Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе: Ҳамаи ҳамсояҳоро бо об таъмин мекунем (ВИДЕО)


Канали байни рустои Хоҷаи Аъло ва рустои Қирғизистон
Канали байни рустои Хоҷаи Аъло ва рустои Қирғизистон

Масъулони Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон мегӯянд, ки бо кишварҳои ҳамсоя дар заминаи обёрӣ ҳеҷ мушкиле надоранд.

Ҳомидҷон Ҳасанов, раиси Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон рӯзи 28 январ дар нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки "бо кишварҳои ҳамсоя дар заминаи обёрӣ ё обдиҳӣ ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад. Зеро мо бо кишварҳои ҳамсоя ҳамкории хуберо ба роҳ мондаем." Ба гуфтаи ҷаноби Ҳасанов, "ҳамкориҳои мо дар чорчӯби қарордодҳои дуҷониба ва минтақавӣ ва дар асоси ҳусни тафоҳум сурат мегиранд."

Аммо Ҳомидҷон Ҳасанов дар мавриди баҳси ахир дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ва ҳамкориҳои дар соҳаи об бо ин кишвари ҳамоя изҳори назар накард.Ӯ мегӯяд, қазия сиёсӣ аст ва ба Оҷонсии обу замин дахл надоранд.

45 миллион доллар қарзи нерӯи барқ дар соҳаи обёрии Тоҷикистон

Ҳомидҷон Ҳасанов, раиси Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон. Дар байн.
Ҳомидҷон Ҳасанов, раиси Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон. Дар байн.
Масъулони Оҷонсиии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон мегӯянд, ки қарзи ин ниҳод дар назди ширкати "Барқи тоҷик" маблағи 230 миллион сомонӣ ё беш аз 45 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ҳомидҷон Ҳасанов гуфт, ки "соҳаи обёрии кишвар ба 1-уми январи соли ҷорӣ маблағи 230 миллион сомонӣ қарздор аст. Мо ҳам фикр мекунем, ки маблағи қарз дар ҳамин миқдор аст. Ҳарчанд мо дастур додем, то бори дигар қарздорӣ аз истифодаи барқ санҷида шавад."

Ӯ афзуд, "дар ҳоли ҳозир оҷонсии беҳдошти замин имкони пардохтани ин маблағро надорад, чун хоҷагиҳои обёрӣ дар саросари кишвар имконияти молии пардохти истифодаи неруи барқро нахоҳанд дошт."

Аммо Ҳомидҷон Ҳасанов изҳори умед кард, ки дар ҳамоҳангӣ бо ширкати "Барқи Тоҷик" ва хоҷагиҳои деҳқонӣ роҳи ҳалле барои ин мушкил ҳар чӣ зудтар пайдо карда шавад.

Ба иттилои ҷаноби Ҳасанов, ҳудуди 19 ҳазор ҳоҷагиҳо дар майдони беш аз 555 ҳазор гектар барои хадамоти обёрӣ қарордод кардаанд. Ҳамакнун ба арзиши беш аз 71 миллион сомонӣ хоҷагиҳо ба истифодабарандагон об додаанд.

Ҳамчунин ба гуфтаи раиси Оҷонсии беҳдошти замин ва ва обёрии Тоҷикистон, дар соли 2013 дар ноҳияҳои кӯҳистон 528 гектар заминҳои нави обёришаванда мавриди истифода қарор гирифтаанд. Инчунин дар минтақаи Кӯлоб дар 47 мавзеи осебпазири дарёҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ сурат гирифтааст.

Нишасти хабарии Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG