Пайвандҳои дастрасӣ

Сухани охирини Мирсаидов: Обрӯи Тоҷикистонро боло бурдам, вале маро пушти панҷара бурданд


Дар Хуҷанд мурофиаи додгоҳии журналист Хайрулло Мирсаидов ба анҷом мерасад. Рӯзи 10 июл назари айбдоркунандаи давлатӣ ва худи Мирсаидов ва ҳомиёни ӯ шунида шуд. Қарор аст фардо, 11 июл додгоҳи Хуҷанд ҳукми худро дар нисбати ин қазия эълон кунад.

Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи рӯзи сешанбе аз додгоҳ тақозо кард, ки Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистонро мутобиқи се моддаи Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор ва 13 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кунад. Ӯ аз додгоҳ хост, ки 124 ҳазор сомонӣ маблағи аз буҷа барои КВН и Тоҷикистон ҷудогардидаро, ки Мирсаидов ба қавли ӯ, ғайримақсаднок истифода кардааст, ба хазинаи давлат баргардонад.

Додгоҳ ба хонаи машваратӣ рафта, ҳукми худро фардо 11 июл эълон мекунад.

Вакилони дифои Мирсаидов зерҳимояи худро бегуноҳ медонанд ва гуфтанд, ки парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ӯ “ғайриқонунӣ” ва “беасос” боз карда шуда, тафтиши он яктарафа анҷом гирифтаааст. Онҳо аз додгоҳ хостанд холисона ва одилона қарор кунад ва Мирсаидовро сафед ва аз

Ба назари ман, ба муроҷиатномаи Мирсаидов ҳамчун ба мақолаи як рӯзноманигор баҳо дод

паси панҷара раҳо намояд.

Хайрулло Мирсаидов дар сухани вопасинаш дар додгоҳ гуфт, ӯ КВН-ро ба хотири боло бурдани имиҷи Тоҷикистон дар Русияву ҷаҳон таъсис дод ва ба ин ноил низ гардид. Ӯ гуфт, “вале аз касе на мансаб, на унвон, на пул талаб накард” ва аз пулҳои барои ин маҳфил ҷудогардида ба манфиати шахсии худ сарф накард ва КВН-ро то давраи ниманиҳоии озмуни Лигаи Маскав бурд, вале билохира ба хотири танқид аз шеваи муносибати мақомот ӯро паси панҷара бурданд.

КВН беасос таъсис шуд?

Рӯзи 10 июл Ҷӯрахон Раҳмон, муовини раиси додгоҳи Хуҷанд ва раиси мурофиаи парвандаи Мирсаидов аз анҷоми тафтиши додгоҳии парванда эълон кард ва ҷонибҳои айбдоркунандаву ҳимоятгарро ба музокира даъват кард. Рауфхон Ализода, муфаттиши додситонии Суғд, ки тафтиши пешакии парвандаи Мирсаидовро анҷом додааст, гуфт, Мирсаидов дар соли 2014 “ба таври ғайриқонунӣ” маҳфили ҳозирҷавобонро таъсис дод ва онро “беасос” КВН-и Тоҷикистон номид.

Ӯ Хайрулло Мирсаидовро ба аз худ кардан ё азонихудкунии ҳудуди 124 ҳазор маблағи барои КВН и Тоҷикистон ҷудогардида дар солҳои 2014-2017 айбдор номид. Ализода аз додгоҳ ба Мирсаидов мутобиқи моддаи “исроф ё азонихудкунӣ” - 10 сол, “сохтакории санадҳо” – 3 сол, “паҳн кардани хабари бардурӯғ” – 3 сол ва дар маҷмӯъ 13 сол ҷазои ҳабс дар зиндони низомаш пурзӯр талаб кард.

Комил Ибодуллозода, вакили дифои Олим Зоҳидзода, собиқ сардори раёсати ҷавонони Суғд, ки дар пайи шикояти ӯ додситонӣ алайҳи Мирсаидов парвандаи ҷиноӣ боз кард, аз додгоҳ талаб кард, ки ҳамчунин аз Мирсаидов 50 ҳазор сомонӣ ҷиҳати ҷуброни зарарҳои моддиву маънавии зерҳимояаш бирӯёнад.

Сухани охирини Мирсаидов: Обрӯи тоҷиконро боло бурдам

Мирсаидов дар сухани вопасинаш гуфт, ӯ пулҳои аз буҷа барои КВН ҷудогардидаро ба манфиати худ масраф накардааст. Ӯ дар шарҳи 124 ҳазор маблағҳои ба қавли мақомти тафтишотӣ, “ғайримақсаднок масрафгардида” гуфт, ки гоҳе аз рӯи зарурат маблағро барои пӯшонидани хароҷоти аз қабл пешбининашуда барои КВН дар Русия истифода кардааст. Вале мақомоти санҷиш баръзе чекҳои ӯро қабул накарданд.

Вай гуфт, барои баъзе хароҷот, масалан - либоси миллӣ аз бозор - натавонистанд чек пешниҳод кунанд. Ӯ афзуд, КВН-и Тоҷикистон таҳти раҳбариаш тавонист симои тоҷиконро, ки дар саҳнаҳои ҳаҷвии Маскав “Равшану Ҷамшуд” сохта буданд, то андозае ба самти мусбат тағйир диҳад ва заковату ҳозирҷавобӣ ва танзу шухиҳои тоҷиконро ба намоиш гузорад. Ӯ гуфт, то то кунун барои ин кораш аз касе на пул, на унвону мансаб талаб накард ва ҳама душвориҳову мушкилоти молии КВН-ро, ки доимӣ рӯ ба рӯ буд, таҳаммул кард. Аммо дар пайи расонаӣ кардани танқиди собиқ сардори раёсати ҷавонон, ки аз ӯ бо роҳи харидани микрофону додани чек ба ӯ 1 ҳазор доллар ришват хост, мақомот алайҳи худи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карданд ва ҳоло ҳудуди 6.5 моҳ паси панҷара сипарӣ мекунад.

Мирсаидов аз ҳуқуқи танқиди озод истифода кард

Дилафрӯз Самадова, яке аз вакилони дифои Мирсаидов гуфт, дар ҳоле ки Тоҷикистон аз озодии сухан ҷонибдорӣ мекунад ва аз рӯи қонунҳои кишвар таъқиб барои танқид дар Тоҷикистон манъ аст, Мирсаидов маҳз баъди танқиди раҳбари собиқи раёсати ҷавонони Суғд, ки аз ӯ бо шевае 1 ҳазор доллар ришва талаб дорад, дар як муроҷиатномаи нашрнамудаи худ дар моҳи ноябри соли 2017 аз ҷониби мақомот дастгир гардид. Хонум Самадова баъд аз анҷоми мурофиа дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Ба назари ман, ба муроҷиатномаи Мирсаидов ҳамчун ба мақолаи як рӯзноманигор баҳо дод. Дар он мақола ӯ воқеияти ҷойдоштаро дар мавриди фаъолияти КВН-и таҳти раҳбариаш бозгӯ мекунад, пешрафту мушкилоташро. Ҳамчунон ӯ бо истифода аз ҳуқуқи худ ба танқид аз дурудароз идома ёфтани санҷиши фаъолияти молии КВН аз ҷониби прокуратура, ҳамчунин аз пули худ харидани микрофонро талаб кардани собиқ раиси раёсати ҷавонон аз ӯ.

Яъне, ин ҷо Мирсаидов аз ҳуқуқи қонунии худ ба озодии ақида ва баён истифода карда, аз мақомот хост амали собиқ сардори раёсати ҷавонро бисанҷанд. Вале мақомоти тафтишотӣ ба ҷои ин баръакс, худи ӯро ба ҳабс гирифтанд ва зидди худи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Мо умедворем додгоҳ ба таври қонунӣ ва объективӣ ва асосноку одилона баҳо медиҳад ва Хайрулло Мирсаидовро бегуноҳ дониста, аз толори додгоҳ озод мекунад”.

Мурофиаи додгоҳии парвандаи хайрулло Мирсаидов рӯзи 8 июн дар додгоҳи Хуҷанд оғоз гардид ва фардо, 11 июл дар назар аст додгоҳ ҳукми худро эълон кунад. Мурофиа боз сурат мегирад ва ба толор ворид шудани хоҳишмандон озод аст. Вале аз рӯзи аввал то кунун додгоҳ ба рӯзноманигорон ба сабт ва аксгирии ҷараёни мурофиаро манъ кардааст. Рӯзи 11 июл ҳам, дархости Дилафрӯз Самадова, вакили дифои Мирсаидов аз додгоҳ, ки дар рӯзи охири бозбинии парванда барои сабту аскбардорӣ иҷоза бидиҳад, рад гардид.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG