Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як бохти бузург: Тоҷикистон - Ироқ 1:6


Тими миллии Тоҷикистон дар бозии сеюмаш дар қаҳрамонии футзали Осиё дар Ветнам ҳам бо ҳисоби бузург шикаст хӯрд.


Мунтахаби Тоҷикистон дар севумин бозиаш дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё-2014 шоми якшанбеи 4-уми май дар шаҳри Ҳошимин аз тими Ироқ бо ҳисоби бузурги 1-6 шикаст хӯрд.
Чемпионати футзали Осиё-2014
Гурӯҳи «А»
Даври 3-юм
Тоҷикистон – Ироқ– 1:6
Голҳо: Мустафо Бачай Ҳамза, 1 (0:1). Хуршед Маҳмудов, 13 (1:1). Ҳасан, 15 (1:2). Мустафо Бачай Ҳамза, 24 (1:3). Валид Халид Фаҳим, 27 (1:4). Ҳасан, 28 (1:5). Каррар Мӯҳсин Муҳаммад Ал-Тхабетӣ, 35 (1:6).
Тоҷикистон: Шӯҳрат Бибудов, Орзу Додхудоев, Хуршед Маҳмудов, Алишер Ӯлмасов, Шерзод Ҷумъаев (капитан).
Бозигарони эҳтиётӣ: Муродулло Алиқулов, Дилшод Саломов, Далер Ақназаров, Самад Шоҳзуҳуров, Миралӣ Шарифов, Мансур Мамедбобоев, Шавкат Ҳалимов, Арсен Фармонбеков.
Огоҳонида шуд: Мансур Мамедбобоев (Тоҷикистон).
4-уми май. Ҳошимин. Варзишгоҳи «Университети Тон Дук Тханг». 650 тамошобин.

Ветнам – Кувайт – 2:1
Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш 30-юми апрел аз тими Кувайт бо ҳисоби 0-5 ва дар бозии дувумаш 2-юми май аз тими мизбон – Ветнам – бо ҳисоби 4-10 шикаст хӯрда буд.
Дамир Камолиддинов, сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, дар як суҳбат бо радиои Озодӣ гуфта буд, ки «вазифаи мо аз гурӯҳамон ба даври баъдӣ роҳ ёфтан ва, умуман, дар байни ҳаштгонаи беҳтарини қора ҷойгир шудан аст.» Вале мунтахаби Тоҷикистон, ки дар ҳарсе бозиаш шикаст хӯрд ва бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.

Аз гурӯҳи «А» тимҳои мунтахаби Кувайт ва Ветнам, ки ба 1/4 финал баромаданд, мутаносибан бо дастаҳои Австралия ва Эрон рақобат мекунанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи “А”
ҶДАСТАҲОБҒМБТИ
1КУВАЙТ320111-56
2ВЕТНАМ320113-76
3ИРОҚ320111-76
4ТОҶИКИСТОН30035-210

Қаҳрамони нави футзали Осиё рӯзи 10-уми май дар бозии ниҳоӣ дар пойтахти Ветнам маълум хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG