Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон кишвари "осебпазир" дар баробари бемориҳои сироятӣ номида шуд


Се созмони маъруф дар як пажӯҳиши худ Тоҷикистонро дар қатори кишварҳое гузоштаанд, ки “омодагии камтар” дар баробари бехатарии сиҳатии сокинонаш дорад.

Бахши бехатарии сиҳатии Маркази “Ҷон Ҳопкинс”, созмони "Ташаббуси созиши ҳастаӣ" ва созмони “Воҳиди иттилооти иқтисодӣ” (The Economist Intelligence Unit) дар чаҳорчӯби “Шохиси амнияти сиҳатии ҷаҳонӣ дар соли 2019" Тоҷикистонро аз ҷумлаи кишварҳое номидаанд, ки сокинонаш дар баробари бемориҳои сироятӣ осебпазир ҳастанд.

Аммо масъулини Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, дар доираи даҳҳо барномаи беҳдоштии аҳолӣ солимии сокинон беҳтар ва шумораи бемориҳои вогир коҳиш ёфтааст.

Гузориши ин се созмон, ки рӯзи 24 октябр дар Вашингтон нашр шуд, заъфҳои ҷиддӣ дар тавонмандиҳои кишварҳоро дар амри ҷилавгирӣ, ташхис ва вокуниш ба бурузи бемориҳо мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Ба навиштаи муаллифони гузориш, вазъи сиҳатии инсонҳо дар саросари ҷаҳон чунон заъиф аст, ки ҳеҷ кишваре дар ҷаҳон пурра ва ҳамаҷониба омода нест, ки бо эпидемия ё бемориҳои ҳамагир муқовимат кунад. Муаллифон вазъи 195 кишварро баррасӣ карда, онҳоро ба се гурӯҳ ҷудо кардаанд. Кишварҳое, ки дар баробари амнияти сиҳатии сокинон “омодагии бештар” доранд, онҳое, ки “каме омода” ҳастанд ва онҳое, ки “омодагии камтар” доранд.

Тоҷикистон аз назари вазъи амнияти сиҳатиаш дар руйхати кишварҳоест, ки “омодагии камтар” дошта, дар мақоми 130-юм қарор гирифтааст. Яъне, сатҳи хатар ба саломатӣ аз ҳама баландтар арзёбӣ шудааст.

Наврӯз Ҷаъфаров, корманди як пажӯҳишгоҳи назди Вазорати тандурустӣ ва собиқ муовини вазири ин Вазорат дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба хулосаи ин таҳқиқот чандон розӣ нест. Ӯ гуфт, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ соле пеш Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои орӣ аз вараҷа ҷой дод.

“То чанд соли пеш ин беморӣ дар мо вуҷуд дошт, вале дар пайи талошҳои зиёд тақрибан дигар гирифторони вараҷа сабт намешавад. Эътирофи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ин маъно аст, ки Тоҷикистон барои ҳифзи сиҳатӣ талош кардааст ва як бемории хатарнокро дар кишвар ба поинтарин сатҳ расондааст”,--гуфт ӯ.

Аммо дар арзёбии умумии муаллифони гузориши “Шохиси амнияти сиҳатии ҷаҳонӣ” гуфта мешавад, ки ҳатто дар 60 кишваре бо даромадҳои баландтарин дар ҷаҳон амнияти сиҳатӣ пурра таъмин нашудааст, вале ба забони муҳаққиқон, бар асоси меъёри баҳои 100-балла–51,9 баллро ташкил медиҳанд.

Эрнест Монис, яке аз муаллифони ин таҳқиқот аз созмони "Ташаббуси созиши ҳастаӣ" гуфт, ки натиҷаҳои таҳқиқоти онҳо “ташвишовар” ҳастанд, чунки ба андешаи онҳо, “таҳдидҳои ҷаҳонии биологӣ дар ҳоли афзудан аст ва ин таҳдидҳо назар ба системаи беҳдошт, амният, илм ва омодагии ҳукуматҳо бо суръати шадидтар зудтар тавсеа меёбанд”.

Дар чанд соли гузашта борҳо Русия муҳоҷирони тоҷикро ба он айбдор кард, ки аз сафар ба ватани худ бемориҳои хатарноки сироятиро ба Русия меоранд. Ҳоло ҳам расонаҳои ахбори оми Русия аз чунин хабарҳо зиёд нашр мекунанд, вале бархе аз чунин хабарҳо тасдиқи худро наёфтаанд. Ба ақидаи коршиносон дар ҳоли паҳн шудани бемориҳои вогир, сарчашмаро муайян кардан на ҳамеша имконпазир аст.

Муҳаққиқон мегӯянд, нигаронии онҳо ин аст, ки аксар кишварҳои ҷаҳон омода нестанд, ба фоҷеаҳои биологии ҷаҳонӣ ва нишонаҳои бемориҳои босуръат паҳншаванда сареъ вокуниш нишон бидиҳанд; танҳо камтар аз 5 дарсади кишварҳо гуфтаанд, ки ҳадди аққал як бор дар сол омодагии марказҳои фаъолияти изтирорӣ дар ҳолати сар задани бемориҳоро мавриди санҷиш қарор медиҳанд ва аксари кишварҳо барои пур кардани халои молӣ ё пулӣ дар ҳолати сар задани ноамнии сиҳатӣ маблағ ҷудо намекунанд.

Танҳо 10 дарсади раҳбарон бо тасмимҳои худ нишон додаанд, ки барои беҳбуди вазъи сиҳатӣ дар ҷаҳон талош мекунанд.

Муаллифони тақҳиқот машварат додаанд, ки мавзӯи таҳдид ба амнияти сиҳатӣ аз ҷониби ҳукуматҳои ҷаҳон ҷиддӣ гирифта шавад ва дар сатҳи сиёсӣ тасмиму барномаҳои шаффофе қабул шавад, ки кишварҳоро дар муқобили ин таҳдидҳо омода ва нирӯманд гардонад.

XS
SM
MD
LG