Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли нав бе "Бобои Барфӣ"


Се сол пеш гурӯҳи ҷавонон Парвиз Давлатбеков - як сокини шаҳри Душанберо, ки шаби Соли нав либоси Бобои Барфӣ дар тан дошт, куштанд. Ин куштор дар расонаҳо чун аломати тундрав шудани ҷомеаи Тоҷикистон маънидод гардид.

Се соли пеш дар шаби Соли нав ҷавоне дар либоси Бобои Барфӣ кушта шуд. Аз он сол ба баъд хонаводаи ин ҷавон ин ҷашнро дӯст намедорад, зеро Соли нав бо худ хотираҳои талхи он шабро меорад.

Пайвандони Парвиз Давлатбеков, ҷавоне, ки соли 2012 қазияи маргаш чун “Куштори Бобои Барфӣ” дар Тоҷикистону берун аз он расонаӣ шуд, cолҳои ахир танҳо ба хотири хушии кӯдакон шаби Соли нав дар хона каму беш муҳити идона месозанд. Аммо дар маҷмӯъ моҳи декабр ин хонавода мушкилтарин рӯзҳои худро пушти сар мекунад. Ин моҳ бештар аз дигар моҳу рӯзҳо онҳоро ба ёди ҷигарбандашон мебарад - Парвизи 25-сола маҳз дар ҳамин моҳ ба дунё омад ва дар ҳамин моҳ оламро падруд гуфт. .

Абдолбек Орусбеков, тағои Парвиз мегӯяд, хушҳолӣ бахшидан ба хурдсолон одати Парвиз буд ва ҳар сол дар либоси Бобои Барфӣ барои кӯдакони хешу ақрабо тӯҳфа мебурд. Аммо, ба гуфтаи вай, агар он сол Парвиз аз ӯ машварат мепурсид, ҳаргиз намегузошт ҷиянаш либоси “Бобои Барфӣ” ба тан кунад.

Абдолбек Орусбеков мегӯяд, ки солҳои пеш дар Соли нав онҳо якдигарро табрик мекарданд, аммо

Абдолбек Орусбеков
Абдолбек Орусбеков

​баъди марги Парвиз дигар ин корро намекунанд ва Соли навро ҷашн ҳам намегиранд. Ба вижа, ба модари Парвиз онҳо аслан дар Соли нав занг намезананд: "Модараш ҳоло нав ба худ меояд, аммо 2 соли аввал аслан бо вай сӯҳбат карда намешуд. Ӯ ҳоло дар Бадахшон аст ва Душанбе ояд ҳам, дигар ба он кӯча намеравад ва баъди он ҳодиса як хонаашон дар кӯчаи Синоро фурӯхтанд, мегӯяд ӯ.

Қарор буд, ки Парвиз соли 2012 оила барпо кунад. Арӯсро интихоб карда буданд ва хонавода ба тӯй омодагӣ мегирифт. Парвиз ҳам бо сад умеду орзу ба Соли нав тайёрии вижа дида, мехост соли 2012- ро бо хушӣ истиқбол кунад. Бехабар аз он, ки ин охирин Соли нав дар зиндагии кӯтоҳаш аст.

Баҳор Гадомамадов, ки панҷ соли донишҷӯии Парвиз дар хонаи ӯ гузаштааст ва ҳам яке аз шоҳидони куштори бародарзанаш аст, мегӯяд, “ҳамон рӯз бо Парвиз ба табрики хешу табор рафтем. Охирин хона хонаи мо буд, то наздикии хона омадему мошин вайрон шуд, вақте аз мошин

Баҳор Гадомамадов
Баҳор Гадомамадов

берун шудем, Парвиз гуфт, бо ин либос то хона равем, ҳеҷ гап нест? Ман гуфтам, не, то ин рӯз ҳам бисёриҳо бо либоси Бобои Барфӣ мегаштанд, дар шаҳр, мушкиле набуд. Дар наздикии даромадгоҳи бино, яке аз бачаҳо аз Парвиз пурсид, барои мо тӯҳфа нест? Парвиз гуфт, не, тамом шуд. Гуфт, ту чӣ хел Бобои барфӣ ҳастӣ ва дашном кард. Ҳамин тавр муноқиша шуд ва Парвизро аз даст додем.”

Қазияи марги Парвиз Давлатбеков дар либоси Бобои Барфӣ ва шаби Соли нав аз пурсарусадотарин хабари расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар оғози соли 2012 буд. Ин хабар дар садҳо сомона дар саросари ҷаҳон, нашру бознашр шуд. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон баъдан эълон карданд, ки ин ҳодиса ҷанбаи мазҳабӣ ва маҳаллӣ надорад, аммо аксаран дар баррасиҳо сухан аз боби тундрав шудани ҷомеаи Тоҷикистон дур шудан аз оини таҳаммулпазирӣ буд.

Мурофиа муттаҳамон дар қатли Парвиз Давлатбеков
Мурофиа муттаҳамон дар қатли Парвиз Давлатбеков

Бо таваҷҷуӯҳ ба он, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳсҳо дар бораи таҷлил кардан ё накардани Соли нав авҷ мегирифт, гуфта мешуд, Парвиз маҳз дар он шабу рӯз бо либоси Бобои барфӣ диққати ҷавононро ба худ ҷалб карда ва боиси хашми онҳо шудаст.

Ҷузъиёти фоҷеаи шаби Соли нав ҳамроҳ бо ному насаби гумонбаршудаҳои куштор баъди 4 рӯзи он ошкор шуд. Афроди муттаҳам дар ин кушторро боздошт ва муҷозот карданд.

Наздикон аз Парвиз чун як ҷавони оромтабиату меҳрубон ва хушсӯҳбату илмдӯст ёд мекунанд. Парвиз Давлатбеков бахши иқтисоди донишгоҳи Славяниро хатм кард ва дар як ширкати хориҷӣ ҳисобрас ва ё аудитор буд. Ҳамкорон охирин паёмаки табрикотии Парвизро, ки шаби Соли нав барояшон фиристода буд, то ба ҳол нигаҳ медоранд ва аз ӯ чун як дӯсти хуб ва ҳамкори кордон ёд меоваранд.

Куштори "Бобои барфӣ" дар шаби Соли нав дар Тоҷикистон шеваи таҷлил аз ин ҷашнро ҳам то ҷое тағйир дод. Бисёриҳо дигар дар шаби ҷашн аз эҳтиёт кор мегиранд ва назорат ҳам дар Соли нав шадидтар шудааст.

Соли нав меояд, аммо бе "бобои барфӣ"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:21 0:00

XS
SM
MD
LG