Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарқи хабарнигорони қирғиз аз ҳамкасбони тоҷикашон дар чист?


Айбек Кулчуманов, наворбардори бахши қирғизии Радиои Озодӣ

Намояндагони расонаҳои Қирғизистон чӣ гуна ба ҳимоят аз ҳамкори худ бархестанд ва тафовути онҳо аз ҳамкасбонашон дар Тоҷикистон чист?

"Мен/Сен "Азаттык" (Ман/Ту “Озодӣ”) чунин шиор дар рӯзҳои ахир аз ҳама бештар дар бахши қирғизии шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба чашм мехӯрад, ки пайомади муборизаи расонаҳои қирғизӣ зидди ҳуҷуми навбатӣ ба озодии сухан дар кишвар будааст. Ин бор ҷомеаи журналистии Қирғизистон барои пуштибонӣ аз корманди бахши қирғизии Радиои Озодӣ Айбек Кулчуманов бархостанд, ки ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ мавриди ҳамла қарор гирифт.

Рӯзи 18-уми сентябр дар наздикии хонаи муовини пешини Хадамоти давлатии гумрук Райим Матраимов дар шаҳри Ӯш шахсони номаълум ба наворбардор Кулчуманов ҳамла карда, дастгоҳҳо, телефони ҳушманд, санад ва калиди мошинашро кашида гирифтанд ва ба ӯ зарари ҷисмонӣ расониданд. Арзиши умумии техникаи рабудашударо бахши қирғизии Радиои Озодӣ 1 миллиону 580 ҳазор сом (тақрибан 22,5 ҳазор доллар) эълон кард.

Дар баёнияи расмии ин расона гуфта мешавад, ҳамлаварон ҳамчунин аз Райим Матраимов ном бурдаанд, ки дар мавриди он бахши қирғизии Радиои Озодӣ як таҳқиқоти рӯзноманигорӣ нашр карда буд. Дар он таҳқиқот нақшаи ба таври ғайриқонунӣ аз кишвар берун бурдани миллионҳо доллар аз сӯйи ӯ ва хешовандонаш ошкор шуданд. Таҳқиқот он замон вокуниши густардаи иҷтимоиро дар Қирғизистон ба бор овард ва идораи “Азаттик Медиа” изҳор намуд, ки он идома дорад.

"Тасвирбардории ахири Кулчуманов дар Ӯш дар доираи ҳамин таҳқиқот буд”, -- гуфта мешавад дар баёния.

Бар пояи аризаи рӯзноманигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Айбек Кулчуманов раёсати умури дохилии Ӯш бар асоси моддаи “ғорат ба миқдори махсусан калон” санад тартиб додааст. Пулис ҳамчунин хабар додааст, тарафи дигаре, ки техникаро рабудааст, ба пулис бо даъвои ҳамла ба моликияти шахсӣ ариза навиштааст. Аъзои хонаводаи Матраимовҳо аз сӯйи худ истифодаи нерӯ дар баробари тасвирбардори бахши қирғизии Радиои Озодиро рад мекунанд.

Қазияи пурсарусадо

Қазия вокуниши густардаи иҷтимоӣ аз рӯзноманигорону фаъолони маданӣ то вакилони порлумонро ба бор овард. Аксар сокинони одии Қирғизистон ҳамла ба рӯзноманигорро ҳамчун ҳуҷум ба тамоми ҷомеа ва озодии баён пазируфтаанд

Мудири "Институт Медиа Полиси" Бегаим Усенова дар баёнияи расмии худ гуфтааст, амнияти рӯзноманигорон ва мубориза бо беҷазо мондани касоне, ки ба рӯзноманигор фишор меоваранд, барои ҳифзи ҳуқуқ ба озодии сухан аҳамияти усулӣ дорад.

“Озодии сухан – на танҳо ҳуқуқи фардии инсон аст, балки ҳуқуқи ҷомеа барои дастрасӣ ба худи иттилооти гуногун низ ҳаст. Дар кишваре, ки ба рӯзноманигор бидуни ҷазо гирифтан мешавад ҳамла кард ва ё ба фаъолияти он монеъ шуд, ҷомеа зарар мебинад, тасмимҳои нодуруст пазируфта мешавад ва ҳуқуқи башар сарфи назар мегардад”, -- гуфта мешавад дар ин баёния.

Чунин мавқеъро вакили қирғиз Алмамбет Шикмаматов низ изҳор дошт. Ҳангоми баҳси озодии баён дар студияи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, вакил гуфт, рӯзноманигорон ҷомеаро ба иттилоъ таъмин мекунанд ва бидуни ин идораи ҳукумат аз сӯйи ҷомеа номумкин аст. “Барои он ки кишвари шукуфо бисозем, барои он ки ҳокимияти қонун бошад, ҷомеа бояд ҳукуматро мудирият кунад. Расонаҳо ҳастанд, ки ҷомеаро бо иттилоъ таъмин мекунанд. Шумо, ки мебинед дар кишварҳои дигар ҳангоми эътирозҳо, ҳатто дар ҷанг ба рӯзноманигорон кордор намешаванд”, -- гуфт Шикмаматов.

Дар навбати худ, бародари Райимбек Матраимов вакили порлумон Искандар Матраимов гуфт, агар наворбардори “Азаттик” ба он мавзеъ соати 7-и субҳ намерафт ва паҳпод (дрон) дар ҳудуди хонаи бародари хурдии ӯ намеафтид, ин қазия сар намезад. “Хонаи маро 5 бор ба навор гирифтанд. Ду сол аст, ки моро тафтиш мекунанд. Мо барои ҳар як тине, ки дар эъломия нишон дода шуда буд, ҳисобот додем”, - гуфт Матраимов.

Ба ҷуз ин, вакил Матраимов ба комиссияи шикоят аз расонаҳо алайҳи “Азаттик” муроҷиат кард ва ин расонаро барои инъикоси яктарафаи воқеа гунаҳкор кард.

«Ҳамрайъии касбӣ – нишонаи демократия»

Дар ҳамин ҳол намояндагони ҷомеаи мадании Қирғизистон ҳадаф доранд корро то ба охир бирасонанд ва ҳамлагарони рабтдошта ба мансабдори бонуфузи пешинро ба ҷавобгарӣ бикашанд. Раиси иттиҳодияи ҷамъиятии “Рӯзноманигорон” Марс Тулегенов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бештари ҷомеаи рӯзноманигорӣ Радиои “Азаттик”-ро пуштибонӣ мекунанд, ки умедвории хубе медиҳад. “Мо идомаи тадқиқотро ҳам дунболагирӣ мекунем ва аз ВКД мехоҳем то ҳама чиз мувофиқи қонун бошад”, - гуфт Тулегенов. Ба гуфтаи вай, ҳатто кормандони расонаҳои давлатӣ дар суҳбатҳои хусусӣ ҳимояти худро изҳор мекунанд, ҳарчанд расман хомӯширо ихтиёр кардаанд.

Далели ин фаъолмандиро Тулегенов дар ниҳодина кардани усулҳои демократӣ, вуҷуди ҷомеаи шаҳрвандии боиқтидор ва бисёр будани расонаҳои хусусӣ дар кишвар медонад, ки шуури сиёсии огоҳонаи шаҳрвандонро ҳифз мекунанд.

Ҳамрайъии рӯзноманигорон бо ҳадафи таъсир гузоштан ба қарори сиёсӣ дар фазои пасошӯравӣ раванди наве нест. Аз ҳама қазияи пурсару садои инчунинӣ дар Русия моҳи июни имсол, вақте хабарнигори пойгоҳи “Meduza” Иван Голуновро барои фурӯши маводи мухаддир муттаҳам карданд, рух дод. Расонаҳои русӣ, аз он ҷумла расонаҳои давлатӣ низ ба ҳимояи рӯзноманигор бархостанд ва парванди ҷиноӣ алайҳи ӯро ҳамчун қассос бар ивази тадқиқоти рӯзноманигорӣ арзёбӣ карданд. Таҳти фишори расонаҳо ва ҷомеа бо фармони Владимир Путин Голунов озод шуд ва кормандони пулис ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Ин ҳодиса нишон дод, ки ҳамрайъии рӯзноманигорӣ агар хоҳиш бошад, метавонад ҳато ба пуриқтидортарин режимҳои сиёсӣ, ки яке аз намунаҳои он Русия аст, асар бигузорад.

Вазъ дар Тоҷикистон

Дар мавриди вазъи ногувори расонаҳо ва озодии сухан дар Тоҷикистон вақти зиёд аст, ки мегӯянд, вале раванд тавре аз омор бармеояд ҳамоно рӯ ба пойинравӣ дорад. Мувофиқи маълумоти “Маркази мустақили ҳуқуқи инсон” дар 10 соли ахир дар кишвар наздик ба 20 расона баста шуда ё аз фаъолият мондааст. Аз ҷумла, расонаҳои мустақиле чун нашрияҳои “Суғд”, “Факты и комментарии”, “Нури зиндагӣ”, “Ҷомеа”, “Нигоҳ”, “Озодагон”. Бозори расонаҳоро ҳамчунин оҷонсиҳои бонуфузе чун “Озодагон” ва “TojNews” тарк карданд. Агар дар бораи 10 соли ахир суҳбат кунем аз нашрияи “Ҳафта” ҳам ёдовар шавем, ки рӯзноманигор Абдуқаюми Қаюмзод ташкил кард, ки ҳамагӣ баъд аз як ҳафта баста шуд. Вале вокуниши вижае аз сӯйи ҷомеаи рӯзноманигорӣ, ба ҷуз матлабҳои ҷудогонае набуд.

Ба гуфтаи раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев имкон барои ифодаи ҳамрайъӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, вале аз ин ҷо ки дар солҳои ахир дар кишвар таъқиби ошкорои рӯзноманигорон сурат нагирифтааст, ин мушоҳида нашуд. “Вале бояд гуфт, дар Тоҷикистон бар асари маҳдудиятҳои фаровон рушди расонаҳои мустақил костагиҳои зиёде дорад ва мутаассифона эътимоди мардум ба расонаҳо аксаран кам шудааст”, -- мегӯяд Қаршибоев. Ӯ мегӯяд, ки дар ҳама гуна давлати аз нигоҳи демократӣ рушдёфта низ расонаҳо ба пуштибонии ҷомеа ниёз доранд.

Бори аввал соли 2016 дар Шохиси баёналмилаии озодии баён, ки аз сӯйи гуруҳи мудофеи ҳуқуқ рӯзноманигорон “Хабарнигорони бидуни марз” ҷумҳурӣ 34 зина поин рафт ва мақоми 150-умро дар миёни 180 кишвар гирифт. То кунун Тоҷикистон дар ин радабандӣ мақоми 149-уми худро ҳифз кардааст.

Рӯзноманигори тоҷик Иршод Сулаймонӣ бо ин андеша, ки дар миёни рӯзноманигорони Тоҷикистон ҳамрайъии лозим вуҷуд дорад, мувофиқ нест. Ба гуфтаи вай фазои номусоид сабаби вобастагии муҳаррирон аз ҷойҳое, аз ҷумла аз бозор шуд.

“Яке аз далелҳои асосӣ ин аст, ки дар ин охир миёни тиҷорати расонаӣ ва фурӯхтани арзишҳои бунёдӣ ва усулии журналистика дигар фарқ нагузоштанд ва ҳар роҳи машруъ ва номашруъеро, ки метавонад пул биёварад вориди журналистика карданд. Ин омилҳо ва омилҳои дигар сабаб шуд, ки на танҳо эътимод ба рӯзноманигорон, балки эътимоди ҷомеаи рӯзноманигорӣ ба якдигар коста шавад”.

Ба гуфтаи ӯ, дар қазияи Хайрулло Мирсаидов, ки соли 2018 алайҳи ӯ парванди ҷиноӣ боз карда буданд, ҳамрайъии муайяне дида шуд, вале ҳангоми басташавии “Нигоҳ” ва “Озодагон” чунин як ҳамрайъӣ мушоҳида нагардид.

“Дар миёни рӯзноманигорони алоҳида ҳам дар расонаҳои давлатӣ ва ҳам ғайри он нафароне, ки мехоҳанд ҳамрайъӣ вуҷуд дошта бошанд зиёд аст, аммо чун масъала системавӣ нест, ин хоҳишҳо бисёр ночиз ва бетаъсир ба назар мерасанд”, -- хулоса кард ҳамсуҳбати мо.

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG