Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 3 донишҷӯи Донишгоҳи Қӯрғонтеппа дар садамаи нақлиётӣ


.
.

Бар асари садамаи нақлиётӣ, се донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонттепа ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи иттилои масъулони Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа, бар асари ҳодисаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Қӯрғонтеппа--Сарбанд, се донишҷӯи ин донишгоҳ ҷон бохтаанд. Хоҷабӣ Каримова, муовини ректори ин донишгоҳ оид ба тарбия дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи ҷумъа рух додааст. Ба гуфтаи вай, ин донишҷӯён савори автомашинаи "Опел--Астра" ба хонаҳояшон ба шаҳри Сарбанд мерафтанд, ки дучори садама шудаанд.

Қурбониёни ин фалокат Фарзона Розиқова, донишҷӯи курси дуи факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва варзиш, Махфирати Неъматуллоҳ, донишҷӯи курси яки факултаи таърих ва Ҷонибек Ҳалимов, донишҷӯи курси яки Коллеҷи омӯзгории ҳамин донишгоҳ будаанд. Ба гуфтаи манбаъ, донишҷӯи дигари ҳамин донишгоҳ Саида Шарифова дар ҳолати беҳушӣ дар бемористони ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Қӯрғонтеппа бистарӣ мебошад.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам дар шарҳи ҳодисаи рӯзи гузашта мегӯяд, ки он ҳангоми ҳаракат аз самти Қӯрғонтеппа ба тарафи шаҳри Сарбанд рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ронанда "Опел-Астра" Абдураҳим Латифов қоидаи ҳаракати роҳро риоя накарда, ба тарафи муқобил баромада ва бо як "Камаз" бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи "Опел-Астра" Абдураҳим Латифов ва мусофирони дохили автомашинаи ӯ Махфирати Неъматулло, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Бохтар, Розиқова Фарзона соли таваллудаш 1992 ва Ҳалимов Ҷонибек соли таваллудаш 1995 сокинони шаҳри Сарбанд ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд ва Шарифова Саида соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Бохтар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Ноиби ректори Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав афзуд, ки раҳбарияти донишгоҳ дар маросими ҷанозаи ин се донишҷӣ дар шаҳри Сарбанд ширкат доштанд ва барои хонаводаҳои қурбониёни ин садама 1500 сомонӣ кӯмак кардаанд.

Дар соли равон барои бори дувум аст, ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа ба фалокат дучор мешаванд. Сӯхторе, ки шаби 19 ба 20 сентябри соли ҷорӣ дар корхонаи тавлиди гӯшту ҳасиби Қӯрғонтепапа рух дод, ҷони Неъматулло Ҳусейнов ва Мударриси Рауф, донишҷӯёни соли дувуми ҳамин донишгоҳро гирифт. Неъматулло дар бахши физикаю математика ва Мударрис дар факултаи филология таҳсил мекардаанд. Маҳмад Шодиев, раиси Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа гуфта буд, ба ҳар кадом хонаводаи ин донишҷӯён 1000 сомонӣ кумак карда, харҷи расонидани ҷасадҳоро низ, ки яке аз ноҳияи Вахшу дигаре аз Қумсанир будаанд, ба зимма гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG