Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давоми достони набераҳои дар Афғонистон мондаи холаи Қурбоной


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон талош дорад, роҳҳои қонунии бозгардонии набераҳои Қурбоной Ҷӯрахоноваро аз Афғонистон ба Тоҷикистон пайдо кунад.

Намояндаи расмиии вазорат мегӯяд, барои ин бояд дар қадами аввал хонуми Ҷӯрахонова ҳамаи ҷузъиёти қазия ва санадҳои мавҷударо дар ихтиёри мақомоти Тоҷикистон гузорад. Сухан аз сарнавишти ду кӯдак аст, ки пас аз фавти модарашон дар деҳаи Обигандаи улусволии Роғи Афғонистон ҳамроҳ бо падари афғонашон зиндагӣ мекунанд.

Наздикони модари тифлон -- Сурайё Сафароваи 36-сола, ки қабл аз издивоҷаш бо шаҳрванди Афғонистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба сар мебурд, мегӯянд, Сурайё дар пайи латукӯби бераҳмонаи шавҳари афғонаш фавтидаааст. Аммо шаҳрванди Афғонистон -- Расул валади Рашид ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, Сурайё пас аз таваллуди кӯдак бар асари бемории хунравӣ бемор шуд. Сурайё Сафарова моҳе пеш аз Афғонистон дар ҳолати беҳушӣ ба Тоҷикистон оварда шуд ва пас аз ҳафтае дар ватан ҷон дод.

Абдулфайз Атоев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 16-уми апрел гуфт, ҳарчанд, модари ин зани фавтида -- Қурбоной Ҷӯрахонова барои баргардонидани наберагонаш расман ба мақомот муроҷиат накарда бошад ҳам, вазорат аз қазия огоҳ аст ва роҳҳои қонунии ҳали мушкил меҷӯяд.

Ҷаноби Атоев афзуд, агар воқеан, кӯдакон шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошанд, бозгардони онҳо ба ватан имконпазир хоҳад буд: «Ҳоло ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор додаем ва агар воқеан, кӯдакон аснод дошта бошанд, тариқи мақомоти Афғонистон баргардонданашон имкон дорад. Дар ватан онҳоро наздиконашон қонунан ба парасторӣ бояд қабул кунанд ва бархе ҳуҷҷатгузориҳои дигар анҷом дода мешавад.»
Абулфайз Атоев
Абулфайз Атоев


Ин ҳам дар ҳолест, ки хоҳари Сурайё Сафарова, Шоира мегӯяд, имрӯз нафаре, ки худро тариқи телефон намояндаи консулгарии Тоҷикистон дар Бадахшони Афғонистон муаррифӣ кард, бо онҳо сӯҳбат кардааст. Хонум Сафарова гуфт, намояндаи консулгарии Тоҷикистон хостааст, то модаркалони тифлон расман ба ин ниҳод муроҷиат кунад.

Дар посух ба ин пайвандони Сурайё Сафарова мегӯянд, онҳо расман аз мақомоти Тоҷикистон, ба хусус вазорати корҳои хориҷӣ хоҳанд хост, то ба бозгардони кӯдакон мусоидат кунанд. Онҳо меафзоянд, дар зодномаи ҳарду кӯдак падарии Расул валади Рашид зикр нашуда, номи хонаводагии онҳо дар аснод Сафаровҳо мебошад.

Ҳамзамон Қурбоной Ҷӯрахонова, модари ин зани фавтида гуфт, пас аз нашри матлаб дар «Озодӣ» домоди афғонаш низ бо ӯ тамос гирифтааст ва гуфтааст, ки омодаааст, фарзанди бузургашро ба Тоҷикистон равон кунад. Аммо ин зан мегӯяд, ҳар шаб хоб мебинад, ки се наберааш, ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва яки дигаре, ки ду моҳи пеш таваллуд шуда буд, зиндагии сангин доранд ва духтараш аз ӯ дар хоб хоҳиш мекунад, то фарзандонашро ба ватан баргардонад:

«На танҳо дар хоби ман, балки дар хоби падару хоҳаронаш ҳам худораҳматӣ медарояд. Хоб дидам, ки шири хушки духтарчаи хурдиаш чаппа шудааст ва мегиряд. Духтарам мегӯяд, ки кӯдакамро сер кун. Барои ҳамин мо мехоҳем, ки онҳоро баргардонем.»

Аммо Расул валади Рашид, шавҳари Сурайё Сафароваи фавтида дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки наздикони ҳамсараш ӯро дар лату кӯби духтарашон гумонбар медонанд. Расул гуфт, ки тасмим дорад, то фарзанди 16-солааш Машраб Сафаровро ба Тоҷикистон равон кунад.

Зимнан, тасмими баргардонидани набераҳояшро Қӯрбоной Ҷӯрахонова дар ҳоле гирифтааст, духтараш, ки шавҳари афғон дошт, дар ҳолати беҳушӣ ба ватан баргашта, инҷо ҷон додааст. Сурайё Сафарова, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ 13 соли пеш бо Расул валади Рашид шинос мешавад, ки ӯ бо корҳои тиҷорӣ ба Тоҷикистон рафтуо доштааст. Дар се соли пеш пас аз ихроҷи ин шаҳрванди Афғонистон аз Тоҷикистон ӯ аз ҳамсараш хоҳиш мекунад, то барои ду моҳ назди ӯ биояд, аммо танҳо пас аз се сол ҷасади нимҷони ӯ ба ватан оварда мешавад.

Дар ҳоле ки издивоҷи духтарони тоҷик бо шаҳрвандони Афғонистон ба иллати хабарҳои зиёд аз бадфарҷомии онҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон мусбат шумурда намешавад, чунин никоҳҳо дар ҳоли афзоишанд. Ду сол пеш ду сокини минтақаи Кӯлоб, ки никоҳи онҳо бо шавҳарони афғон расмӣ нашуда буд, бо роҳи ғайриқонунӣ ба кишвари ҳамсоя фирор карда, дар улусволии Довуди Бадахшони Афғонистон ҳаққи паноҳандагӣ гирифтанд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG