Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони тендер барои лӯлаи гази "Осиёи Марказӣ - Чин"


Душанбе барои интихоби ширкати консалтингӣ барои тарҳи беш аз 3-миллиарддолларии лӯлаи гази "Осиёи Марказӣ - Чин" тендер эълон кардааст.

Вазорати молияи Тоҷикистон барои иҷрои яке аз муҳимтарин тарҳҳои иқтисодии кишвар аз ширкатҳои консалтингӣ даъват кардааст, барои хизматрасонии фаннӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва молӣ дар озмуни иҷрои тарҳи бунёди лӯлаи гази Туркманистону Чин дар тендери эълонкардаи ин вазорат ширкат кунанд. Лӯлаи гази Туркманистону Чин, ки тақрибан 400 километри он аз хоки Тоҷикистон бояд гузарад, яке аз тарҳҳои бузургест, ки ба гуфтаи мақомот, дар сурати сохта шуданаш барои Тоҷикистон солона бештар аз 1 миллиард доллар фоида меорад.

Дар вазорати молияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки қабули аризаҳо барои ширкат дар озмуни номаҳдуд то рӯзи 12-уми март ба поён мерасад. Озмун дар як давр баргузор мешавад ва моҳи оянда маълум мешавад, ки кадом ширкати консалтингӣ дар иҷрои тарҳи лӯлаи гази Туркманистону Чин саҳм мегирад. Лӯлаи газе, ки аз тариқи Тоҷикистон мегузарад, хатти чаҳоруми лӯлаи азими гази “Осиёи Марказӣ - Чин” аст ва танҳо қисмати тоҷикистониаш бар асоси тарҳ ҳудуди 400 километрро ташкил медиҳад. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2014 баъди имзои тавофуқнома бо Чин эълон кард, ки бо иҷрои ин тарҳ мумкин аст, ба иқтисоди кишвар 3 миллиард доллар сармоя ворид шавад.

Хатти лӯлае, ки аз Тоҷикистон мегузарад, яке аз шохаҳои лӯлаи “Осиёи Марказӣ - Чин” аст, ки тақрибан 3700 километр тӯл дорад ва қарор аст, солона аз кишварҳои минтақа ба Чин 80 миллиард метри мукааб гази табиӣ интиқол бидиҳад. Бо вуҷуди манофеъи иқтисодии тарҳи мазкур барои Тоҷикистон мушкили норасоии гази табиӣ дар кишвар боқӣ мемонад, зеро бар асоси қарордод, Тоҷикистон ҳаққи гирифтани газ аз ин лӯларо нахоҳад дошт, балки танҳо пули транизити газро мегирад.

Охири моҳи декабри соли 2014 вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, созишнома дар бораи усулҳои ҳамкории ҳукумат ва ширкати муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd»-ро тавсиб карданд, ки аз иҷрокунандагони аслии тарҳи сохтмони ин лӯлаи газ мешавад. Бунёди қитъаи тоҷикистонии хатти чоруми интиқоли гази Осиёи Миёна ба Чин моҳи апрели соли 2015 шурӯъ мегардад.

Хатти аввали лӯлаи "Осиёи Марказӣ - Чин"
Хатти аввали лӯлаи "Осиёи Марказӣ - Чин"

Хатти мазкур хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Миёна - Чин аст ва Туркманистон шурӯъ мешавад ва тавассути қаламрави Узбакистон бо тӯли 200 км, Тоҷикистон 391 км ва Қирғизистон 210 км ба Чин ворид мегардад. Барои бунёди лӯлаи газгузари мазкур дар Тоҷикистон, ки аз тариқи водиҳои Ҳисору Рашт гузашта, аз ноҳияи Ҷиргатол бояд ба Қирғизистон гузарад, сохтмони 45 нақб бо тӯли умумии 75 километр ва 24 нақби зериобии лӯлаи газ ба нақша гирифта шудааст.

Барои сохтмони ин хатти лӯлаи газ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз маблағи оинноммавии ширкати муштарак, ки 600 миллион долларро ташкил медиҳад, инчунин қарзи иловагӣ ба маблағи 2, 6 миллиард доллар зарур аст, ки дар маҷмӯъ арзиши лоиҳа 3,2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Саидаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати “Тоҷиктрансгаз”, ҳисобҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки даромади умумии корхонаҳои муштарак дар давоми 32 соли фаъолият 15 миллиард долларро ташкил дода, ба буҷети кишвар 1 миллиарду 248 миллион доллар андоз хоҳад овард. Дар ҷараёни сохтмони қисмати тоҷикистонии ин хатти газ, интизор меравад, беш аз се ҳазор нафар бо ҷои кор таъмин шаванд.

Раҳбарони Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпинг. Душанбе, сентябри соли 2014
Раҳбарони Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпинг. Душанбе, сентябри соли 2014

Сохтмони ин лӯлаи газ дар ҳоле шурӯъ мешавад, ки иқтисоди Тоҷикистон чанд сол боз ба камбуди шадиди газ дучор шудааст. Узбакистон сол ба сол содироти газаш ба Тоҷикистонро кам ва аз соли 2012 пурра қатъ кард ва ба транзити гази лозим барои Тоҷикистон аз Туркманистон низ розӣ нашуд.

Дар натиҷа, Тоҷикистон, ки ба далели надоштани захираҳои кофи газ дар дохили кишвар беш аз 90 дарсад аз тақрибан 1,5 миллиард метри мукааб эҳтиёҷоти солонааш ба ин навъи маводи сӯхтро аз ҳисоби воридоти он аз Узбакистон таъмин мекард, маҷбур шуд, як барномаи пурхарҷ ва аз нигоҳи иқтисодӣ начандон судманди ба истифодаи ангишт гузарондани корхонаҳои саноатиашро рӯи даст бигирад.

Аммо дар тарҳи бунёди хатти чоруми лӯлаи гази “Осиёи Марказӣ – Чин” низ як шарт ин буда, ки Тоҷикистон набояд аз газе, ки тавассути қаламраваш ба Чин меравад, газ бигирад.

XS
SM
MD
LG