Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Во-аҷабо! Саргузаштҳои аҷибу ғариби се номзади ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ


Масъулони ҲНИТ мегӯянд, дар ноҳияи Рӯдакӣ номзадии се нафар аз ин ҳизби мухолифро бар асоси аризаҳои қалбакии шахсони номаълум бекор кардаанд.

Се номзад ба вакилии маҷлиси ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки номзадиашон бар асоси аризаҳои, ба иддаои онҳо, қалбакии шахсони дигар бекор шудааст, хостори таҳқиқи ин қазия аз сӯи мақомоти ин ноҳияи воқеъ дар шафати пойтахти Тоҷикистон шудаанд. Бобоҷон Қаюмзод, раҳбари бахши таблиғотии ситоди интихоботии ҲНИТ рӯзи 24 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ин се нафар аллакай аризаи худро ба унвони додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ навиштаанд, ки фардо тавассути ситоди ҲНИТ супурда хоҳад шуд.

Ба гуфтаи масъулони ҲНИТ, афроди номаълум аз номи се номзади ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон ба маҷлиси ноҳияи Рӯдакӣ ариза навиштаанд ва кумиссиюнҳои маҳаллӣ бар асоси ин арзиҳои қалбакӣ номзадии ин се нафарро лағв кардаанд.

Ин се номзад ҳанӯз ҳафтае пеш шаҳодатномаи номзадӣ ба маҷлиси ноҳиявӣ дар ҳавзаҳои 18,30 ва 37-уми ноҳияи Рӯдакиро ба даст оварда будаанд, вале рӯзи 24 феврал, ҳамагӣ 4 рӯз пеш аз интихоботи порлумонии 1 март огоҳ шудаанд, ки гӯё ... бо хоҳиши худашон ариза дода, номзадиашонро аз интихобот пас кашидаанд.

Ин 3 нафар - Аҳмадҷон Сангов, номзад ба вакилӣ дар ҳавзаи Рӯдакӣ, 37, Абдунаим Каримов, номзад дар ҳавзаи Рӯдакӣ, 18 ва Маҳмадназар Хоҷаев, номзад ба вакилии маҷлиси ноҳиявӣ дар ҳавзаи Рӯдакӣ, 30 буда, ҳарсеяшон санаи 12-уми феврал соҳиби шаҳодатномаи номзадӣ шудаанд, аммо ба гуфтаи масъулони ҲНИТ, ҳамагӣ чанд рӯз баъд бар асоси аризаи қалбакии шахсони ношинос номзадии ҳарсеро дар ин ҳавзаҳо бекор кардаанд.

Дар сомонаи ҲНИТ акси протоколи маҷлиси кумиссиюни интихоботӣ дар қитъаи рақами 37, воқеъ дар минтақаи Роҳатӣ дар канораҳои шарқии Душанбе, ҳанӯз аз 15 феврал бо имзои раиси ин қитъа Султонмурод Табаров ва котибаш А.Бекназаров нашр шудааст, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

“Рӯзномаи маҷлис:

  1. Оидид аризаи бозпаси Сангов Аҳмадҷон, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони ноҳияи Рӯдакӣ.

Раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ рақами 37 Ттабаров Султонмурод баромад намуда, масъалаи дар рӯзномаи маҷлис бударо ба ҳозирон хонда дод. Ҳайати комиссияи ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ рақами 37 ба хулосае омад, ки бинобар сабаби аризаи бозпаси Сангов Аҳмадҷон, ки номзадии худро ба вакилӣ пас гирифта, мутобиқи моддаи 28-и Қонуни Конститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботии вакилон ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқӣ” бекор карда шавад.

Ҳамин тариқ, маҷлиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ рақами 37 оид ба интихоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ

ҚАРОР МЕКУНАД:

  1. Номзадии Сангов Аҳмадҷон аз ҲНИТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ бекор карда шавад.

Раиси маҷлис Табаров. С

Котиб Бекназаров А. ”

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, намояндаи ҲНИТ мегӯяд, се номзади ин ҳизб танҳо рӯзи 24 феврал огоҳ шудаанд, ки нафарони номаълум ба ҷои онҳо ариза навишта, номзадии онҳоро ботил кардаанд. Дар аризае, ки аз номи Абдунаим Каримов, яке аз ин 3 номзади ҲНИТ навиштаанд, гӯё гуфта шудааст, ки "бино бо сабаби вазъи оилавӣ ва саломатиам ман номзадиамро ба вакили халқӣ аз ҳавза бозпас мегирам.”

Ариза аз номи Аҳмадҷон Сангов
Ариза аз номи Аҳмадҷон Сангов

ҲНИТ, ки ба гуфтаи масъулонаш, беш аз 44 000 узв дорад, баъди ҳизби ҳокими халқии демократии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин ташаккули сиёсӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меояд. Бино ба натоиҷи расмии интихоботи порлумонии соли 2010, ҲНИТ бо касби қариб 9 фоиз баъди ҳизби ҳоким ҷои дувумро гирифт. Вале худи раҳбарони ҲНИТ мӯътақиданд, ки натиҷаҳои он маърака дасткорӣ шуда буд, вагарна ин ҳизб дар асл 30-35 дарсад овоз гирифта буд.

ҲНИТ дар корзори интихоботи порлумонии рӯзи 1 март низ пайваста аз фишори мақомот рӯи номзадҳояш шикоят мекунад.

XS
SM
MD
LG