Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мурофиаи хатмкардаи донишгоҳи Зоҳидон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи Ҳабибулло Идиев, фориғултаҳсили донишгоҳи Зоҳидони Эрон ва маҳбуси пешини зиндони «Пули Чархӣ» оғоз кардааст.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи Ҳабибуло Идиев рӯзи панҷшанбеи 9-уми январ зимни тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки мурофиаи зерҳимояаш, ки қаблан дар зиндони "Пули Чархӣ"-и Афғонистон маҳкум шуда буд, дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ба таври пушида оғоз шудааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Ёров, вай зимни мурофиа талаб кардааст, ки нусхаи ҳукми додгоҳи Афғонистон дар мавриди 1 солу 8 моҳ маҳкум шудани Ҳабибуло Идиев барои «марзшиканӣ» дар соли гузашта дастрас ва дар ихтиёри Додгоҳи олии Тоҷикистон қарор бигирад.

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар авввали моҳи декабр парвандаи Ҳабибуло Идиев, фориғутаҳсили донишгоҳи Зоҳидони Эронро, ки дар Боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад, махфӣ намуда пас аз баррасӣ бо айбдории ба моддаи 187 Кодекси ҷиноӣ дар ҳамкорӣ бо созмони "Ансоруллоҳ", ахиран ба Додгоҳи олӣ ирсол доштааст.

Ҳабибулло Идиев тақрибан дар моҳи апрел вақте, ки аз маҳбаси «Пули чархи»-и Афғонистон раҳо шуда бо мусоидати сафоратхонаи Тоҷикистон дар Кобул ба Душанбе интиқол ёфт, баробари ба замин нишастани ҳавопаймо, дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд.

Идиев дар забонхати худаш навиштааст, ки қаблан барои таҳсили улуми исломӣ аз Русия ба Миср рафта ва аз онҷо ба Эрон омад ва дар Зоҳидон дар яке аз донишгоҳҳо ба омӯзиши улуми исломӣ пардохт. Ӯ баъди хатми донишгоҳ дар соли 2009 барои таблиғи ислом сафарҳоеро дар шаҳристонҳои Эрон анҷом додааст. Аммо Идеив тасодуфан паспорти хориҷиашро гум кард ва мехост аз тариқи Покистон ба Афғонистон ва аз онҷо ба Тоҷикистон убур кунад. Аммо дар Бадахшони Афғонистон аз тарафи мақомоти амниятии ин кишвар боздошт ва барои вайрон намудани марз аз ҷониби додгоҳи ин кишвар, барои 1 солу 8 моҳ зиндонӣ шуд.

Ба қавли Бузургмеҳр Ёров, дар ибтидо мақомоти амниятии Афғонистон ӯро ҷосуси Русия, сипас ҷосуси Эрон ва баъдан як гумоштаи Толибон эълон карданд. Аммо дар ниҳояти амр аз ин иттиҳомот даст кашида, Идиевро барои убури ғайриқонунии марз зиндонӣ карданд.

Тавре Ҳабибулло Идиев ба вакили мудофеаш гуфтааст, пас аз раҳоияш аз зиндони «Пули чархӣ», созмони Салиби Сурх ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башар гӯё имкони идомаи зиндагӣ дар кишварҳои ғарбиро ба ӯ пешкаш кардаанд, аммо ӯ гӯё розӣ нашудааст. Модараш Сунбула Идиева мегӯяд, ки бисёр мехоҳад мақомоти масъул фарзандашро раҳо кунанд ва ӯ ба назди пайвандонаш баргардад.
XS
SM
MD
LG