Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чиптаҳои гарон-мушкили умдаи авиатсияи граждании Тоҷикистон


Ҳафтуми декабр бо Рӯзи ҷаҳонии авиатсияи мулкӣ мусодиф аст ва СММ сар аз соли 1996 аз тамоми кишварҳои хост, то ҳамасола ин санаро таҷлил кунанд.

Тоҷикистон дар ҳоле ин санаро баргузор кард, ки ба гуфтаи коршиносон, арсаи ҳавонавардии кишвар гирифтори бӯҳрон аст. Гаронтарин чиптаҳои ҳавопаймоӣ, сифати пасти хизматрасонӣ, саривақт анҷом нашудани парвозҳо ва маҳдуд будани ҷуғрофияи парвозҳо ба хориҷ, аз ҷумлаи мушкилоти ин бахш аст. Ин аст баҳои шаҳрвандону муштариён ва коршиносон ба вазъи кунунии авиатсияи граждании Тоҷикистон.

Аммо аз миёни ин ҳама нуқсонҳо, муштариён аз нархи гарони чиптаҳои ҳавопаймо шикоят мекунанд. Роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоӣ, гаронии чиптаҳоро ба нархи сӯзишворӣ марбут мекунанд ва мегӯянд, қимати билетҳо дар Тоҷикистон аз ҳама боло аст. Ҳоло қимати як тонна авиакеросин дар Тоҷикистон 1 900 доллари амрикоӣ аст, ки гаронтарин нарх дар миёни кишварҳои ИДМ аст. Барои мисол нархи ҳамин миқдор сӯзишворӣ дар Бишкек 1140 доллар ва дар Алма-ато 1393 доллар аст. Авиакеросинро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ягона бо номи «Ширкати сӯзишвориву таъминотӣ» ворид мекунад ва коршиносон мегӯянд, ин ширкат дар бозор мавқеи монополӣ дорад ва аз ин рӯ ҳамон нархеро муқаррар мекунад, ки худаш мехоҳад.

Аммо як масъули ин ширкат дар тамос ба радиои «Озодӣ» ба шарти набурдани номаш гуфт, сабаби аслии гарон будани авиакеросин боҷи гумрукӣ аст, ки Русия аз маҳсулоти нафтӣ меситонад. Дар ҳамин ҳол, Суҳроб Ҷӯраев, собиқ роҳбари бахши техники ширкати «Тоҷик эйр» мегӯяд, ҳарчанд «Ширкати сӯзишвориву таъминотӣ» мавқеи монополистиро дорад, аммо ин маънои надорад, ки он ҳар нархеро, ки хоҳад муқаррар мекунад: «Чун ин ширкат мавқеи монополистӣ дошта бошад дар бозор, пас нархи сӯзишвории онҳо воридмекардаро Хадамоти зиддинҳисорӣ муқаррар мекунад. Онҳо ҳар нархе, ки мегузоранд, бояд дар назди ин хадамот исбот кунанд, ки дар натиҷаи кадом хароҷотҳо ин нарх ба вуҷуд омадааст».

Зимнан, матбуоти Тоҷикистон чанд моҳи охир масъалаи боз кардани бозорр барои ширкатҳои дигарро матраҳ мекунад. Расонаҳо аз қавли бархе аз коршиносон навишта буданд, ки Тоҷикистонро месазад мисли Арманистон роҳро барои ширкатҳои бузурги ҳавопаймоии хориҷӣ боз кунад, то рақобат ба вуҷуд ояд ва ба ин минвол ҳам сифати хизматрасонӣ хуб шавад ва ҳам нархи билетҳо поин равад. Аммо мақомоти зиддахли Тоҷикистон мегӯянд, таҷрибаи Арманистон ҳоло ягон натиҷаи хуберо ба бор наовардааст ва ҳоло зуд аст то, кишвари мо низ аз ин таҷриба пайравӣ кунад.

Иброҳим Ҷобиров, раҳбари Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 7-уми декабр дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» дар робита ба ин мавзӯъ гуфт: «Ҳоло кишвари мо барои пеш гирифтани сиёсати ба истилоҳ «фазои боз», омода нест. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳоло қодир нестанд, ки бо дигар ширкатҳои калони хориҷӣ рақобат кунанд».

Дар ҳамин ҳол, Ҷӯраев собиқадори арсаи ҳавопаймоӣ мегӯяд, мушкили ин соҳа танҳо як гаронии сӯзишворӣ ва ё набуди сиёсати «фазои боз» нест: «Нархи чиптаҳо танҳо бо пеш гирифтани сиёсати «фазои боз» поин намеравад. Барои пеш бурдани соҳаи авиатсия ба он дар маҷмӯъ назар кардан (коплексӣ) зарур аст. Дар ин ҷо як зумра масъалаҳое ҳаст, ки бояд дар сатҳи ҳукумат он дида баромада шавад. Аз ҷумла масъалаи гаронии сӯзишворӣ, омода набудани фурудгоҳҳо ба талаботҳои байналмилалӣ, вобастагӣ аз мутахассисони беруна, ҳамаи ин омилҳое ҳастанд ба нархи чипта таъсир мерасонад».

Ҳоло дар Тоҷикистон се ширкати ҳавопаймоии дохилӣ, яъне «Сомон эйр», Тоҷик-эйр» ва «Ист-эйр» ва боз 20 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ дар дохилу хориҷи кишвар мусофир мекашонанд. Аммо Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон ба ширкатҳои хориҷии ҳавопаймоӣ имкон намедиҳад, ки нархи чиптаҳояшонро ба далели ҳимояти ширкатҳои дохилӣ, ба қадри қобили мулоҳиза поин бубаранд. Аз ин рӯ дар Тоҷикистон нархи билети ҳавопаймо нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна болотар аст.
XS
SM
MD
LG