Мақомоти тоҷик шиллик шудани гулӯла ва чанд тир аз ҷониби Афғонистон ба хоки Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд. Ин ҳодиса зоҳиран субҳи рӯзи 16-уми июн аз самти Афғонистон ба Тоҷикистон дар авҷи ҷангҳои миёни гурӯҳҳои шӯришӣ ва нирӯҳои ҳукуматӣ барои таҳти назорат даровардани манотиқе дар шимоли ин кишвар рух додааст.
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар пайи ин даргириҳо деҳоти Зардкамар, Гуртеппа, Ҳалқаноқ, Қуруқ дар вилояти Тахор ба дасти Толибон афтодааст. Ин деҳаҳо дар марзи Тоҷикистон қарор доранд.
Гулулае, ки аз самти Афғонистон шилик шудааст, дар пахтазори наздик ба деҳаи “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон”, собиқ Пушқоқи ноҳияи Фархор афтодааст. Ин деҳа дар 3-километрии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир аст. Масъулини Раёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон мегӯянд, шилики гулӯла ба хоки Тоҷикистонро бо ҷониби Афғонистон дар миён гузоштаанд. Мақомоти афғон мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд ин гулӯларо Толибон шиллик кардаанд.
Пираҳмад Давлатов, сокини ин деҳаи наздимарзӣ 19-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи шанбе замоне ин гулӯла дар дохили пахтазор афтод, ки занону духтарон машғули кор буданд. "Дар хона будам, ки садои баланди таркиш шуд ва аз дохили пахтазор чанг ба ҳаво хест. Занону духтарон 50-60 метр дур будаанд. Баъдан, аз мақомот омаданд, гуфтанд, ки ин снаряд аст. Мо то ҳамон вақт ҳайрон будем, ки чӣ ҳодиса шудааст",-гуфт ӯ.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Идораи марзбонии Тоҷикистон 19 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мавзӯъро таҳқиқ доранд.
Ҷониби Афғонистон мегӯяд, бо эҳтимоли зиёд ин гулуларо Толибон шилик кардаанд. Халил Асир, сухангӯи пулиси вилояти Тахори Афғонистон 19-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан чор деҳа дар наздики марзи Тоҷикистонро Толибон тасарруф кардаанд, вале нерӯҳои амниятӣ дар қиболи онҳо аз силоҳе кор нагирифтанд, ки то хоки Тоҷикистон бирасад.
-Дақиқан, ин аз сӯи нерӯҳои амниятӣ шилик нашудааст. Мо аз силоҳи вазнин кор набурдаем. Дар вулусволии Хоҷағор чаҳор русто ба дасти Толибон афтодааст. Ин рустоҳо дар наздикии ноҳияи Фархори Тоҷикистон қарор доранд. Даргириҳо ҳаст бо Толибон, вале мо аз силоҳҳои вазнин, ки то он тарафи марз тираш биравад, истифода накардем. Ба ҳамин далел, мо гумон мекунем, ки он гулӯларо мухолифони мусаллаҳ шилик кардаанд,-гуфт Халил Асир.
Сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ва Панҷ низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шоҳиди афтодани тирҳо аз он тарафи марз шудаанд, вале он тирҳо хурд буда, ҳеҷ ҷоеро тахриб накардаанд. Аммо гулӯлае, ки дар ноҳияи Фархор афтодааст, бузургтар буда, масоҳати 3 метри мураббаъ аз пахтазорро хароб кардааст.
Ду соли пеш низ ба хоки Тоҷикистон ду гулӯла афтода буд, ки мақомоти Афғонистон онро "иштибоҳӣ" унвон карда буданд. Мақомоти афғон он замон гуфтанд, ки ин ду гулӯла аз сӯи нерӯҳои ҳукумати Афғонистон дар минтақаи Дарқади вилояти Тахор, ҳаммарзи ноҳияи Фархори Тоҷикистон ҳангоми ҳамла ба гурӯҳи Толибон дар моҳи августи соли 2015, партоб шуда буд.
Дар ду соли ахир бори дуввум аст, ки ба самти Тоҷикистон гулӯла партоб мешавад. То ҳол аз партоби гулӯла сокинон зиён надидаанд.