Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин аз тариқи Тоҷикистон газ хоҳад гирифт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Қарор аст, дар ҳамин соли 2014 бунёди лӯлаи газ дар Тоҷикистон шурӯъ шавад, ки аз тариқи он миллиардҳо метри мукааб гази Осиёи Марказӣ ба Чин интиқол меёбад.

СNPC, ширкати миллии нафти Чин рӯзи 11 март гуфт, ки ин лӯлаи тӯлонии газро як корхонаи муштараке месозад, ки Тоҷикистону Чин таъсис медиҳанд. Созишнома дар бораи таъсиси ин корхона, ки СNPC ва “Тоҷиктрансгаз” муассисонаш мешаванд, рӯзи сешанбеи гузашта миёни ду кишвар ба имзо расид ва онро аз тарафи Тоҷикистон Султон Раҳимов, муовини аввали вазири об ва энержӣ ва аз тарафи Чин, Фан Шианронг, сафири он кишвар дар Душанбе имзо кардаанд.

Саидаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати давлатии “Тоҷиктрансгаз” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси ин санад, корхонаи муштараке, ки лулаи газро месозад, ба наздикӣ таъсис мешавад: “Бар асоси созишномае, ки байни ҳукуматҳо соли гузашта имзо шуд, корҳо идома доранд. Ҳозир ширкати мо якҷоя бо ширкати чинӣ созишнома дар бораи таъсис додани ширкати муштаракро имзо кардем, лекин ҳоло ширкати муштаракро таъсис надодаем. Имсол асосноккунии техникии лоиҳа гузаронда мешавад ва баъд аз асосноккунии техникӣ, имконият ҳаст, ки ҳамин сол корҳо оғоз шаванд.”

Лӯлаи газе, ки аз тариқи Тоҷикистон мегузарад, хатти чаҳоруми лӯлаи азими гази “Осиёи Марказӣ-Чин” аст ва бар асоси тарҳ ҳудуди 400 километрро ташкил медиҳад ва бояд то соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2013 баъди имзои тавофуқнома бо Чин эълон кард, ки бо иҷрои ин тарҳ мумкин аст, ба иқтисоди кишвар 3 миллиард доллар сармоя ворид шавад. Ширкати миллии нафти Чин доир ба ҷузъиёти тарҳи лӯлаи газ, ки аз Тоҷикистон мегузарад, ҷузъиёти зиёде нашр накарда ва гуфтааст, ки хати гузари он ҳанӯз ҳам баррасӣ мешавад, ҳарчанд маълум аст, ки он дар ниҳоят ба вилояти Шинҷону Уйғури Чин хоҳад расид.

Музокироти Чину Тоҷикистон дар Бишкек. 13 сентябри соли 2013
Музокироти Чину Тоҷикистон дар Бишкек. 13 сентябри соли 2013
Тавофуқ дар бораи ин лӯлаи газ 13 сентябри соли 2013 дар ҷараёни музокироти сарони Тоҷикистону Чин ба даст омада буд. Манобеи Озодӣ дар ҳукумати Тоҷикистон мегуфтанд, музокироти тарҳи ин созишнома байни Душанбеву Пекин чандин муддат дар як шароити хеле махфӣ идома дошт, то Узбакистон чун ҳамеша монеъи имзои он нашавад.

Хати лӯлае, ки аз Тоҷикистон мегузарад, яке аз шохаҳои лӯлаи “Осиёи Марказӣ-Чин” аст, ки дар маҷмӯъ тақрибан 3700 километр тӯл дорад ва қарор аст, солона аз кишварҳои минтақа ба Чин 80 миллиард метри мукааб гази табиӣ интиқол бидиҳад. Бо вуҷуди манофеъи иқтисодии тарҳи мазкур барои Тоҷикистон, мушкили норасоии гази табиӣ дар кишвар боқӣ мемонад, зеро бар асоси қарордод, Тоҷикистон аз лӯла газ нахоҳад гирифт.

Саидаҳмад Шарофиддинов, раиси “Тоҷиктрансгаз” мегӯяд: “Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ транзиткунандаи мол ба ҳисоб меравад ва албатта аз ин фоида мегирад. Вале ҳозир мо наметавонем аз гази он истифода барем, зеро он асосан барои таъминоти худи Ҷумҳурии Халқии Хитой омода шуда истодааст.”

Саидаҳмад Шарофиддинов
Саидаҳмад Шарофиддинов
Эълони оғози сохтмони шохаи лӯлаи газ дар ҳолест, ки Тоҷикистон баъди қатъи воридоти газ аз Узбакистон, ба захираҳои дохилӣ рӯ оварду дар пайи манобеъи дигари сӯхт шуд. Чанд соли пеш, ширкати "Тетис Петролеум", ки дар Канада қароргоҳ дорад, эълон кард, ки дар “Бохтар” яке аз майдонҳои бузурги гази Тоҷикистон дар ҷануби кишвар бештар аз 3 триллиону 200 миллиард метри мукааб гази табиӣ вуҷуд дорад, ҳарчанд ин захираҳо дар умқи то 5 километр ҷойгиранд, ки истихроҷаш заҳматталаб ва харҷи зиёд мехоҳад.

Аммо бо вуҷуди ин ширкати миллии нафти Чин, ки ҳунару пули истихроҷи чунин маъданҳои табииро дорад, соли гузашта бештар аз 33 дар сади саҳмияҳои ширкати Бохтарро харид, ки ҳаққи истихроҷи ин майдони газро дорад. Майдони мазкур 300 километри дуртар аз марзи Чин воқеъ шудааст ва шояд дар ояндаи дур маҷрои газ ҳам аз инҷо ба самти кишвари ҳамсоя ҷорӣ шавад, ки иқтисоди азимаш сол ба сол бузургтар ва иштиҳои кишвар ҳам ба нафту газ зиёдтар мешавад.
XS
SM
MD
LG