Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Бонки Русия дар бораи пайвастан ба маркази пулгузаронии Тоҷикистон


Бонки марказии Русия гуфт, қонуни ин кишвар ба пайвастани ширкатҳои интиқоли пул ба Маркази протсессингии Бонки миллии Тоҷикистон мухолифат надорад. Пештар баъзе аз шабакаҳои интиқоли пул гуфта буданд, қонунҳои Русия иҷоза намедиҳад, ки ба маркази нави пулгузаронии Тоҷикистон ҳамроҳ шаванд.

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 3-юми декабр тарзи нави интиқоли пулро аз хориҷа ба кишвар ҷорӣ кард. То кунун ба маркази нав шабакаҳои "Юнистрим" ва "Контакт" ҳамроҳ шудаанд. Мақомот рӯзи 9-уми декабр гуфтанд, ба зудӣ низоми Western Union низ мепайвандад, аммо ширкат онро тасдиқ ё рад накардааст.

Хадамоти матбуотии Бонки марказии Русия, ношири рубл ва ниҳоди танзимгари бонкҳо ва ташкилоти молиявӣ дар он кишвар, рӯзи 9-уми декабр дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ навишт: "Қонунгузории Русия ба шабакаҳои ирсоли пул, ки интиқолҳои фаромарзии маблағро амалӣ мекунанд, имкон медиҳад, ба Маркази протсессингии Бонки миллии Тоҷикистон пайваст шаванд. Зарурате барои ворид кардани тағйирот ба Қонуни федералии 161 вуҷуд надорад."

Ишораи Бонки марказии Русия ба қонуни федеролии 161 "Дар бораи низоми миллии пардохт" аст, ки ба иддаои бархе аз ширкатҳои ирсоли пул талаботи пешгузоштаи Бонки миллии Тоҷикистон барои пайвастан ба Маркази ягонаи протсессингӣ муғойир бо ин қонун аст.

Аз ҷумла, дафтари матбуоти шабакаи “Золотая корона”, ки то як ҳафта пеш 82 дарсади бозори интиқоли пул ба Тоҷикистонро зери даст дошт, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, усули коре, ки Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод дорад, бо қонуни 161 мухолифат эҷод мекунад.

Ба иддаои маъмурони ин шабака, мувофиқи қонуни мазкур маркази ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми интиқоли пул танҳо бонк ваё ташкилоти молиявие метавонад бошад, ки дар қаламрави Русия ҷойгир аст ва иҷозатномаи Бонки марказии Русияро дорад. Аммо бинобар шакли коре, ки Бонки миллии Тоҷикистон тақозо дорад, низомҳои интиқол бояд дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоб кушода, маблағи баробар ба якмоҳаи интиқолро захира кунанд. Талаботе, ки сабаби асосии ихтилоф миёни Бонки миллӣ ва баъзе аз низомҳои интиқолдиҳандаи русӣ шудааст.

Мария Михайлова, раиси Анҷумани миллии пардохтҳои Русия, ки шабакаҳои интиқоли пул узви он ҳастанд, гуфт, он ширкатҳое, ки тақозоҳои Бонки миллии Тоҷикистонро пазируфта, шомили маркази протсессингӣ шудаанд, риски нақзи қонунгузории Русияро ба дӯш гирифтаанд.

“Мувофиқи қонун дар бораи низомҳои пардохт танҳо бонке, ки дар қаламрави Русия қарор дорад, метавонад, ба ҳайси маркази ҳисоббаробаркунӣ истифода шавад. Дар сохте, ки ҳоло ҷорӣ мешавад, Бонки миллии Тоҷикистон амалан ба маркази ҳисоббаробаркунӣ табдил меёбад, ки ин нукта ба қонун дар Русия мухолифат дорад”, -- мегӯяд Михайлова.

Аммо ҳамакнун Бонки марказии Русия расман эълон дошт, ки пайвастани шабакаҳои ирсоли пули он кишвар ба маркази протсессингии Тоҷикистон мухолиф нест.

Аз ширкатҳои русӣ то ба ҳол танҳо “Юнистрим” ва “Контакт” ба маркази созмондодаи Бонки миллии Тоҷикистон пайвастаанд. “Золотая корона” бузургтарин шабакаи интиқоли пул ба Тоҷикистон бо иддаои оне ки талаботи Тоҷикистон мухолифи қонунҳои Русия ҳаст, шомили ин марказ нашудааст ва амалан дар Тоҷикистон аз кор монд.

Бонки Миллии Тоҷикистон дар изҳороти охираш аз сокинон хост, ки пули худро аз хориҷа танҳо ба воситаи низомҳои "Юнистрим" ва "Контакт" фиристанд ва аз хадамоти шабакаҳои дигар, аз ҷумла "Золотая корона", муваққатан даст кашанд. Тасмими ахири Бонки миллӣ бисёриҳоро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, дар интиқоли пул аз хориҷа ба Тоҷикистон ё баръакс мушкил доранд.

Мақомоти Бонки миллӣ ҳадаф аз тасмими ахирро «беосеб расондани пули муҳоҷирон ба наздиконашон» донистанд. Аммо баъзе аз коршиносон ҳадафи асосӣ будани ин тасмимро зери суол мебаранд. Онҳо мегӯянд, зоҳиран Бонки миллӣ мехоҳад, ба бозори калони интиқоли пул, ки танҳо дар нӯҳ моҳи ахир аз Русия ба Тоҷикистон наздики 2,5 миллиард доллар фиристода шудааст, шарик шавад ва ё ин бахшро пурра зери инҳисори худ бигирад. Чизе, ки мақомоти Бонки миллӣ тасдиқ намекунанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG