Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Атласи "Маde in Qurghonteppa" вориди бозор мешавад (ВИДЕО)


Мавлуда Холиқова, як сокини ноҳияи Вахш, дар синнии 59-солагӣ тасмим гирифт, ки мақоми соҳибхоназанро ба зани ҳунарманд тағйир диҳад.

Мавлуда Холиқова, як сокини ноҳияи Вахш дар синни 59-солагӣ тасмим гирифт мақоми соҳибхоназанро ба зани ҳунарманд тағйир диҳад. Ӯ ҳоло ҳунари атлабу адрасбофиро дар шаҳри Қӯрғонтеппа меомӯзад ва мегӯяд, солиёни зиёд бо ақидаи “зан – соҳиби хона” зиндагиро пеш мебурд. вале дар ин охирҳо хост, ки ба куллӣ зиндагиашро дигар кунад. Ӯ яке аз 15 занест, ки аз нуқоти мухталифи шаҳри Қӯрғонтеппа омада дар маркази вижаи атласбофии Анҷумани миллии занони соҳибкори Тоҷикистон дарс мегирад.

Занони Хатлон ҷойҳои кории нав меофаранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

“Зиндагӣ маҷбур мекунад, ки ягон кор пайдо карда зиндагиро пеш барӣ. Ман хонанишин будам, хостам, ки омӯзиш гирам ва ба Вахш рафта дар ноҳияи худам ҳамин корро ба дигар занони бекор омӯзонам. Дар зиндагӣ камбудӣ кам нест, омӯхтан барои ҳар як зан хуб аст. Бовар дорам, ки мо бофтани атласу адрасро омӯзем, бозораш хуб мешавад", мегӯяд Мавлуда.

Гулбаҳор, як зани хонанишини дигари сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ҳоло

баъди 13 рӯзи дарс бохушнудӣ мегӯяд, ки баъди гирифтани шаҳодатнома базудӣ метавонад аз паси ҷустуҷӯи кор шавад. Гулбаҳор мегӯяд, рӯз ба рӯҳ ҳис мекунад, ки салиқаву ҳунари кориаш бештар мешавад, дилаш ба зиндагӣ гарм ва ҳам умеде барои беҳтар шудани ояндаи рӯзгораш меафзояд.

Зимнан, ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа ваъда додааст, ки баъди анҷоми дарсҳои омӯзишӣ, барои ин гурӯҳи занҳо коргоҳи атласу адрасбофиро таъсис медиҳад, то дар оянда занони ҳунарманди ин шаҳри ҷанубии Тоҷикистон тавонанд атласу адраси “Made in Qurghonteppa”-ро истеҳсол кунанд.

Солеҳамо Қосимова, муовини раиси шаҳри Қурғонтеппа, ифтитоҳи ин марказро барои занон дар ин шаҳр саривақтӣ ва ташабуси муҳим арзёбӣ намуд. Зимнан, омӯзгори занони атласбофи хатлонӣ Асадулло Наҷмиев, соҳибкоре будааст, ки дар шаҳри Хуҷанд коргоҳи атласу адрасбофӣ дорад. Ӯ бо даъвати Анҷумани миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ба Қӯрғонтеппа омада дарс медиҳад.

Анҷумани миллии занони соҳибкори Тоҷикистон бо пуштибонии Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналхалқӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон лоиҳаи “Соҳибкории бонувон - воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон”-ро амали мегардонад. Ҳадафи ин лоиҳа ҷалби занон ба фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG