Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳматуллоҳ Зоиров: Парлумон ба рӯи демократия туф кард


Шӯрои Маҷлиси Намояндагон рӯзи 27 май тарҳи пешниҳодии Эътилоф барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистонро барои ҳамеша рад кард.

Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва аз раҳбарони Эътилоф билофосила бо нашри як изҳорот қарори Шӯрои парлумонро "туф кардан ба рӯи демократия" ва аломати набуди парлумон ба ҳайси як шохаи мустақили қудрат дар Тоҷикистон номид. Ба ақидаи оқои Зоиров, радд шудани тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи президентӣ роҳро барои тақаллуби интихоботу таҳрифи иродаи мардум мекушояд ва дар маҷмӯъ, ба маънои сарфи назар кардани мардум аст.

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон аз ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) рӯзи 27-уми май ба "Озодӣ" гуфт, ки дар ҷаласаи имрӯзи Шӯрои Маҷлиси Намояндагон(МН) масъалаи баррасии тарҳи пешниҳодии аҳзоби сиёсӣ дар феҳраст ворид гашат, вале бо даъвои шӯъбаи ҳуқуқи МН, барои ҳамеша баргардонида шуд.

Ба қавли ҷаноби Ҳусайнӣ, дар ин нишаст мудири шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси Намояндагон Усмон Охунов гузориш дод, ки тарҳи пешниҳодии аҳзоби сиёсӣ боиси ба миён омадани мухолифат ва печидагӣ дар банду фаслҳои қонун дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон хоҳад шуд. Ӯ пешниҳод кардааст, ки аз ин рӯ ин мавзуъ баррасӣ нашуда ва минбаъд ҳам барои баррасӣ пешниҳод нашавад.

Ба иттилоъи Маҷлиси Намояндагон, шӯъбаи ҳуқуқи Маҷлиси Намояндагон зикр кардааст, ки тибқи пешниҳоди аҳзоби сиёсӣ, агар мувофиқи банди 13-и қонуни интихоботи президент намояндагони аҳзоби расмии Тоҷикистон дар қитъаҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ ворид шаванд, бояд дар сатҳи раис ва муовинону котибҳои ҳавзаҳо низ аз намояндагони аҳзоби расмӣ ҷой додан лозим меояд, ки ин хилофи қонуни мазкур мебошад.

Аммо Саидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, ки пешниҳоди онҳо танҳо ҳузури намояндагони аҳзоби расмии Тоҷикистон дар сатҳи аъзои участкаҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ дар бар мегирифт. Ҷаноби Ҳусайнӣ меафзояд, ки ин ҳама иддаои шӯъбаи ҳуқуқи МН як баҳонае буд, ки нахостанд тарҳи пешниҳодии аҳзобӣ сиёсӣ ба қонуни интихоботи президент ворид шуда ва як интихоботи шаффофу мунсифона баргузор шавад.

Кумитаи тадорукоти Эътилофи аҳзобу созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли гузашта ба фаъолият шурӯъ кард, ба парлумон се пешниҳод карда буд. Инҳо -- шомил кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба комиссияҳои интихоботӣ, аз 5 ба 2 дарсад кам кардани теъдоди имзоҳо барои пешбарии номзад, пур шудани протоколи шумориши оро «бо худкори ранга», ворид кардани калимаи «протокол» ба қонун, се нусха будани он ва насб шуданаш дар даромадгоҳи қитъа буд. Парлумон моҳи феврал ин пешниҳодҳоро рад накард, балки барои бозбинӣ ва такмил ба Кумита баргардонд.

Дар ҳамин ҳол, Эътилоф боз ҳамон пешниҳод дар бораи ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар кори ҳавзаву қитъаҳои интихоботиро ироа кард, ки дар гузашта аз сӯи парлумон ба се далел рад шуда буд.

Дар ниҳоят Эътилоф барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон, аз се пешниҳоди қаблӣ, танҳо якеро ба парлумон пешниҳод кард, ки ҳоло ин ҳам барои ҳамеша радд шуд.
XS
SM
MD
LG