Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми се сокини Норак барои боло кардани парчами ДИИШ. АКСУ САДО


Додгоҳи вилояти Хатлон се сокини ҷамоати Пули Сангини шаҳри Норакро барои боло кардани парчами сиёҳе монанд ба байрақи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" гунаҳкор донист. Темур Бойзода – муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон – рӯзи 22 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Сайфиддин Азимов, Манучеҳр Ёров ва Иброҳим Мирзоев 3-солӣ аз озодӣ маҳрум шуда, вале ҳанӯз ҳукмашон ба иҷро надаромадааст. Ӯ гуфт, "ин ҳукм ҳафтаи гузашта содир шуд".

Бо ин ҳол, наздикону вакилони дифои маҳкумшудаҳо то ҳол дар ин бора изҳори назар накарданд.

Бино ба иттилои додгоҳ, ҳарсеи маҳкумшудаҳо муҷаррад буда ва якеи онҳо дар нерӯгоҳи "Бойғозӣ" кор мекардааст. "Дувумӣ аз Русия ихроҷ шуда ва саввумӣ муваққатан бекор буд", - гуфтанд дар додгоҳ.

Ин афрод соли 2015 боздошт шуда, алайҳи онҳо бар асоси моддаи 307, прим 1-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ", парванда боз шуда буд. Мақомот гуфтанд, ин се нафар дар баландие парчами сиёҳи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро барафрохта, баъд аз як рӯз пушаймон шуда, онро барчидаанд.

Дар Норак парчамбардорони гурӯҳи даҳшатафкани "давлати исломӣ" маҳкум шуданд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Темур Бойзода афзуд, “онҳо худашон ин матои сиёҳро харида гузоштаанд. Пушаймон шудаанд. Ба гуноҳашон иқрор шуданд. Онҳо гуфтанд, ки парчамро рӯзи дигараш канда партофтаанд.” Сироҷиддин Маҳмудов, раиси ҷамоати Пули Сангин низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҷавонон қабл аз боздошт низ бо рафторҳои худ аз дигарон фарқ мекарданд. "Вақте боздошташон карданд, ба ҷойи ҳодиса рафтем. Ҳайрон шудам, ки чаро парчами кишвари худамонро нагузоштаанду як парчами бегонаро гузоштаанд?" – гуфт ӯ.

Додгоҳҳои Тоҷикистон даҳҳо нафарро ба иттиҳоми ҳамкорӣ ва ё узвият дар гурӯҳи "Давлати исломӣ" равонаи зиндон кардаанд
Додгоҳҳои Тоҷикистон даҳҳо нафарро ба иттиҳоми ҳамкорӣ ва ё узвият дар гурӯҳи "Давлати исломӣ" равонаи зиндон кардаанд

Бо ин ҳол, наздикону вакилони дифои маҳкумшудаҳо то ҳол дар ин бора изҳори назар накарданд. Инчунин, маълум нест, ки худи маҳкумшудаҳо дар мурофиа ҷараёни ҳодисаро чи гуна тасвир кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ду соли ахир аз боздошти чанд гурӯҳи ҷавонҳо бо айни ҳамин иттиҳом хабар доданд. Дар ду ҳодисаи ҷудогона дар моҳи августи соли 2015 дар шаҳри Норак ва ноҳияи Шаҳритус гурӯҳи 14 ва 8-нафараи ҷавонҳо боздошт шуда барои тарафдорӣ аз ақидаҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва барафроштани парчами ин гурӯҳ дар маркази ин манотиқ муттаҳам шуданд.

Мақомоти амниятӣ дар Кӯлоб ҳам як ҷавонро ба иттиҳоми барафрохтани парчами сиёҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар дарвозаи ин шаҳр боздошт карда буданд. Як ҷавон низ дар Душанбе барои насби байрақи сиёҳи ДИИШ бар болои пули маҳаллаи 103 боздошт ва равонаи зиндон шуд. Мақомоти Тоҷикистон, ки мегӯянд, на камтар аз 1500 шаҳрванди ин кишвар ба сафи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" пайвастааст, ҳамаҷониба зидди ақидаҳои ифротӣ мубориза мебаранд ва камтарин нишонаҳои тарафдорӣ аз ин ақидаҳоро бо роҳи боздошту ҳабс пешгирӣ мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома

Шояд инҳо ҳам писандатон ояд

XS
SM
MD
LG