Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Келини тоҷики мушовири президенти Русия озод шуд


Юрий Глазев ва Фирӯза Савушкина
Юрий Глазев ва Фирӯза Савушкина

Мақомоти Русия парвандаи ҷиноии Фирӯза Савушкина, дӯстдухтари тоҷикистонии Юрий Глазев, писари мушовири президенти Русияро ба далели мусолиҳаи тарафҳо қатъ карда, ӯро аз боздоштгоҳ озод кардааст.

Парвандаи пурсарадои Фирӯза Савушкина, ҳамсари граждании Юрий Глазев, писари Сергей Глазев – мушовири раисиҷумҳури Русия – ба далели мусолиҳаи тарафҳо қатъ шуда, худи ӯро рӯзи 19 ноябр аз боздоштгоҳ ҷавоб додаанд. Дар ин бора як силсила расонаҳои Русия, аз ҷумла шабакаи телевизионии РЕН ТВ, ки аз оғози ин моҷароро дунбол мекард, хабар додаанд.

Фирӯза Савушкина, хидматгори собиқи хонаводаи сиёсатмадори қавмгарои рус Сергей Глазев, ки дили писари ӯро дар ниҳоят ба худ моил кард, дар моҳи сентябр бо иттиҳоми таҳдиди куштани Дилафрӯз Мирзоева ном ҳамватанаш, ки низ дар хонаводаи Сергей Глазев модари пири ӯро парасторӣ мекард, боздошт шуда буд.

Худи Дилафрӯз Мирзоева ба расонаҳои русӣ гуфта буд, ки Фирӯза Савушкина ӯро ба Юрий Глазев рашк карда, бо корд ҳамлааш оварда, таҳдид кардааст, ки агар аз дӯсдоштаи ӯ фосила нагирад, мекушадаш.

Ин қазия дар моҳи ноябр баъди як силсила мусоҳибаи Юрий Глазев бо матбуот расонаӣ шуд. Юрий Глазев модараш ва ҳам падари пурнуфузашро ба он айбдор кард, ки бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз издивоҷи ӯ бо ин зани тоҷикистонӣ Фирӯзаро ба тӯҳмат зиндонӣ кардаанд.

Сергей Глазев, тавре аз сабти як сӯҳбати телефонии ӯ бо писараш бармеояд, ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, барои раҳоии келинаш вакили мудофеъ гирифтааст. Юрий Глазев аммо ҳафтае пеш ба ин вакил изҳори нобоварӣ кард ва ба ҷои вакили дигаре гирифт, ки дар муддати ҳамагӣ чизе бештар аз як ҳафта ба раҳоии Фирӯза Савушкина ноил шудааст.

Писари ба дилбари шарқӣ дилбохтаи мушовири президенти Русия ҳамагӣ 23-сола аст. Дӯстдоштаи ӯ Фирӯза Савушкина 32 сол ва аз издивоҷи қаблиаш бо як марди рус духтаре бо номи Полина дорад. Ӯро ду моҳ пеш вақте боздошт карданд, ки аз Юрий Глазев ҳомила буд.

Юрий Глазев рӯзи 19 ноябр баъди эълони ҳукми раҳоии дӯстдоштааш ба хабарнигорони РЕН ТВ гуфт: “Ин як додгоҳи ҳакамӣ буд, ки бо мусолиҳаи тарафҳо анҷом ёфт. Имрӯз мо Фирӯзаро табрик мекунем.”

Қазияи ишқи писари мушовири пурнуфузи президенти Русия Владимир Путин ба як зани аз худаш 9 сол бузургтар аз Тоҷикистон ду ҳафта боз дар сархати ахбори расонаҳои Русия қарор дошт. Матбуоти Русия ин достони ишқиро ба қиссаҳои “Ҳазору як шаб” монанд мекард.

Сергей Глазев
Сергей Глазев

Сергей Глазев, аз сиёсатмадоррони қавмгарои Русия, 53 сол дошта, академики РАН – Фарҳангистони улуми Русия аст. Ӯ тайи солҳои 1992-1993 дар ҳукумати сарвазир Виктор Черномирдин вазири равобити иқтисодии хориҷии Русия буд.

Баъди тарки ҳукумат чанд навбат вакили Думаи давлатӣ интихоб шуда, дар интихоботи соли 2004-уми президентии Русия дар муқобили Владимир Путин аз номи ҳизби миллатгарои “Родина” номзад шуда, 4,1 дарсад раъй ба даст оварда буд. Дар интихоботи президентии соли 2012 ӯ ба унвони шахси мӯътамади Путин ширкат дошт ба дунболи пирӯзии ӯ, дар тобистони соли 2012 мушовири раисиҷумҳур дар умури ҳамоиши иқтисодии минтақавӣ таъин шуд. Глазев бо мавзеъгириҳои давлатгароёна ва ба ақидаи мунтақидон, ҳатто “салтанатгароёна”-аш дар масоили сиёсиву иқтисодии Русия фарқ мекунад ва аз ҷумла аз ҷонибдорони гарми ташдиди сиёсати Маскав дар масоили муҳоҷират ва дар масъалаи ҳимоят аз ҷудоиталабон дар Украина ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG