Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ривояти зебои себ аз забони бобои Маҳмадуллоҳ. ВИДЕО


Бобои Маҳмадуллоҳ имсол талош кардааст, ки то Наврӯз дар боғчаи хурду навбунёди худ ниҳоли себ шинонад. Ба бовари ӯ, себ ҳам аз гурӯҳи дарахтонест, ки барор меорад, андӯҳро дур месозад ва табъҳоро хуш мекунад.

Тибқи боварҳо, себ махсусан ба духтарон барору бахт меовардааст. Дар бораи ин дарахт ӯ ривоятҳои зиёди дигар ҳам медонад. "Гузаштаҳо мегуфтанд, ки ҳар саҳар бояд аввал як дона себ бихӯрӣ. Себ набошад бояд 3 бор номи ин меваро ба забон орӣ."

Ниҳолшинонӣ яке аз маросимҳои мардумии марбут ба ҷашни Наврӯз аст. Дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон, ҳанӯз аз охири зимистон бо роҳандозии маъракаҳои калон, мардум ба шинондани гулу гиёҳ ва ниҳолҳои мухталиф шурӯъ мекунанд.

Ин боғбон аслан кӯшиш кардааст дар боғи назди ҳавлии худ дарахтони мевадор шинонад. Мегӯяд, ҳар кас бояд талош кунад дар баҳор ва то Наврӯз бо дастони худ ниҳол шинонад. Ба ин бовар аст, ки кас ба дарахти парвардаи худ мисли афроди наздикаш меҳр мебандад.

"Дарахт ҳам мисли як кӯдак нигоҳубини хубро талаб мекунад. Бехашро бояд нарм кард, ҳар намуд ғизо дод. Барои ҳимоя аз ҳашаротҳо, дору мезанӣ. Нигоҳубин кардан даркор. Мисли фарзанд калон шуд, ҳосил медиҳад. Ин аз қадим омадааст, ки ҳар марди солим бояд дарахт шинонад."

Ниҳолшинонӣ ҳам яке аз маросимҳои мардумии марбут ба ҷашни Наврӯз аст. Дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон, ҳанӯз аз охири зимистон бо роҳандозии маъракаҳои калон, мардум ба шинондани гулу гиёҳ ва ниҳолҳои мухталиф шурӯъ мекунанд. Аммо шинондани дарахт ҳам ба гуфтаи боғпарварон, асрори худро дорад ва бо нияти нек ба ин кор бояд дасту остин бар зад.

Ривояти зебои себро аз бобои Маҳмадулло бишнавед
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:53 0:00

Маъруфҷон Ғаниев, корманди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, дарахтшинонӣ тавре гузаштагон мегӯянд ба Наврӯз алоқамандии зич дорад, аммо як элементи муҳим ин аст, ки ниҳол бояд пеш аз фарорасии Наврӯз шинонида шаванд.

"Тавре мебинед, мо ба шинонидани дарахтони мевадиҳанда шурӯъ кардем ва чуқурие, ки барои дарахти мевадиҳанда кандем, 60 ва паҳнояш бояд 50 сантиметр бошад. Баландии ниҳол бояд 1 то 1,50 сонтиметр бошад. Танаи ниҳол ё ғафсиаш то 10-15 милиметр бошад. Ниҳоле, ки мо интихоб мекунем, бояд аз якчанд мӯякреша бошад. ҳамчунин на камтар аз 3 ё чаҳор решаи асосӣ ҳам дошта бошад."

Боварҳо ҳаст, ки дарахтон ба зиндагӣ беҳбудӣ мебахшанд ва ба гуфтаи олимон, дар канори дарахтон кас эҳсоси оромӣ ва истироҳат мекунад. Мардумшиноси тоҷик Дилшод Раҳимӣ мегӯяд, ҳар дарахт як рамзеро ифода мекунад. Дилшод Раҳимӣ мегӯяд, масалан дарахти Шамшод ё Сарв рамзи ростӣ аст, ҳатто дар адабиёт рамзи қомати маҳбуба мебошад. Ё дарахти анор бо меваҳои пурбораш, рамзи ҳаёт ва баракату фаровонӣ аст. "Мо медонем, ки дар шаби ялдо рӯйи суфра ҳатман анор мегузоранд ва анор ҳамчунин рамзи тулӯи офтоб ва сурхӣ ҳам гуфта мешавад",-мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи ин фарҳангшинос, расму нигорҳои зебое ҳам, ки маъмулан дар куртаву тоқиҳои наврӯзӣ нақш ёфтаанд, тасвири баргу гул ва буттаҳои дарахтонанд. “Намунаи дарахту бутта ва меваҳои онҳоро дар гулдузиву сӯзанӣ, тоқиву куртаҳо ҳам мебинем. Масалан дар тоқӣ кули анор, гули хор аст, ки бо ҳадафи ҳифзи соҳиби он истифода мешавад. Ё масалан дар тоқиҳо, тасвири гули бодом ҳам зиёд аст.”

Мардумшиносон мегӯянд, яке аз нишонаҳои фарорасии ҷашни Наврӯз ва баҳори нав ҳам дар дарахтон таҷассум мешавад, ки муғча мекунанду мешукуфанд. Боғпарварон бовар доранд, ҳар дарахт паҳнкунандаи нерӯест, ки ба инсон таъсиргузор аст. Онҳо барор меоранд, андӯҳро мебаранд, саломатиро беҳ намуда, ҳатто дардро коҳиш медодаанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG