Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 3 нафар дар ҳоҷатхона. Бо умеди наҷоти гӯсола қурбон шуданд. ВИДЕО


Ҳодисае, ки наздики се ҳафта пеш дар деҳаи Навободи ноҳияи Ҷомӣ рух дод, имрӯз ҳам бисёриҳоро афсурдаву ғамгин медорад. Талоши наҷоти гӯсолае, ки ногаҳон ба ташноби ҳавлие афтод, ҷони се марди дигари сокини деҳаро гирифт.

Фоҷеа рӯзи 14-уми сентябр рух дод. Гӯсолае дар як ҳавлӣ дар деҳаи Навободи ҷамоати Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ногаҳон ба ташноби сохти қадима афтод. Садои доду фарёди занеро шунида, мардони ҳамсоя барои наҷоти гӯсола шитофтанд. Вале на гӯсоларо наҷот доданду на худро. Дар натиҷа, як омӯзгор, як кишоварз ва як хонандаи мактаб ҳалок шуданд.

Шом буд...

Маҳмадсаид Самадов, ки тоза аз беморхона баромадааст, дубора ба кори омӯзгориаш баргашт, вале дарди марги фарзанди 28-солааш, ки баъди сараш ду кӯдаки дигар ятим монд, ӯро ҳар соату ҳар рӯз азоб медиҳад. Маҳмадсаид Самадов ҳодисаро ба хотир оварда, гуфт, фарзандаш ба кӯмаки ҳамсоя шитофт, вале дигар барнагашт.

​"Шом буд, ки писарам аз хона хесту ба хонаи ҳамсоя омад. Хостанд, ки гӯсоларо наҷот диҳанд, вале ба ташноб афтиданду ҷон доданд. Писарам хост, ки Суҳроб (ҳамсоя)-ро наҷот диҳад, вале чун ба ташноб даромад, аз ҳуш рафту ҷон дод. Худам хостам наҷоташ диҳам, вале ман ҳам аз ҳуш рафтаму дар бемористон ба ҳуш омадам. Дар ин ҳодиса се нафар ҷон дод",-гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Ҳалокати 3 нафар дар ҳоҷатхона. Бо умеди наҷоти гӯсола қурбон шуданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:00 0:00

Маҳмадсаид Самадов мегӯяд, танҳо дар беморхона фаҳмид, ки писарашро аз даст додааст: "Духтурҳоро пурсидам, ки бахши эҳиёгарӣ бурдед ё не? Гуфтанд, ки сиҳат ҳастанд, вале баъд фаҳмидам, ки фавтидаанд. Худам вақте, ки дохили ташноб шудам, бӯи газ ба машомам расид. Вақте баъди бемористон ба хона омадам, аз одамҳои зиёд фаҳмидам, ки мурдаанд."

Сафаргул Ҳафизова, модари 60-сола ҳам мотам дорад. Дар талоши наҷоти ҷони гӯсола ду писари ӯ ҷон доданд. Ин модар мегӯяд, ки нахуст Суҳроби 24-солааш хост гӯсоларо наҷот диҳад, вале аз ташноб набаромад. Баъд Муҳаммадҷони 17-сола хост, ки бародарашро наҷот диҳад, вале ӯ низ дар дохили ташноб монд.

Марде, ки ду писарашро аз даст дод

Ҳусейн Исмоилов, падари Суҳробу Муҳаммадҷон мегӯяд, нотавонии ӯ дар наҷоти ҷони ду фарзандаш пайваста азобаш медиҳад ва ин саҳнаи ваҳшатноки марги писарҳо ҳамеша дар пеши чашмонаш аст.

Ҳусейн Исмоилов
Ҳусейн Исмоилов

"Як гов харидем, ки гӯсола кунад. Гӯсола дар ташноб афтид. Писарам гуфт, ки гӯсоларо мегирам. Ин ҳодиса шуд. Писари дигарам низ даромаду ҳарду ҷон доданд. Писари ҳамсоя низ расид, мехост кӯмак кунад, у низ ҷон дод. Писари хурдиям дар мактаб мехонд, орзу дошт, ки низомӣ шавад. Писари дуюмам хоҷагӣ дошт, пахтакорӣ мекард."

Ин хонавода мегӯяд, баъди ин фоҷеа дасту дилашон аз зиндагӣ сард шуд. Гови модари гӯсолаи ба гуфтаашон "бехосият"-ро бурда фурӯхтанд.

Ин падару модар бо гузашти чанд рӯз аксҳои фарзандонро мегиранду гиря мекунад, вале пизишкон мегӯяд, ки агар онҳоро сари вақт ба бемористон меоварданд эҳтимоли зинда буданашон будааст. Пизишкон сабаби марги се ҷавонро дар гази пору ё ахлоти ташноб медонад, ки гази буғикунанда хориҷ мекардааст.

Табибон: "Агар сари вақт меоварданд..."

Ҳабибулло Қодиров, як масъули бемористони марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки агар ин шаҳрвандонро сари вақт ба бемористон мерасонидаанд, зинда мемонданд:

Сӯҳроб -- яке аз қурбониёни ҳодиса.
Сӯҳроб -- яке аз қурбониёни ҳодиса.

"Ду кас ба беморхона оварда шуд, як нафар зинда монд ва дигараш бо вуҷуди талошҳои мо зинда намонд. Гази ташноб ё гази буғикунанда аст, ки хеле хатарнок аст. Вақте нафас мегирад зуд инсонро заҳролуд мекунад ва ба марг мерасонад. Онҳо аз гази ташноб ҷон додаанд. Мардум дар бораи хатари ин газ намедонад."

Аз чаҳор нафаре, ки дар ташноб афтидаанд, танҳо Маҳадсаид Самадов наҷот ёфт. Ӯ мегӯяд, ҳамон лаҳзаҳо ёд дорад, ки мардум ӯро аз банди дар миёнаш буда ба берун баровардаанд.

Ҳодисаи камназири ҳалокат аз бӯи гази ташноб

Сокинони маҳалллӣ мегӯянд, ки ҳодисаи марг дар ташноб бар асари заҳролудшавӣ аз гази партов камназир аст.

Моҳи марти соли ҷорӣ дар ноҳияи Намангоҳи Узбекистон ҳам марде ҳангоми талоши аз дохили ташноб берун кашидани телефони навъи "Айфон" даргузашт. Табибон гуфтанд, ки мард аз гази нафасгири ташноб ҷон дод.

Дар аксар манотиқи деҳоти Тоҷикистон шеваи қадимаи сохтани ташноб ҳифз шудааст. Вале донишмандон мегӯянд, ки дар натиҷаи солҳои зиёд дар чуқурии дорои як шикофӣ ҷамъ шудани ахлот, гази нафасгири метан ҳосил мешавад, ки дар натиҷаи нафаскашии инсон боиси марг мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG