Пайвандҳои дастрасӣ

"Гур сӯзаду дег ҷӯшад". Шикояти мусофирон аз нархҳои осмонӣ (ВИДЕО)


Таҷлили иди Қурбон баҳонаи наве барои афзоиши роҳкиро аз сӯи бархе аз ронандаҳо шудааст, ки дар масири Душанбе-Кӯлоб мусофир мекашонанд. Сокинон аз он нигаронӣ мекунанд, ки дар чунин рӯзҳо кори аксар ронандаҳо ҳам ба қавле "омад" карда ва аз зарурати сафари мусофирон, сӯистифода мекунанд.

Таваққуфгоҳи таксиҳои масири Душанбе-Кӯлоб дар маҳаллаи 7-ум километри пойтахт ҳам ин шабу рӯз серодам аст. Садҳо тан аз мусофирони ин масир бо иллати гаронии роҳкиро наметавонанд ба хонаҳояшон баргарданд. Нархи таксиҳои мусофиркаш барои як нафар аз 50 то 80 сомонӣ аст, ки рӯзҳои маъмулӣ сокинон бо пардохти 25 ва ё 30 сомонӣ то ба Кӯлоб мерафтанд. Ҳоло онҳое, ки мехоҳанд дар таксиҳои мусофирбари барҳаво ва дорои кондитсионер ба роҳ бароянд, бояд ҳаққи роҳкироро то 80 сомонӣ ва ё бештар аз он пардохт мекунанд.

Ҳарчанд ҳам мақомоти ҳукуматӣ ва ҳам рӯҳониён аз тоҷирону соҳибкорон даъват мекунанд, ки хайру савобро хоса дар идҳои мазҳабӣ пеша карда аз афзоиши қимати маҳсулот ва хидматрасонӣ худдорӣ кунанд, зоҳиран “қонуни бозор” дар тасмимгириҳо ғалаба мекунад.

Файзалӣ, як сокини Фархор, ки мехоҳад барои таҷлил аз Иди Қурбон ба зодгоҳаш равад, аз афзоиши нархи роҳкиро нигарон аст, чун мегӯяд, мисли рӯзҳои қабл пас аз хариди идона, ҳамагӣ 30 сомонӣ роҳкиро боқӣ гузоштааст. Вай гуфт, ҳоло бо ин миқдор маблағ наметавонад ҳатто бо автобус ва ё микроавтобус ба Фархор равад.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, як ҳафта пеш ҳамин ронандаҳо барои бурдани як мусофир то ба Фархор бо нархи 20 сомонӣ бо илтиҷо ба худравҳояшон мусофиронро даъват мекарданд. “Кай бензин қимат шудааст, ҳамин рӯз ё дирӯз? Ин ҳамааш баҳона аст. Ронандаҳо медонанд, ки мардум маҷбур ҳастанд ва бояд ба зодгоҳашон раванд, барои ҳамин роҳкироро қимат карданд”, -афзуд ӯ. Мисли Файзалӣ даҳҳо мусофири ин масир умед ба ронандаҳои савобҷӯ бастаанд, ки шояд бо нархи пасттар онҳоро ба манзил расонад.

Далели аслии болоравии роҳкироҳам таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон аст, ки аксари сокинон барои аёдати пайвандонашон аз пойтахт ба зодгоҳ мераванд. Ҳарчанд болоравии нархи роҳкиро дар ҷашну идҳо падидаи нав нест, аммо ин навбат то ду баробар афзоиш ёфтани нархи роҳкиро мусофиронро бештар нигарон кардааст. Аммо худи ронандаҳо, ки аксаран бо мошинҳои шахсӣ мусофиркашонӣ мекунанд, бо овардани далелҳои худ гаронии роҳкироро амри зарурӣ медонанд.

Муҳаммад, ронандае ки чанд сол инҷониб ба мусофиркашонӣ машғул аст, бо Радиои Озодӣ аз боло рафтани нархи роҳкиро суҳбат кард. Вай гуфт, далелаш ҳам ин аст, ки ӯ ва ронандаҳои дигар аз Кӯлоб ба Душанбе аз камбуди мусофир холӣ меоянд ва маҷбур мешаванд аз ин масир мусофиронро бо нархи гаронтар баранд ва хароҷоташонро пӯшонанд. Вагарна дар акси ҳол, набудани муосир аз як самт ва бо нархи арзон бурдани мусофирон ба самти дигар, ба ҷайби ӯ ва дигар ронандаҳо зарба мезанад, чун қимати сӯзишворӣ гарон аст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи мушоҳидаҳо як моҳи ахир нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон бетағйир боқӣ мондааст. Масъулони таваққуфгоҳи мусофирбарҳои масири ҷануби кишвар, ки ҳашт моҳи пеш бо қарори шаҳрдори нави Душанбе дар маҳаллаи 7-ум километри пойтахт таъсис ёфтааст, мегӯянд ба хотири кӯмак ба мусофирон, роҳҳои алтернативиро ба онҳо пешниҳод кардаанд.

Саидмӯъмин Бобоназаров, муовини раҳбари терминали мусофиркашонии Душанбе-Кӯлоб.
Саидмӯъмин Бобоназаров, муовини раҳбари терминали мусофиркашонии Душанбе-Кӯлоб.

Саидмӯъмин Бобоназаров, муовини раҳбари терминали мусофиркашонии масири Душанбе-Кӯлоб рӯзи 31-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо барои мусофиркашонӣ ҳафт автобусро сафарбар кардаанд, ки бо нархи нисбатан арзон хизмат мерасонанд. “Таксиҳо аз ҳар як мусофир 25 сомонӣ мегирифтанд, дар ин шабу рӯз ин рақам аз 60 то 70 сомонӣ боло рафтааст, мардум ҳам мехоҳанд, ки дар ид ба хонаҳои худашон раванд, вале зӯрашон намерасад. Автобусҳо бошад бо 30 ё 35 сомонӣ онҳоро мебарад, ки як баробар арзонтар аз нархи таксиҳо аст”, -таъкид кард Бобоназаров.

Аммо ҷалби автобусҳо аз сӯи маъмурияти таваққуфгоҳ ҳам натавонистааст мушкили мусофирони ин масирро осон кунад. Бархе мусофирон мегӯянд, вақте роҳкиро тавассути нақлиёти мусофиркашонии хурд то 70 ё 80 сомонӣ боло рафт, автобусҳо ҳам арзиши роҳкироро баланд кардаанд ва ҳатто аз ҷойи нишаст бештар мусофир мегиранд, ки дар гармии тобистон ва роҳи дароз осон нест.

Ҳоло аксари таксиҳои мусофирбаре, ки сокинонро ба самти шимол ва ҷануби кишвар мебаранд, тобеи ягон ширкати мусофиркашӣ нестанд, аз ин рӯ болову поин бурдани нарх ҳам ба тасмими худи онҳо вобаста аст.

Афзоиши қимати роҳкиро ёмаҳсулот дар рӯзҳои таҷлили идҳо дар Тоҷикистон бесобиқа нест. Ҳар сол бо наздикшавии идҳои Рамазону Қурбон ва соли нави милодӣ, бо афзоиши талабот нархҳо дар тӯли ду-се рӯз чанд баробар афзоиш меёбад. Ҳарчанд ҳам мақомоти ҳукуматӣ ва ҳам рӯҳониён аз тоҷирону соҳибкорон даъват мекунанд, ки хайру савобро хоса дар идҳои мазҳабӣ пеша карда аз афзоиши қимати маҳсулот ва хидматрасонӣ худдорӣ кунанд, зоҳиран “қонуни бозор” дар тасмимгириҳо ғалаба мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG