Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8000 $ ришва - барои додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ


Ҷалол Исроилов, акс аз сомонаи anticorruption.tj
Ҷалол Исроилов, акс аз сомонаи anticorruption.tj

Як додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ба гирифтани 8000 доллар пора аз раҳбари як хоҷагии деҳқонӣ айбдор мешавад.

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, алайҳи Ҷалол Исроилов, як додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ бо иттиҳоми ришвахорӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Бино ба гузориши сомонаи Оҷонсии зиддифасод, парвандаи №63441 нисбати Исроилов аз сӯи раёсати тафтишоти ин оҷонсӣ таҳти тафтиши пешакӣ қарор дорад. Ҷалол Исроилов ба он айбдор мешавад, ки аз раҳбари як хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 8000 доллар пора гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки ин додрас барои ҳалл кардани шикояти ин раҳбари хоҷагӣ «бо истифода аз мақоми хизматӣ, барои дар доираи ваколатҳои мансабии худ ба манфиати хоҷагии номбурда ҳал намудани шикояти кассатсионӣ, аз роҳбари хоҷагӣ дар ду маврид, яъне тахминан 22 ноябри соли 2012 дар наздикии бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 7400 доллари ИМА ва тахминан 2-3 декабри соли 2012 дар утоқи кории худ маблағи 600 доллари ИМА, ҷамъ ба маблағи 8000 доллари ИМА-ро ба сифати пора талаб карда гирифтааст.»

Ба гуфтаи тафтишот, баъди гирифтани пора додгоҳи марҳалаи касатсионии Додгоҳи олии иқтисодӣ дар таърихи 28 ноябри соли 2012 парвандаи марбут ба он раҳбари хоҷагиро барои муҳокимаи дубора ба додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд фиристодааст.

Оҷонсии зиддифасод мегӯяд, алайҳи Исроилов далелҳои «холисона ва раднашаванда» ба даст овардааст ва зери фишори ин далоил ин додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ рӯзи 23 июн ба номи мудири Оҷонсӣ Абдуфаттоҳи Ғоиб аризаи худиқрорӣ навиштааст.

Моддаи 9-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ бе ризоияти Маҷлиси миллии порлумони Тоҷикистон мумкин нест. Маҷлиси миллӣ,рӯзи 17 июл бо дархости додситони кулл Шерхон Салимзода ин иҷозатро додааст.

Ин нахустин мавриди ифтитоҳи парванда алайҳи додраси Додгоҳҳои олии Тоҷикистон нест. Дар моҳи апрели соли 2013 додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон Нур Нуров, ки масъулияти муҳокимаи парвандаи маъруфи «исфарагиҳо»-ро бар ӯҳда дошт, бар асоси моддаи 4-и банди 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "қаллобӣ дар ҳаҷми калон" ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Дар чорчӯби парвандаи «исфарагиҳо» 31 нафар аз хешу табор ва ҳамкорони соҳибкори маъруф Низомхон Ҷӯраев ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

Аммо баъди бозгашти мармузи Низомхон Ҷӯраев ба Тоҷикистон дар апрели соли 2012 як силсила аз раҳбарони гурӯҳҳои тафтишотӣ ва додраси ин парванда ба ҷавобгарӣ кашонда шуданд. Додгоҳи худи Низомхон Ҷӯраев, ки аз замони бозгашташ аксари вақт дар як шароити нимабоздошту нимаозод дар бинои Оҷонсии зиддифасод ба сар мебурд, бояд рӯзи 18 июн шурӯъ мешуд. Вале маълум шуд, ки ӯ баъди гирифтани даъватномаи расмӣ ба мурофиа аз манзили зисте ки ахиран ба сар мебурд, «ба самти номаълум» ғайб задааст.

XS
SM
MD
LG