Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Душанбе нирӯгоҳи рамзии “Роғун” ба кор андохта хоҳад шуд. Ин маросим шоми 9-уми сентябр дар ҳангоми таҷлил аз 26-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор мегардад. Гурӯҳе аз духтарон ҳамчун об дар обанбори рамзӣ, ки аз ҷониби донишҷӯён намудор мешавад, мерезанд ва сипас чархаҳои рамзии “Роғун” ба кор даромада, рӯшанӣ ҳосил мешавад.

Хароҷоти баргузории ин тантанаҳои пурдабдабаро мақомоти Тоҷикистон нашр намекунанд ва вазорати молия аз шарҳи ин мавзӯъ ҳамеша худдорӣ кардааст.

Обидҷон Назаров, саркоргардони барномаи ҷашни 26-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, рӯзи 9-уми сентябр гуфт, чархаҳои нерӯгоҳ ё “Роғун”-и рамзӣ ба хотири яке аз се ҳадафи стратегии ҳукумат, яъне истиқлоли энержӣ намоиш дода мешавад. Ин масъули барномаҳои ҳунарии ҷашни истиқлол гуфт, об ва чархаи рамзии нерӯгоҳ аз ҷониби беш аз сад донишҷӯ бо либосҳои гуногун намоиш дода мешавад.

Таҳиякунандагони намоишгоҳи ҷашнии Истиқлолият мегӯянд, “Роғун”-и рамзӣ аз саҳнаҳои асосӣ аст ва дар лаҳзаҳои аввалин дар ҳузури ҳазорон нафар аз тамошобинон, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмон намоиш дода мешавад. Дар гузашта низ чанд дафъа чунин ҷашнҳои бузург ба хотири рӯзи Истиқлолият баргузор шудаанд, аммо ин бори нахуст аст, ки саҳнаи рамзии истеҳсоли нерӯи барқ намоиш дода мешававад.

“Мо об мешавем, писарон – генератор”

Иштирокдорони нирӯгоҳи рамзии “Роғун” мегӯянд, ки онҳо зери садои мусиқӣ саҳнаро иҷро мекунанд. Холида Шокирова, як донишҷӯи тоҷик, ки дар ин намоишгоҳ ҳамчун оби рамзӣ иштирок дорад, саҳнаи намоишгоҳро пурра чунин қисса кард: “Вақте мусиқӣ оғоз мешавад, духтарон ҷамъ шуда, аз боло мефароем. Баъд чарха ё генераторҳо омода мешаванд. Чархаи нерӯгоҳоро асосан писарон намоиш медиҳанд. Як қисми мо духтарон вақти ба сӯи агрегат фаромадан, мавҷи обро нишон медиҳем. Баъдан фаромада, ҳама дар гирди агрегат тоб мехӯрем. Вақте мусиқӣ тамом шуд, ҳамаамон аз саҳна берун мешавам."

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, барои иҷрои ин саҳна онҳо қариб як моҳ омодагӣ дидаанд.

50 ҳазор донишҷӯ дар намоиши ҷашни Истиқлол

Маросими асосии ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон шоми 9-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Тоҷикистон имсол аз 26-умин солгарди Истиқлолияти худ ҷашн мегирад. Барои намоиши асосии ҷашни Истиқлолият як моҳи ахир наздики 50 ҳазор донишҷӯ ва мактабхонҳо омодагӣ мебинанд.

Ҳазорҳо донишҷӯ як моҳи пеш аз таҳсил ва 9 рӯзи аввали хониш дар ин маъракаи давлатӣ банд буданд. Бархе донишҷӯёни солҳои боло мегӯянд, давоми чаҳор-панҷ соли таҳсил ҳамеша ёд доранд, ки ҳадди ақал як моҳи хониш дар давоми солро бо раҳпаймоиву ширкат дар барномаҳои ҷашнии давлатӣ сипарӣ карда, дар ин муддат аз таҳсил дар канор мондаанд.

"Маршировка" – масъалае, ки баҳсбарангез боқӣ мондааст

Масъалаи ҷалби муҳассилин ба ин ё он ҷашн, ки бо номи “маршировка” маъруф аст, то ҳол ҳамчун тасмими баҳсбарангез боқӣ мондааст. Дар ҳоле ки бисёриҳо зарурати баргузории ҷашнҳои серҷамъияту пурташвишро зери суол мебаранд, сиёсатшиносон мегӯянд, дар асл ин ҳама базмҳо бахше аз идеологияи ҳукуматист.

Хароҷоти баргузории ин тантанаҳои пурдабдабаро мақомоти Тоҷикистон нашр намекунанд ва вазорати молияи Тоҷикистон аз шарҳи ин мавзӯъ ҳамеша худдорӣ кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG