Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми се зани "авбош" дар Хуҷанд


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд се занро бо ҷурми авбошӣ яксолӣ ҳукми зиндон дод.

Ин занон моҳи феврали соли равон дар клуби шабонаи «Хваканта», дар маркази Хуҷанд сари мизу баъд дар кӯча ба якдигар дарафтода, аз ҷониби кормандони милиса боздошт шуда буданд. Шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд нисбат ба онҳо мутобиқи банди “авбошӣ” – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз карда, ба додгоҳ ирсол дошта буд. Аммо замони бозбинии додгоҳӣ занҳо ихтиёран ба додгоҳ ҳозир нашуданд ва мақомоти интизомӣ дар пайи ҷустуҷӯ онҳоро пайдо карда, ба курсии айбдорӣ нишонд.


Занозании 5 зани ҷавон дар клуби шабона ва ҳукми 3 тани онҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00
Линки мустақим


Шӯҳрат Аҳроров, додрасии парванда рӯзи 19-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар сеи занони маҳкумгашта ба 1 соли зиндон кӯдакони хурдсол доранд ва додгоҳ бо назардошти ин то замони 8-сола шудани фарзандони онҳо иҷрои ҳукмро ба таъхир гузошт. Вай афзуд, ин се зан аз 20 то 22 сол дошта, аз ҷумлаи 5 зани ҷавонеанд, ки дар авоили соли равон дар клуби шабонаи “Хваканта” занозанӣ ва "рӯканиву мӯканӣ" карда буданд.

Ба гуфтаи додраси парванда, се нафари онҳо аз ноҳияи Ашт, яке аз Ваҳдат ва якеи дигар аз ноҳияи Ҳисор буда, дар шаҳри Хуҷанд ба сар мебурданд. Додгоҳ мегӯяд, ин занон, ки шуғли собите надоштанд, ҳангоми таҷлили зодрӯзи як дугонааш бар сари чизе ҷанҷол мекунанд ва ба якдигар дармеафтанд. Баъдан ҷанҷоли онҳо ба кӯча кӯчида, мунҷар ба занозанӣ мешавад ва мақомоти милиса ҳамаи ин 5 занро боздошт мекунанд.

Алайҳи онҳо тибқи банди дувуми моддаи 237-уми Қонуни ҷиноӣ, “авбошӣ” парванда боз мекунанд, вале ҳамаи ин 5 зан то шурӯъи додгоҳ ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ қарор доштаанд. Аммо Шӯҳрат Аҳроров мегӯяд, ҳеҷ кадоми онҳо бо ихтиёри худ ба додгоҳ ҳозир нашуд ва ба ин далел, то имрӯз танҳо 3 нафареро, ки пайдо ва боздошт карданд, ба додгоҳ овардаанд. Ба гуфтаи вай, дар ин авохир зани чоруми муттаҳам ба авбошӣ низ дастгир ва ба додгоҳ эҳзор шуд, вале охирин “қаҳрамон”-и ин моҷаро то имрӯз дар ҳоли фирор қарор доштааст.

“Хваканта” яке аз маъруфтарин маконҳои тафреҳии шабонаи Хуҷанд ба шумор меравад, ки тақрибан 10 сол қабл боз шуда буд. Ҳоло дар маркази вилояти Суғд ду толори шабонаи дигар боз аст. Қисмати умдаи сокинон ба онҳо бо назари таҳаммул менигаранд ва будани чунин тафреҳгоҳҳоро дар як ҷомеаи муосир
зарурӣ медонанд. Вале бархе ин гуна толорҳои шабонаро ҷойҳои рақси урёну шиносоии маҳрамона ва бадин ҷиҳат барои одобу ахлоқи мардуми мусалмони тоҷик бегона мехонанд.

Ҳамчунин мақомоти интизомии Суғд аз зиёд шудани ҷиноятҳои авбошиву занозанӣ ва гоҳе куштор дар назди толорҳои шабона изҳори нигаронӣ мекунанд ва танзиму назорат аз фаъолияти чунин тафреҳгоҳҳоро як амри зарурӣ медонанд.

Муҳокимаи парвандаи занозании 5 зан дар клуби шабонаи “Хваканта” дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дар ин авохир аз афзоиши мизони ҷинояткорӣ дар миёни занони тоҷик изҳори нигаронӣ мекунанд. Ин тамойюл барои ҷомиаи умдатан суннатӣ ва муҳофизакори тоҷик падидае ғайримуқаррарӣ дониста мешавад. Танҳо додгоҳҳои шаҳри Хуҷанд аз аввали сол бо ҷароими мухталиф 49 занро муҷозот кардаанд.
XS
SM
MD
LG