Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Ҳиндустон ду бозии дӯстона мекунад

Ситоди мураббиёни тими миллии футболи Тоҷикистон зери раҳбарии Игор Ангеловский, мутахассиси 49-сола аз Македонияи Шимолӣ, ҳайати васеи дастаро барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн бо мунтахаби Ҳиндустон эълон кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби кишвар рӯзҳои 5-ум ва 9-уми июн дар майдони худ муқобили тими миллии Ҳиндустон ду бозии дӯстона баргузор мекунад.

Ба ҳайати васеи даста 31 бозигар – 4 дарвозабон, 11 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар шомил шудаанд. Аз байни онҳо 26 нафар ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ даъват мешаванд.

Аммо дарвозабон Олег Баклов, ҳимоятгар Манучеҳр Сафаров ва нимҳимоятгар Ҳамадонӣ Камолов бинобар ҷароҳат доштанашон дар ин бозиҳои дӯстона иштирок намекунанд.

Ҳайати васеи тими миллии Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Ростов», Русия), Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»), Далер Азизов («Ҳосилот»), Зуҳриддин Муйдинов («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Зоир Ҷӯрабоев («Суғдиён», Узбекистон), Ваҳдат Ҳаннонов («Сипоҳон», Эрон), Раҳматшо Раҳматзода («ПСИМ Йогикарта», Индонезия), Аҳтам Назаров («Вахш»), Табрез Исломов, Алиҷон Кароматуллозода, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Мусо Қаҳҳоров (“Барқчӣ”), Меҳрубон Каримов («Равшан»), Абдусамад Меликмуродов, Абдулло Шарипов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз Теренгану», Малайзия), Алишер Шукуров («Қизилқум», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Салоҳиддин Эргашев, Фурқон Раҳимзода (ҳарду аз «Ҳосилот»), Ҷамшед Махсумов («Равшан»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ал-Карма», Ироқ), Шериддин Бобоев («ПСМ Макассар», Индонезия), Рустам Соиров, Далер Шарипов (ҳарду аз «Истиқлол»), Фаридун Давлатов («Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»).

Сармураббӣ – Игор Ангеловский (Македонияи Шимолӣ).

Сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон Игор Ангеловский дастаро барои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, омода мекунад.

Қаблан Ангеловский мунтахаби Македонияи Шимолиро роҳбарӣ карда, онро дар соли 2020 бори аввал ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Аврупо баровардааст.

Дар сатҳи бошгоҳӣ Ангеловский бо бошгоҳи «Работнички» дар мавсими 2013/14 қаҳрамони Македонияи Шимолӣ гашта, ду маротиба Ҷоми кишварро (2013/14 ва 2014/15) ба даст овардааст.

Инчунин ӯ дар дастаҳои «Горитса» (Хорватия), «Каспий» (Қазоқистон) ва «Этникос Ахнас» (Кипр) кор кардааст.

Пас аз натоиҷи қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи «D» шомил шуд. Рақибонаш тимҳои миллии Австралия, Ироқ ва Сингапур хоҳанд буд.

Игор Ангеловский дар бораи натоиҷи қуръакашӣ гуфт, “ҳамакнун мо бояд рақибони худро бодиққат омӯзем ва хуб омода шавем.

Австралия ва Ироқ дар Ҷоми ҷаҳон-2026 бозӣ хоҳанд кард ва ин аз сатҳи онҳо шаҳодат медиҳад. Сингапур низ бо рӯҳияи баланд вориди рақобат хоҳад шуд. Мо ба ҳамаи рақибонамон эҳтиром мегузорем, аммо бояд пеш аз ҳама ба қувваи худ бовар дошта бошем ва дар ҳар бозӣ тамоми имкониятамонро истифода барем. Барои расидан ба ҳадаф хуб омодагӣ мебинем”.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG