Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти сахти мунтахаби футзали Тоҷикистон. Ин дафъа аз Ветнам - 4-10


Мунтахаби Тоҷикистон дар дувумин бозиаш дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё-2014 шоми имрӯз, 2-юми май, дар шаҳри Ҳошимин аз тими мизбон – Ветнам - бо ҳисоби бузурги 4-10 шикаст хӯрд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш низ 30-юми апрел аз тими Кувайт бо ҳисоби бузурги 0-5 шикаст хӯрда буд.

Дамир Камолиддинов, сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, дар як суҳбат бо радиои Озодӣ гуфта буд, ки «вазифаи мо аз гурӯҳамон ба даври баъдӣ роҳ ёфтан ва, умуман, дар байни ҳаштгонаи беҳтарини қора ҷойгир шудан аст.» Вале баъди бохти дувум мунтахаби Тоҷикистон имкони ба даври баъдӣ роҳ ёфтанро комилан аз даст дод.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври севуми сабқати гурӯҳии қаҳрамонии Осиё рӯзи 4-уми май бо мунтахаби Ироқ бозӣ мекунад. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 14 футболбоз дохиланд: дарвозабонҳо – Миралӣ Шарифов, Мурод Алиқулов ва Шӯҳрат Бибудов, бозигарон – Шерзод Ҷумъаев, Мансур Мамедбобоев, Хуршед Маҳмудов, Аҳтам Назаров, Алишер Улмасов, Орзу Додхудоев, Самад Шоҳзуҳуров, Арсен Фаронбеков, Шавкат Ҳалимов, Дилшод Саломов ва Далер Ақназаров.

Қаҳрамони нави футзали Осиё рӯзи 10-уми май дар бозии ниҳоӣ дар пойтахти Ветнам маълум хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG