Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе - байни обу оташи Маскаву Пекин


Аз чап ба рост: Раҳбарони Чину Тоҷикистону Русия Си Ҷинпин, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
Аз чап ба рост: Раҳбарони Чину Тоҷикистону Русия Си Ҷинпин, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин

Ваъдаи миллиардҳо доллар сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон оё аз ҷониби Маскав чӣ гуна қабул хоҳад шуд? Душанбе бояд дар дурнамо рӯи кадоме аз ин ду шарики стратегиаш тамаркуз кунад?

Вокуниши Русия ба густариши ҷойгоҳи Чин дар Тоҷикистон ҳанӯз чандон ошкоро садо надодааст, вале ба ақидаи бархе аз коршиносон, эълони сармоягузориҳои нави шашмиллиарддолларии Чин ба иқтисоди ин кишвари зери нуфузи суннатии Русия аз тарафи Маскав беҷавоб нахоҳад монд.

Чин ва Русия солҳост, дар як қаламрави геосиёсӣ – Осиёи Марказӣ - бо ҳам вориди бозиҳои махсус шудаанд. Ҳамоҳангӣ ва мушоракати онҳо дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҷои худ, аммо аз камтарин ихтилофи онҳо дар минтақа кишварҳои он ба сӯди хеш истифода мекунанд.

Ҳоло, замоне ки ду қудрат дар қаламрави Тоҷикистон рӯбарӯи ҳам қарор гирифтаанд, Душанбе чи гуна хоҳад тавонист, бо эҷоди тавозун миёни манофеи онҳо беҳтарин истифодаро кард.

Худойбердӣ Холиқназаров, директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, мегӯяд, бино ба тавофуқе, ки аз қабл миёни ду кишвари муҳими минтақа – Русия ва Чин - ба даст омадааст, онҳо ҳеҷ кореро бар хилофи манофеи якдигар намекунанд, зеро ҳарду шарики стратегӣ ҳастанд, тавре, ки ҳарду барои Тоҷикистон шарикони стратегӣ эътироф шудаанд.

Ба ақидаи оқои Холиқназаров, “аз қабл миёни онҳо санадҳое имзо шудаанд, ки мувофиқати онҳоро дар сиёсатҳои хориҷиашон нисбати кишварҳои Осиёи Марказиро собит мекунад. Масалан, чиниҳо ба ин розӣ ҳастанд, ки масъулияти амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба зиммаи Русия хоҳад буд ва ин минтақа дар қаламрави нуфузи низомии Русия мемонад. Азбаски имкониятҳои молиявии Русия маҳдудтаранд, русҳо ба ин ҳам ризоият додаанд, ки масоили рушди иқтисодии Осиёи Марказиро Чин бар ӯҳда бигирад. Ба ҳамин минвол, онҳо баробарвазниро дар минтақа таъмин мекунанд. Тоҷикистон ҳам дар доираи ин тавофуқ амал мекунад ва аз сармоягузориҳои Чин набояд ҳарос кард.”

Коргарони Чин дар яке аз сохтмонҳои Тоҷикистон
Коргарони Чин дар яке аз сохтмонҳои Тоҷикистон

Аз моҳи сентябри соли 2013 Си Ҷинпин, раиси Ҷумҳурии халқии Чин, як тарҳи ҳамгироии иқтисодиеро таҳти унвони «Камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим” пешниҳод кардааст, ки бар замми Осиёи Марказӣ, бақия кишварҳои Шӯравии собиқ, бо шумули Русия ва Беларусро дарбар мегирад. Тарҳи дигар ҳам аз сӯи Владимир Путин, президенти Русия бо номи Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё пиёда мешавад, ки дар ҳоли ҳозир се кишвар – Русия, Беларус ва Қазоқистонро муттаҳид мекунад.

Ҳарду тарҳ иқтисодӣ арзёбӣ мешаванд, аммо коршиносон мегӯянд, онҳо бештар сиёсиянд, то иқтисодӣ, чун даъвоҳои империяхоҳии ду қудрати минтақаиро амалан дар дарозмуддат таъмин мекунанд. Аз ин хотир, аз нигоҳи онҳо, тахсиси миллиардҳо доллари Чин ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистонро русҳо ба осонӣ таҳаммул нахоҳанд кард.

Парвиз Муллоҷонов, коршинос дар умури сиёсӣ, мегӯяд, ҳаводиси Украина собит карданд, ки Русия барои фишор ба ҳукуматҳои саркаши Шӯравии собиқ абзори зиёд дорад, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ. Вай афзуд, ин тарс дар вуҷуди аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҷой дорад ва ба ин далел онҳо мекӯшанд, на бо Амрико, балки бо Чин, шарики стратегии Русия қаробат ҷӯянд: “Ин ҳам хатарнок аст. Мо хуб медонем, ки тайи як соли ахир дар дохили Созмони ҳамкориҳои Шанхай мухолифат миёни Русияву Чин ба таври ҷиддӣ афзудааст. Русия аз тақвияти нақши Чин хеле нигарон аст. Мо намедонем, ки Маскав ба ин гуна сармоягузориҳои ҳангуфти Чин чӣ вокуниш нишон хоҳад дод. Маълум аст, ки имкониятҳои молии Чинро Русия надорад. Ҳоло ҳамаи фикру зикраш ба Украина аст. Хулоса, вазъ хатарнок аст, бахусус ин ки вокуниши Путинро пешбинӣ карда намешавад.”

Сангтӯда-1 - умдатарин тарҳи то охир расондаи Русия дар Тоҷикистон
Сангтӯда-1 - умдатарин тарҳи то охир расондаи Русия дар Тоҷикистон

Як нигоҳи сатҳӣ ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Русияву Чин маълум мекунад, ки ахирӣ сол ба сол мавқеашро мустаҳкам мекунад ва мавқеи аввалӣ заъиф мешавад. Русия дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мақоми аввалро дорад, аммо дар сармоягузориҳои иқтисодӣ, ба ҷуз нерӯгоҳи Сангтӯда-1, пешрафти чашмрас накарда, баръакс, дар иҷрои бақияи тарҳҳо, бахусус, тарҳи нирӯгоҳи Роғун собиқаи муваффақ е надошт. Ваъдаи 2 миллиард доллари сармоягузорияш дар соли 2004 низ то ба ҳол дар рӯи қоғаз мондааст.

Аммо Русия ҳудуди 1,5 миллион муҳоҷири кории тоҷикро ҷой дода, 90 дарсади бозори маводи нафтии Тоҷикистонро дар даст дорад. Бузургтарин пойгоҳи низомиаш дар хориҷ – пойгоҳи 201 ҳам дар Тоҷикистон қарор дорад.

Чин низ дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад, аммо дар сармоягузориҳо хеле пешгом аст. Бо сармояи Чин муҳимтарин тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон – роҳҳо (“Душанбе – Чаноқ”, “Душанбе – Данғара”), хатҳои барқ (“Ҷануб – Шимол”, “Лолазор – Хатлон”), марокизи таъмини гармию барқ (“Душанбе - 1”), конҳои тилло (“Зарафшон”), корхонаҳои семент ва ғайраро бо муваффақият анҷом дода, ҳоло чорумин лӯлаи гази “Осиёи Марказӣ – Чин” – ро амалӣ мекунад, ки бино ба иттилои дарёфтӣ, солона то 1 миллиард доллар ҳаққи транзит хоҳад дод.

Саймуддин Дӯстов, сарвари маркази таҳлилии “Индем” нигарониҳо дар мавриди қарздор ва таҳти таъсири Чин рафтани Тоҷикистонро бепоя хонда, мегӯяд, Русия дар Тоҷикистон сиёсати муайяни иқтисодӣ надорад ва ин ҳол иқтисоди кишварро ба хатар мувоҷеҳ мекунад. Вай афзуд, сармояи Чин роҳҳои нафаси иқтисоди Тоҷикистонро боз мекунад: “Имрӯз дастрасӣ ба пул дар Тоҷикистон то 25 дарсад барои соҳибкорон аст, ки ин рушди иқтисодро на фақат таъмин намекунад, балки онро ба касодӣ меорад. Сармояҳои Чин бо фоизи ками 7 то 8 дарсад дастрас мешаванд, ҳол он ки бонкҳои Русия ба 17 – 18 дарсад қарз медиҳанд. Ин тарси тоҷикиро аз қарз бояд аз миён бурд. Худи вуҷуди пул дар иқтисод падидаи мусбат аст. Мушкил ин аст, ки пулҳо дуруст истифода шаванд.”

Тоҷикистон то як – ду соли пеш танҳо Русияро шарики стратегӣ мехонд. Ҳоло раҳбаронаш Чинро низ шарики стратегӣ меноманд. Коршиносон мегӯянд, агар ҳукумати Тоҷикистон як тавозунро миёни ин ду шарикаш риоя карда тавонад, ҳам амният ва ҳам рушди иқтисодии кишварро дар дарозмуддат метавонанд таъмин кунад. Ба фикри онҳо, дар масоили амниятӣ Русия шарики муҳими низомӣ ва Чин шарики муҳими иқтисодӣ метавонанд бошад, аммо то куҷо ин ду бо ин нақшҳо розӣ хоҳанд буд, суоли боз ва сарнавиштсоз аст.

XS
SM
MD
LG