Берлин он вақт ва ҳоло (Инфографика\Аксгардон)
Аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум дар Аврупо 70 сол гузашт. Ҳукумати Олмон бъад аз паҳн шудани даргириҳо дар Берлин созишномаи таслим ва халъи силоҳи беқайду шартро имзо кард. Дар ин байн ҳамроҳ бо биноҳои маъмурӣ наздик ба 600 000 манзил дар ин ҷо тахриб шуд. Харобаҳои Берлин, ба вижа дар масири Девори Берлин то солҳои охир дида мешуд. Аммо сар аз соли 1990, баъд аз ваҳдати ду Олмон бозсозии шаҳр вусъат ёфт ва ҳоло бисёре аз бахшҳои онро наметавон шинохт. Барои аксгардон аз тирча истифода кунед.