Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбуси "гумшуда"-ро ба модараш нишон доданд. ВИДЕО


Субҳон Қурбоновро барои қасди пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ ба зиндон маҳкум кардаанд.
Субҳон Қурбоновро барои қасди пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ ба зиндон маҳкум кардаанд.

Модари як маҳбуси тоҷик, ки аз нопадид шудани писараш баъди интиқол ба Душанбе шикоят дошт, тавонист бо ӯ мулоқот кунад. Пештар ин зам нигарон буд, ки шояд фарзандаш фавтида ё аз зиндон гурехтааст.

Бибисоч Раҳимова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, пас аз нашри гузориши Радиои Озодӣ намояндагони вазорати адлия бо вай дар тамос шуда, аз сарнавишти фарзандаш хабар доданд ва имкон доданд дар зиндон бо писараш мулоқот кунад.

Ӯ гуфт: “Аввал телефонӣ бо писарам гап задам, баъд боз аз пеш дидамаш”. Бибисоч Раҳимова барои расондани ин хабар ба дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе омад. Бибисоч Раҳимова афзуд, вазъи сиҳатии писараш хуб буд ва ба ҷуз аз табхол дар лабаш дигар ҳеҷ осори захмеро дар ӯ надид. Модари тоҷик рӯзи 10-уми июл гирёну нолон ба дафтари Радиои Озодӣ омад ва мегуфт, панҷ рӯз аст, дар куҷо будани писари маҳбусашро ба ӯ намегӯянд.

Маҳбуси "гумшуда"-ро ба модараш нишон доданд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:53 0:00

Раҳимова дар ҷустуҷӯи писар ба зиндонҳои Хуҷанд, Душанбе ва Бохтар рафтааст ва гуфт, ки дар ҳеч куҷо ба ӯ маълумоти дақиқ надодаанд. Дар Хуҷанд ба ӯ гуфтаанд, ки писараш ба Душанбе фиристода шуд. Аммо дар Душанбе ва Бохтар ба зан маълумот надодаанд ва ӯ тарсидааст, ки писараш монанди 14 маҳбусе, ки дар роҳ аз Хуҷанд ба Душанбе ба ҳалокат расиданд, фавтидааст.

Мақомоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия то ҳол расман шарҳ надодаанд, ки чаро модари ин маҳбус давоми панҷ рӯз натавонист, аз фарзандаш хабар ёбад.

Як масъули идораи зиндонҳо бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ба Бибисоч Раҳимова фаҳмонданд, ки писараш зинда аст, вале ӯ ба ин бовар накардааст. Ба гуфтаи ӯ: “мо фаҳмондем, ки фарзанди шумо дар ҳаёт аст, аммо ба гапи кӯча бовар кардаст. Ба мо ҳам гап расид. Мо фарёд карда, хонаш рафтем, шароити зиндагиаш вазнин аст.”

Бибисоч Раҳимова мегӯяд, ба муроҷиатҳои батакрораш дар чанд зиндон касе ҳатто нагуфт, ки писараш Субҳон Қурбонов зинда аст, ё не. Бо ин ҳама модари маҳбус гуфт, аз дидани писараш хурсанд шудааст ва мехоҳад, аз пайи иҷрои хоҳиши писараш дар бораи бозбинии ҳукми ӯ шавад.

Писари Бибисоч Раҳимова дар дидори кӯтоҳаш аз модар хостааст то барои бозбинии ҳукмаш ба додгоҳ муроҷиат намояд. Субҳон Қурбонов ду сол пеш бо иттиҳоми қасди пайвастан ба сафи гурӯҳҳои тундрав ба сенздаҳуним соли зиндон маҳкум шуд. Муфаттишон мегӯянд, ки гӯё мехост аз тариқи Туркия ба кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна биравад, вале дар нимароҳ боздошт ва ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Ҳалокати 14 зиндонӣ ҳангоми интиқол аз Хуҷанд ба Душанбе, ки ба гуфтаи мақомот, сабабаш нони олуда будааст, волидони садҳо зиндониро ба изтироб андохт. Ҷузъиёти норӯшани ҳодиса ба тахмину гумонҳо кашондааст. Мақомот мегӯянд, тафтиши ҳодисаро идома медиҳанд.

Вазорати адлия гуфт, ҳодиса шаби 7-уми июл баъди истеъмоли нон (хлеб) рух додааст, ки яке аз зиндониҳо дар байнашон тақсим кардааст. Воқеа дар дохили яке аз мошинҳои корвони махсуси интиқолдиҳандаи зиндонҳо рух додааст. Дар ин шаб посбонҳо 128 маҳбуси зиндонҳои Хуҷанд ва Истаравшанро ба зиндонҳои Душанбе, Норак ва Ёвон мебурданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, модарон ҳақ доранд, дар бораи фарзанди худ маълумот талаб кунанд ва вазифаи мақомот аст, ки ба онҳо чунин иттилоъро дар ихтиёри онҳо гузоранд.

XS
SM
MD
LG