Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 корманди Фонди Швейтсария дар Дарвоз


Бар асари як садамаи автомобилӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз, худрави навъи "Тайота"-и Фонди Швейтсария оид ба тоза кардани минаҳо ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Ба гуфтаи мақомот, дар пайи ин ҳодиса панҷ тан аз кормандони Фонди Швейтсария ба ҳалокат расида ва ду тани дигар бо ҷароҳатҳо ба бемористони марказии ноҳияи Дарвоз интиқол ёфтаанд. Дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯи ҷасади се тан аз ин мусофирон дар дарёи Панҷ идома дорад.

Аз Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ноҳияи Дарвоз ба Озодӣ гуфтанд, ки, "автомашинаи тамғаи Тойота, рақами қайди давлатиаш 05 М 018 мутааллиқ ба Фонди Швейтсария оид ба бартараф кардани минаҳо дар Тоҷикистон таҳти идораи ронанда Солиев Ғафур, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз деҳаи Курговад ба самти маркази ноҳияи Дарвоз ба мошини “Опел Зефира” рақами давлатиаш 10 42 ВС 01, таҳти идораи ронанда Муҳиддинов Зуҳриддин, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе бармехӯрад. Ҳангоми бархӯрдан автомашинаи Тойота аз баланди 30-35 метр ба рӯдхонаи Панҷ сарозер мешавад.”

Манбаъ дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ҳангоми сарозер шудан ба дарё, аз 7 нафар, ки дохили мошин буданд, чаҳор нафар - ронанда ва се корманди Фонди Швейтсария - худро ба берун ҳаво додаанд. Дар натиҷа ронанда Ғафур Солиев ва мусофир Машраб Абдураҳмонов дар ҷои ҳодиса ва берун аз об ба ҳалокат расида ва ду тан аз мусофирон -- Дӯстмурод Қурбонов ва Сӯҳроб Абдулхолиқов бо ҷароҳатҳо ба бемористони марказии ноҳияи Дарвоз интиқол дода шуданд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯи ҷасади се мусофири дигар -- Илҳом Сафаров, Абдурозиқ Қурбонов ва Гулмурод Чориев, ки сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Ҳамадонӣ ва Рӯдакӣ мебошанд, дар рӯдхонаи Панҷ идома дорад.

Тавре аз ҳукумати ноҳияи Дарвоз 30 июн ба Радиои Озодӣ хабар доданд, мошини навъи "Тойота" марбут ба кормандони Фонди Швейтсария оид ба тоза кардани минаҳо дар Тоҷикистон ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Хоруғ-Қалъаихум-Кӯлоб дар ҳудуди деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз аз баландии 35 метр ба рӯдхонаи Панҷ сарозер шудааст.

Ҳалокшудагон ҳама кормандони маҳаллии Фонди Швейтсария оид ба тоза кардани минаҳо дар Тоҷикистон, мебошанд. Шӯҳрат Шоҳисматов, Сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Дарвоз ба Озодӣ гуфт, ин ҳодиса соати 4-30-и субҳи 30 июн рух додааст.

Дин Муҳаммад, директори Фонди Швейтсария оид ба бартараф кардани минаҳо дар Тоҷикистон 30-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳалокати кормандони ин Фонд сахт андӯҳгин аст. Ӯ гуфт, ин гурӯҳи кормандон дар ноҳияи Дарвоз ба пок кардани як минтақаи минакоришуда машғул буданд.

Ӯ гуфт: “Чантоаш минаҷӯ буданд ва дар миёнашон як пизишк буд, ки барои кӯмак ҳангоми захм бардоштан, ин гурӯҳро ҳамроҳӣ мекард. Онҳо дар наздикиҳои деҳаи Курговарди Даровз маъмурият доштанд, ки мутаассифона чунин ҳодиса рух дод.”

Фонди Швейтсария оид ба бартараф кардани минаҳо дар Тоҷикистон аз соли 2003 дар Тоҷикистон ба поксозии майдони минаҳо шуғл дорад. Ин Фонд дар 23 минтақаи минкоришудаи Тоҷикистон машғули кор аст.

Дар Тоҷикистон бар асари инфиҷори мина аз замони хатми ҷанги шаҳрвандӣ 353 нафар ҳалок ва 446 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG