нагирифтаанд.

Оқилов, як сохтмончӣ ва тоҷики Узбекистонӣ, ки дар соли 2016 талаби паноҳандагии ӯ аз сӯи мақомоти Шведсия радд шуд, чанд соат пас аз ҳамлаи Стокҳолм боздошт шуд. Ерриксон дар моҳи январ гуфта буд, ки зерҳимояи ӯ интизор надошт, ки аз ин ҳамла ҷони солим ба дар мебарад.

Додситон гуфт, ки гумонбар мехост “дар миёни ҷомеа ба таври густурда тарс эҷод кунад” ва “ҳукумати Шведсия ва порлумонро маҷбур кунад, то мушорикати Шведсия дар як маъмурияти омӯзишии байналмилалӣ дар Ироқ” ба ҳадафи зарба задан ба гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро мутаваққиф намояд.

Дар ҷараёни мурофиаи рӯзи 13-уми феврал навори видеои савганди вафодории Оқилов ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" намоиш дода шуд ва ҳамчунин шуморе аз гуфтугӯҳо дар WhatsApp, Telegram, Facebook ва Zello, ки аз телефони ҳамроҳи ӯ пайдо шуданд, муаррифӣ шуд.

Аз 209 нома, гуфт додситон Ҳанс Иҳрман, 16-тои он “аҷоиб” буданд, ба вижа онҳое, ки дар чатхонаи "Зелло" Оқилов бо афроде бо номҳои мустаъори Муовияи Регарӣ, Абу Оиша, Муҳаммад ва Абу Фотима сӯҳбат мекунад. Радиои Озодӣ маълум кард, ки ин номҳои мустаъор аз сӯи ҷангиёни тоҷики гурӯҳи “Давлати исломӣ” истифода мешаванд. Хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ Сироҷиддин Толибов мегӯяд, ки номҳои мустаъоре ҳастанд, ки онҳо танҳо аз сӯи афроди баландпояи гурӯҳи "Давлати исломӣ" истифода мешавад.

Ба гуфтаи муфаттиш, Оқилов дар яке тамосҳои худ дар моҳи январи соли 2017 навишта буд, “ман ҳоло кор мекунам ва пул ҷамъ менамоям ва иншоаллоҳ амалиёти истишҳодӣ (шаҳодатталабӣ) анҷом хоҳам дод”. Ӯ ҳамчунин ба яке аз мухотабони худ феҳристи ҷойҳоеро, ки бояд ҳадаф қарор диҳад, аз ҷумла калисо ва клубҳои шабонаро навишт. “Инҷо кофирон ниҳоят зиёд ҳастанд”,- навиштааст ӯ.

Ҳамла дар Нитсеи Фаронса.
Ҳамла дар Нитсеи Фаронса.

Солҳои ахир чанд ҳамла бо мошинҳои борбар дар Аврупо ва Амрико анҷом шуд. Маргбортарини онҳо моҳи июли соли 2016 дар Рӯзи миллии Фаронса дар шаҳри Нитса рух дод, ки бар асари он 86 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Шаҳрванди Узбекистон Сайфулло Соипов дар ҳамла бо мошини борбари иҷора ба анбӯҳи пиёдагардон ва дучархасаворон дар Ню-Йорк дар рӯзи 31-уми октябри соли гузашта, муттаҳам мешавад. Дар ин ҳодиса 8 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Бинобар афзоиши чунин ҳамлаҳо, муфатташ Иҳрман гуфт, ки мурофиаи Раҳмат Оқилов дар сатҳи байналмилалӣ пайгирӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG