Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"На рубл медиҳанд, на сомонӣ". Норизоии сокинони Кӯлоб аз кори бонкҳо. ВИДЕО


Даҳҳо сокини минтақаи Кӯлоб шикоят доранд, ки чанд рӯз ба ин тараф наметавонанд пулҳои интиқолдодаи фарзандонашонро аз бонкҳо бигиранд. Баъзе бонкҳои тиҷоратӣ ин мушкилро дар нарасидани пули нақди сомонӣ арзёбӣ кардаанд.

Додани пули интиқолӣ бо рубли русӣ дар бонкҳои Тоҷикистон манъ аст.

Қурбоналӣ Маҳмадалиев, сокини ноҳияи Восеъ се рӯз аст, ки 25 ҳазор рубли фиристодаи писарашро аз бонкҳо дастрас карда наметавонад. Маҳмадалиев, аз ҷумла ба филиалҳои бонки "Эсхата", "Ориёнбонк" ва ташкилоти қарзии "Имон интернешнл" муроҷиат кард. Дар ҳамаи ин бонкҳо ба ӯ гуфтаанд, ки барои пардохти маблағи интиқолдодаи ӯ пули сомонӣ надоранд.

"Инҳо чигуна бонк ҳастанд, ки пули сомонӣ надоранд, пас мо дигар чӣ кор кунем? Аз куҷо пул гирем? Ҳар рӯз омада навбат меистам, вале бе натиҷа",- -гуфт мусоҳиби мо.

Дӯстмурод Ёрматов, як сокини дигари Восеъ ҳам дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, се рӯзи пеш фарзандонаш аз Русия ду ҳазор рубл равон карданд, аммо дар ягон бонки ин ноҳия маблағ гирифта натавонист. Ёрматов гуфт, маҷбур шуд, барои гирифтани маблағ ба шаҳри Кӯлоб омада, пушти дари "Амонатбонк" навбат истад.

Филиалҳои минтақавии бонки "Эсхата" ва ташкилоти қарзии "Имон интернешнл" дар Кӯлоб вуҷуди мушкилро тасдиқ карданд, аммо масъулони бонки давлатии "Амонатбонк" онро рад карданд.

Намояндагони Бонки "Эсхата" ва ташкилоти қарзии "Имон интернешнл" гуфтанд, ду ҳафта ба ин тараф мушкили додани пули нақд ба сокинонро доранд, вале ин вазъ рафъшаванда аст.

Шуҳрат Усмонов, мудири минтақавии бонки "Эсхата" дар минтақаи Кӯлоб дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, 20-рӯз аст, ки аз ҳисоби пули нақди сомонӣ танқисӣ доранд. Ӯ гуфт, "ин мушкил бояд рӯзҳои наздик ҳал шавад, вале бонк пули сомонӣ пайдо карда, ҳадди имкон ба муштариён хизмат расонида истодааст."

Аммо Сайидакбар Ҳақназарзода, мудири филиали минтақавии "Амонатбонк" 20-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар филиалҳои онҳо аз надошти пул танқисӣ намекашанд. Ҳақназарзода аз ин бештар ҷузъиёт надод.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

Дар Тоҷикистон вазифаи таъмини бонкҳои тиҷоратӣ бо асъори сомонӣ ба уҳдаи Бонки миллӣ аст. Аммо масъулини дафтари матбуотии Бонки миллӣ рӯзи 20-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "дар самти таъмини пули нақди сомонӣ дар кишвар мушкил вуҷуд надорад."

Дар ин миён танҳо сокинони минтақаи Кӯлоб нестанд, ки аз пайдо шудани мушкил ҳангоми гирифтани маблағҳои интиқолӣ шикоят мекунанд. Баъзе сокинон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мушкили наёфтани пули нақд дар бонкҳои ноҳияҳои тобеи марказ низ дида мешавад.

Айни чунин шикоят аз сокинони ноҳияи Фархор ва Ҳамадонӣ низ ба Радиои Озодӣ расид. Ҳамсуҳбатони мо аз ин ноҳияҳо мегӯянд, бонкҳо маблағи интиқолии онҳоро намедиҳанд. Бархеи дигар ҳам гуфтанд, надоштани пул баҳонае беш нест. Ба гуфтаи онҳо қурби рубл боло рафт ва бонкҳо поин омадани онро нигоҳ мекунанд ва танҳо дар ин сурат боз ба сокинон пул медиҳанд. Аммо масъулини бонкҳои минтақавӣ инро рад мекунанд ва мегӯянд, гиреҳи мушкил дар нарасидани пули нақди сомонӣ аст.

Бархе масъулини бонкҳо мегӯянд, агар нарасидани пули нақди сомонӣ идома кунад, эътимоди муштариҳоро аз даст медиҳанд.

Шикояти сокинон дар гирифтани пулҳои интиқолӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки Бонки миллӣ дар ҳоли таҳияи як маркази интиқоли пул аст, ки минбаъд ирсоли маблағҳо тавассути он сурат хоҳад гирифт.

Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки муҳоҷирони кориаш солона садҳо миллион доллар ба хонаводаҳояшон мефиристанд ва пулҳои интиқолии онҳо барои иқтисоди кишвар фавқуллода муҳим аст.

Сатҳи некӯаҳволии ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон ҳам ба пулҳои интиқолии муҳоҷирон вобаста аст. Соли гузашта муҳоҷирон тавассути системаҳои интиқоли пул танҳо аз Русия ба Тоҷикистон 2,5 миллиард доллар ва дар се моҳи соли равон 462 миллион доллар фиристодаанд.

Мушкили гирифтани пулҳои фиристода аз хориҷи кишвар бо сомонӣ дар ҳолест, ки қаблан Бонки миллӣ додани пулҳои интиқоли бо рубли русиро манъ карда буд.

Шарҳҳоро бинед (15)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG