Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон се шаҳрванди Молдоваро ба асорат гирифтанд


Ҳукумати Молдова мегӯяд, 3 шаҳрванди он кишвар миёни онҳое мебошанд, ки Толибон баъд аз суқути чархбол дар шимоли Афғонистон боздошт кардаанд. Кобул мегӯяд, талошҳо барои раҳоии сарнишинони ин чархбол идома дорад.

Ҳукумати Молдова мегӯяд, се шаҳрванди он кишвар дар миёни онҳое мебошанд, ки Толибон баъд аз суқути чархбол дар шимоли Афғонистон боздошт кардаанд. Георгий Брега, иҷрокунандаи мақоми нахуствазири Молдова рӯзи 25 ноябр гуфт, ки се сарнишини чархбол, яъне 2 халабон ва як муҳандиси чархболи ғайринизомӣ шаҳрвандони Молдова буданд, ки дар миёни бедаракшудагон мебошанд.

24 ноябр ин чархбол дар ҳолати садамавӣ бо душвориҳои фаннӣ дар вулусволии Паштункути вилояти Форёб ба замин нишаст. 21 нафар дар чархбол нишаста буданд.

Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон рӯзи 25 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "дирӯз баъд аз чошт як чархбол, ки аз Мазори Шариф ба тарафи Форёб мерафт, бинобар мушкили техникӣ дар вулусволии Паштункут ба таври изтирорӣ фуруд омад. Дар он минтақа мухолифон буданд ва миёни Толибон ва персонали чархбол задухӯрд сурат гирифт ва ду нафар сарбози мо мутаассифона шаҳид шуданд ва як нафар аз ҳайати парвози чархбол. 18 нафар ки ду нафарашон хориҷӣ ҳастанд, ба дасти мухолифон асир гардида ва амалиёт ҳоло дар онҷо ҷараён дорад."

Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, ки ин чархбол ба як ширкати хусусӣ тааллуқ доштааст ва сарбозони артиши он кишварро аз шаҳри Мазори Шариф ба вилояти Форёб интиқол медодааст.

Толибон бо нашри эъломия гуфтаанд, ки 5 тан аз сарнишинони ин чархболро кушта ва 15 тани дигарро асир гирифтаанд. Он ҳамчунон иддао кардаанд, ки ин чархбол аз тири онҳо маҷбур ба фуруди изтирорӣ шудааст ва сарнишинони ба асоратафтодаро ба ҷои амн мунтақил кардаанд. Толибон гуфтаанд, ки агар нерӯҳои артиш талошҳо барои раҳоии онҳоро қатъ накунанд, онҳо асиронро хоҳанд кушт.

Вазорати дифои Афғонистон ҳам мегӯяд, ки талошҳо барои раҳоии сарнишинони ин чархбол аз дасти Толибон идома дорад.

Дар чанд моҳи гузашта ин чандуми чархбол аст, ки дар Афғонистон суқут ва ё ҳам бинобар мушкилоти техникӣ, ба таври изтирорӣ дар замин фуруд меоянд. Чанде пеш дар нишасти изтирорӣ чархболи нерӯҳои байналмилалӣ дар шаҳри Кобул низ чанд тан аз нерӯҳои хориҷӣ кушта ва захмӣ шуданд. Пеш аз он дар вилоятҳои Лугар ва Бомиён низ ду чархболи нерӯҳои амниятии афғон ба сарнавишти монанд рӯбарӯ гардида ва талафоте низ дар пай доштанд.

XS
SM
MD
LG