Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои сангини ҳамла ба манзили раиси вақти Бонки миллӣ


Гумонбарон дар лаҳзаи эълони ҳукм
Гумонбарон дар лаҳзаи эълони ҳукм

Додгоҳи Олии Тоҷикистон пас аз ҳашт соли ҳамла ба манзили Муродалии Алимардон, муовини нахуствазири ин кишвар 3 нафарро бо ҷурми анҷоми ин ҳамла аз 22 то 24 сол ҳукми зиндон дод.

Бино бар иттилоъи мақомот, ин ҳамла шаби 29 ба 30 июни соли 2005 бо мақсади дуздӣ ба амал омада, дар он чаҳор нафар, аз ҷусмла се муҳофизи расмии ин манзил ширкат кардаанд. Кормандони собиқи раёсати муҳофизати вазорати умури дохилӣ Зайниддин Самадов ва Дилшод Мирзоев ва посбони хона Умед Насриддинов танҳо дар моҳи майи соли равон боздошт шуданд. Қобил Улуғов, ширкаткунандаи дигари ҳамла, ки қатли посбони дигари манзили падарии Муродалӣ Алимардонро кори дасти ӯ медонанд, ҳанӯз дар озодист.

Эълони ҳукми омилони ҳамла ба манзили Муродалӣ Алимардон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00
Линки мустақим


Мирзо Каримов, додраси Додгоҳии олии Тоҷикистон рӯзи 30 сентябр ҳангоми эълони ҳукмгуфт, ин се тан бо Улуғов тарҳи ҳамларо омода карда, аммо ҳангоми иҷрои он Бозор Саидов, яке аз посбонҳои дигари ин манзил, кушта шуда, аҳли хонаводаи мақоми давлатӣ осеби ҷисмониву равонӣ дидаанд. Ба гуфтаи додрас, Умед Насриддинов бо вуҷуди посбони манзил буданаш ба сифати ёрдамчӣдар ин ҷиноят шарик будааст.

Эълони ҳукми омилони ҳамла ба манзили Муродалӣ Алимардон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00


Мирзо Каримов гуфт, "дар пайи таҳқиқ додгоҳ, Зайниддин Самадов ва Дилшод Мирзоев ба 24 солӣ ва Умед Насриддинов ба 22 соли зиндон бо адои ҷазо дар зиндони низомаш сангин маҳкуи шуданд." Аммо додраси парванда мегуяд, ки ба сабаби ҷавон будан, фарзандони хурдсол доштан ва бори аввал ҷиноят содир карданашон бар асоси моддаи 13-и Қонуни афви Тоҷикистон дусолӣ аз ҳукми онҳо коста шудааст.

Бо ин вуҷуд, пайвандони маҳкумшудаҳо ба ҳукми додгоҳ эътироз карда ва мегӯянд, ки он беадолатона аст.

Муҳаббат Мирзоева
Муҳаббат Мирзоева
Муҳаббат Мирзоева, хоҳари калонии Дилшод Мирзоев, яке аз маҳкумшудагон дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, бародараш касеро накуштааст ва он чи дар ҳаққи ӯ мегӯянд, тӯҳмат аст. Ба қавли Муҳаббат Мирзоева, аз хонаи Дилшод Мирзоев на яроқ пайдо кардаанду на тир дарёфтанд: «Алимардонов одами пулдор аст, метавонад ба воситаи вазорату вазирон ҷинояткорро пайдо кунад. Бигузор ҷинояткори асосиро кобанду ёбанд. Додари маро фиреб карда бурдаанд. Тиру автомату пистолет мегӯянд, намедонам, ин ҳама аз куҷо аст? Одамкушро оварда 4 сол ҳукм карданд, аммо додари ман, ки одам накуштааст, 22 сол маҳкумаш карданд.»

Ин ҳам дар ҳоле, ки мақомот мегӯянд, ду ғоратгар бо таппончаи «Макаров» ва яки дигар бо мусалсали «Калашников» мусаллаҳ буданд ва як нафарро ҳам аз манзили Муродалӣ Алимардон гаравгон гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Сипар Маҳкамов, вакили дифоъи Зайниддин Самадов мегӯяд, ҳангоми тафтишоти пешакӣ зерҳимояаш ба пуррагӣ худро гунаҳкор ҳисобида буд, бинобар ин дигар наметавонанд ба додгоҳ шикояти касатсионӣ барад.
Ҷаноби Маҳкамов мегӯяд, муваккили ӯ дар ин ҳамла нақши асосӣ надошт, балки дар пушти қабристони воқеъ дар назди хонаи Муродалӣ Алимардон фақат ҳамчун дидбон истода, мебоист дар сурати пайдо шудани нафаре ҳамроҳонашро огоҳ мекард.

Ба ин далел, вакили дифоъ иддао дорад, ки зерҳимояаш - Зайниддин Самадов - дар куштори муҳофизи собиқ раиси Бонки миллӣ даст надорад. Гуфта мешавад, Қобил Улуғов, ки ҳанӯз боздошт нашудааст, касест, ки гумонбари аслӣ дар қатли посбон Бозор Саидов шинохта мешавад.

Муродалӣ Алимардон
Муродалӣ Алимардон
Ҳамла ба хонаи Муродалӣ Алимардон шаби 29 ба 30 июни соли 2005 дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Ноҷии болои ноҳияи Ҳисор, 35-километрии ғарби Душанбе рух дода, ба далели мақоми баланди соҳиби манзил, ки он вақт раиси Бонки миллӣ буд, аз пурсарусадотарин ҷиноятҳои он давра маҳсуб мешуд. Гуфта мешуд, ҳамлагарон аз хонаи собиқ раиси Бонки миллӣ 9 ҳазор доллари нақд ва тилловорӣ ба маблағи 4 ҳазор долларро рабуда, посбони манзил Бозор Саидовро бо таппончаи тамғаи «Макаров» ба қатл расондаанд.

Сеи омили дуздӣ ва қатли посбони хонаи собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳоло муовини сарвазир Муродалӣ Алимардона - Умед Насриддинов, Зайниддин Самадов ва Дилшод Мирзоев - дар моҳи майи соли равон боздошт шуда, бино ба иттилои мақомот, нафари чаҳорум - Қобил Улуғов, ки гӯё маҳз ӯ посбонро куштааст, ҳамчунон дар ҳоли фирор ба сар мебарад.

Алайҳи аъзои ин гурӯҳ бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноӣ - 104 (одамкушӣ), 130 (одамрабоӣ), 195 (ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 249 (роҳзанӣ) ва 254 (соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани амволе, ки баръало бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст) парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда буд.
XS
SM
MD
LG