Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп аз "мулоқоти эҳтимолӣ" бо Зеленский хабар дод


Владимир Зеленский ва Доналд Трамп
Владимир Зеленский ва Доналд Трамп

Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини Амрико, ки дигарбора барои дарёфти ин мақом вориди рақобат шудааст, аз эҳтимоли мулоқоташ бо президенти Украина Владимир Зеленский хабар дод.

Интизор меравад, Зеленский ҳафтаи оянда барои суханронӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал ба Иёлоти Муттаҳида биравад.

Трамп рӯзи чоршанбе ҷузъиёт надод, ки дар гуфтугӯ бо Зеленский кадом масъалаҳоро баррасӣ хоҳад кард. Вай пештар ёриҳои кишварашро ба Киев танқид карда буд.

Баъзе аз раҳбарони ҷаҳон, ки дар моҳҳои охир барои нишасту мулоқот бо президент Ҷо Байден ба Иёлоти Муттаҳида рафта буданд, бо Доналд Трамп низ гап задаанд.

Владимир Зеленский шоми 18-уми сентябр гуфт, Украина нақшаи худро барои хатми ҷанг бо Русия пурра омода кардааст ва муҳимтар аз ҳама ҳоло тасмим дорад онро амалӣ кунад. Вай дар паёме ин нақшаро "муваффақ" ва амнияти дарозмуддатро дар тамоми Аврупо зарур донист.

Зеленский мехоҳад ҳангоми сафараш ба Амрико нақшаи сулҳро бо президент Ҷо Байден ва ду номзад – Камала Ҳаррис аз Ҳизби Демократ ва Доналд Трамп аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ – дар миён гузорад.

Русия дар моҳи феврали соли 2024 ба хоки Украина ҳамла кард ва даргирӣ аз он замон идома дорад.

XS
SM
MD
LG