Дар як санади Вазорати молияи Тоҷикистон, ки Радиои Озодӣ ба он шинос шуд, омадааст, ки ҳаҷми умумии қарзу грантҳое, ки интизор меравад Тоҷикистон соли 2025 бигирад, камтар аз 10,7 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ин дар муқоиса ба ҳаҷми қарзу грантҳои тасдиқшуда барои соли ҷорӣ беш аз 720 миллион сомонӣ кам мебошад.
Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистон дар назар дорад, ки 4 милларду 272 млн сомонӣ қарз дарёфт кунад, ки 370 млн сомонӣ камтар аз соли ҷорист. Гирифтани маблағи грант бошад соли 2025 дар ҳаҷми 6,4 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки аз нишондоди соли равон қариб 352 млн сомонӣ камтар аст.
Вазорати молия муҳлати баргардонидани қарзҳо ва шарту шароити онҳоро шарҳ надодааст.
Масъалаи қарзи хориҷӣ ва тарзи истифодаву баргардондани он дар Тоҷикистон ҳамеша як мавзӯи нигаронкунанда будааст.
Бахусус қарзҳои ҳангуфти Чин, ки шарту шароиташ расман эълон намешавад. Мақомот борҳо гуфтаанд, ки нигароние вуҷуд надорад. Расонаҳои ҷаҳонӣ намунаи Шри Ланкаро пеш меоранд, ки дар ивази қарзҳо корхонаву бандарҳояшро дар ихтиёри Чин гузошт.
Тибқи оморҳои ахири Вазорати молия, қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1-уми июли соли 2024 ба 3,2 миллиард доллар расидааст, ки аз он ҳудуди 890 миллионаш аз Чин мебошад.