Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои пешгирӣ аз сирояти "Нипаҳ" чӣ кор мекунад?

Хуруҷи беморӣ дар Ҳинд мушоҳида шудааст.
Хуруҷи беморӣ дар Ҳинд мушоҳида шудааст.

Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз сирояти вируси нави хатарноки ҳиндии “Нипаҳ” дар фурудгоҳи Душанбе мусофиронро муоинаи тиббӣ мекунад.

Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбариаш дар Душанбе сӯҳбат кард. Ӯ гуфт: “Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ хато накунам, 1500 то 2 ҳазор донишҷӯ аз Ҳиндустон таҳсил мекунанд. Аз инҳо агар хато накунам, ё 12 нафар ё 20 нафарашон дар Ҳиндустон таҳсил мекунанд. Барои пешгирӣ аз бемории “Нипаҳ” дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҳароратсанҷҳои фосилавӣ гузоштем. Мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар он ҷо ҳар як нафареро мегузарад назорат мекунад. “

Вазири тандурустӣ гуфт, нишонаҳои вируси нав, баландшавии ҳарорат, қай кардан ва беҳолӣ аст. Ӯ афзуд, дар сурати пайдо шудани ин нишонаҳо нафари гумонзад ба карантин гирифта мешавад: Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон: “Дар ҳолати сар задани ин беморӣ дар Тоҷикистон мо шартнома имзо кардаем, байни вазорати тандурустӣ ва Роспотребнадзори Русия барои дастрас кардани тестҳо барои 222 лабораторияи вирусологии кишвар. Тестҳоро ворид мекунем, барои омодагӣ, барои сари вақт ташхис кардани ин беморӣ.”

Вазорати тандурустӣ гуфт, зукоме, ки ҳоло дар Тоҷикистон паҳн шудааст, аз вируси навъи ҳонконгӣ аст. Ӯ афзуд:”Вируси гонконгӣ як намуди вирусе ҳаст, ки зуд паҳн мешавад. Баъд ориза медиҳад. Ба кӣ ориза медиҳад, ба он нафароне, ки дар давраи Ковид буд, онҳое, ки масунияти пасти бадан доранд. Мо муқоиса кардем, ки паҳншавии бемории шадиди роҳҳои нафас, аз он ҷумла бемориҳои вирусӣ дар байни кӯдакон ва дар байни калонсолон низ таҳлилҳо гузаронидем. Тадқиқот нишон дод, ки дар байни кӯдакон мо дар соли 2025- 298 247 бемории шадиди роҳҳои нафас дар байни кӯдакон доштем, ки нисбат ба як соли пеш 41 155 беморӣ камтар. Вале миқдори беморон дар байни калонсолон бошад, зиёда аз 95 ҳазор нафар гирифтори бемории шадиди роҳҳои нафас гаштанд, дар муқоиса ба як соли пеш 1200 адад зиёдтар аст.”

Вируси “Нипаҳ”, ба сабаби бори аввал дар канори дарёи ҳамноме дар Малайзия кашф шуданаш, чунин номгузорӣ шудааст. Бори аввал соли 1999 дар одам онро ташхис кардаанд. Аз он рӯз то кунун ҳамагӣ 13 мавриди хуруҷи он мушоҳида шудааст.

Дар Ҳиндустон бори сеюм аст, ки хуруҷ мекунад ва аз ин рӯ онро баъзан "вируси ҳиндӣ" низ меноманд. Аз ҳама бештар дар Бангладеш паҳн шудааст. Сатҳи марг дар гирифторони ин вирус аз 40 то 75 дарсад гуфта мешавад, ки хеле бештар аз COVID-19 аст.

Вируси "Nipah" моҳи январи имсол дар Ҳиндустон дигарбора хуруҷ кард ва тибқи иттилои расмӣ то кунун панҷ мавриди сирояти он тасдиқ гардида, ҳудуди 100 нафари дигар карантин шудаанд.

XS
SM
MD
LG