Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ба хуруҷи Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дастур дод


Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ба хуруҷи кишвараш аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дастур дод. Ӯ ҳамчунин хостааст, ёриҳои Амрико ба Оҷонси имдодрасонии СММ ба оворагони фаластинӣ ё UNRWA бас карда шавад.

Трамп ин дастурро рӯзи 4-уми феврал содир кард. Ин дастур ҳамзамон бо сафари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба Вашингтон сурат гирифт.

Нетаняҳу ҳамеша аз Оҷонси имдодрасонии Созмони Милал ба оворагони фаластинӣ (UNRWA) интиқод карда, кормандони онро ба "даст доштан дар иқдоми террористӣ алайҳи Исроил" муттаҳам кардааст.

Трамп дар давраи аввали раҳбарии худ дар солҳои 2017-2021 низ дастур дода буд, ки кумакҳои молӣ ба Оҷонси имдодрасонии СММ ба оворагони фаластинӣ қатъ шавад.

Ҳукумати Доналд Трамп ҳамчунин гоме ба сӯи хуруҷи Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ бардошт ва ин ниҳодро ба тасмимгириҳо алайҳи Исроил ва бесалоҳиятӣ муттаҳам кард.

Амрико дар ҳоли ҳозир узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ нест. Ин кишвар дар давраи раёсати ҷумҳури Ҷо Байден тайи як давраи дусола аз соли 2022 то 2024 узви ин ниҳод, қароргоҳаш дар Женева, буд.

Яке аз гурӯҳҳои кории ин Шӯро қарор аст, ки охири имсол гузаштаи ҳуқуқи башарии Амрикоро баррасӣ кунад. Раванде, ки ҳар чанд сол як бор ҳамаи кишварҳоро дар бар мегирад.

Иҷрои тасмимҳои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ҳарчанд ҳатмӣ нест, дорои вазн ва эътибори сиёсист ва метавонад фишорҳои ҷаҳониро ба давлатҳо барои тағйири сиёсатҳояшон афзоиш диҳад.

Оқои Трамп аз оғози давраи дувуми раёсатҷумҳурии худ дастури хуруҷи Амрико аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Паймони иқлимии Порисро низ додааст.

Амрико бузургтарин пуштибони молии Оҷонси имдодрасонии СММ ба оворагони фаластинӣ буд, солона 300 то 400 миллион доллар ба ин ниҳод кӯмак мекард.

Аммо Ҷо Байден дар соли 2024 пас аз он, ки Исроил кормандони Оҷонси имдодрасонии СММ ба оворагони фаластиниро муттаҳам ба даст доштан дар ҳамлаи 7-уми октябри соли 2023 кард, кӯмакҳои молиашро ба қатъ кард.

Пас аз он, Конгресси Амрико ҳам ба таври расмӣ кӯмаки молии Вашингтон ба Оҷонси имдодрасонии СММ ба оворагони фаластиниро то моҳи марти соли 2025 ба таъхир андохт.

Ҳадафи Оҷонси имдодрасонии СММ ба оворагони фаластинӣ, фароҳам овардани имкониятҳои омӯзишӣ, беҳдоштӣ ва кӯмакҳо ба миллионҳо фаластинӣ дар Ғазза, Каронаи бохтарӣ, Сурия, Лубнон ва Урдун аст.

Созмони Милали Муттаҳид эълон кардааст, ки 9 нафар аз кормандони Оҷонси имдодрасонии СММ ба оворагони фаластинӣ, эҳтимолан дар ҳамлаҳои 7-уми октябр даст доштаанд ва онҳоро ихроҷ кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG