Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Террористҳо дар 30-40 километрии марзи Тоҷикистон


Файзобод маркази вилояти Бадахшони Афғонистон.
Файзобод маркази вилояти Бадахшони Афғонистон.

Волии Бадахшони Афғонистон мегӯяд, ҷангҷӯёни Ҳаракати Исломии Узбакистон ва Ал-Қоида дар 30-40 километрии марзи Тоҷикистон камин гирифтаанд.

Шовалиулло Адиб рӯзи душанбеи 15 апрел дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ, иддао кард, ки нуфузи Ал-Қоида ба Осиёи Марказӣ ва рахнаи ин шабакаи террористӣ ба қаламрави Тоҷикистон аз барномаҳои истихборотие аст, ки дар Вазиристони Покистон тарроҳӣ шудаанд. Ин мақоми баландпояи Афғонистон гуфт:
“Шабакаҳои террористӣ дар ҳамонҳангӣ бо ҳамон кишваре, ки онҳоро дар қаламраваш таҳаммул мекунад, пойгоҳ барояшон додааст, то аз ин тариқ онҳо битавонанд, ба осонӣ аз тариқи Бадахшон ба Осиёи Миёна роҳ дошта бошанд. На танҳо аз тариқи Бадахшон, аз тариқи Бадахшон Осиёи Миёнаро ва билохира сафаҳоти шимолро таҳдид кунанд ва сафаҳоти шимолу Осиёи Миёнаро бесубот бисозанд.”

Чанде пеш нерӯҳои Афғонистон як силсила амалиётеро дар ноҳияи Вардуҷи Бадахшон анҷом доданд ва ҳоло мегӯянд, ки ҷанҷӯёни Толибро дар ин маҳал саркӯб кардаанд. Вале айни замон Шовалиулло Адиб аз он ибрози нигаронӣ кард, ки Ҳаракати Исломи Узбакистон, шарики наздиктарини Ал-Қоида дигарбора дар ин минтақа “лона” гузоштааст ва ҷангҷӯёни Толиб дигарбора фаъолияти худро аз сар гирифтаанд.

Шовалиулло Адиб гуфт, “теъдоде аз террористони хориҷӣ ва афғон” пас аз омӯзишҳои амалиётҳои тахрибкорона дар Вилояти Вазиристони Ҷанубӣ, (як минтақаи қабоилнишини Покистон ва паноҳгоҳҳои амни тундравону ҷангҷӯёни хориҷӣ), чанде пеш ба қаламрави Афғонистон ворид шуда ва дар манотиқи кӯҳистонии Бадахшон, дар фосилаи 30-40 километрии наздик ба марзҳои Тоҷикистон ҷой гирифтаанд.
Ӯ дар идомаи сӯҳбаташ гуфт: “Афроди хориҷӣ вуҷуд доранд ва инҳо аз тариқи шабакаи Ҳаққонӣ ва шабакаи Ал-Қоида, ки дар Вазиристон аст ва билохира Шӯрои Пешовар (Толибони Покистон), Шӯрои Кветта ва ҳалақоти дигаре, ки ҳаст, дар ҳамоҳангии комил кор мекунанд ва феълан афроди хориҷӣ вуҷуд доранд. Инҳо ҳамлаҳои интиҳорӣ, минагузорӣ, масоили низомӣ, сохтани мина ва тахрибкориҳоро зиёдтар омӯзиш дидаанд.“

Шовалиулло Адиб, волии Бадахшон мегӯяд, созмонҳои истихборотии кишварҳои ҳамсоя, (зоҳиран Покистон) шабакаи Ҳаққонӣ ва Шӯрои Пешовар дар Покистон тарҳи муштараки барномаи бесубот кардани вилоёти шимолии Афғонистонро тарҳрезӣ кардаанд. (Мақомоти амрикоӣ дар гузашта шабакаи Ҳаққониро, як дасти воқеъии Хадамоти Истихборотии Покистон) хондаанд. Волии Бадахшон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳушдор дод, агар паноҳгоҳҳои террористони хориҷӣ дар ин вилоят аз байн бурда нашавад, мумкин аст, доманаи танишҳо ба вилоёти ҳамҷавор бо Бадахшон кашонда шавад.

Мақомҳои олирутбаи афғон дар ҳоле аз истиқрори шӯришиёни Толиб ва Ҳаракати Исломии Узбакистон дар вилояти Бадахшон сухан мегӯянд, ки Муродалии Мурод, фармондеҳи умумии нерӯҳои заминии Афғонистон, аз ноам кардани шимоли ин кишвар аз сӯи Хадамоти Ҷосусии Покистон (ISI) ибрози нигаронӣ кардааст. Аммо Покистон ҳамвора мудохила ба умури Афғорнистон ва кишварҳои дигарро иддаои беасос мехонад ва мегӯяд, ки худи Покистон ҳам аз терроризму ифротгароӣ ранҷ мекашад. Дигар ин ки баёнияҳои мақомоти Афғонистон аз маҳалҳои мухталиф, дар бораи таҳдидҳои террористон, талоше барои ҷалби ҳимояти бештар ва гирифтани кӯмакҳои бештар ба ин маҳаллаҳо унвон мешавад. Вале дар гузашта вуруди ҷангҷӯёни исломии тамриндида аз Покистон ба қаламрави Тоҷикистон мушоҳида шудааст.
XS
SM
MD
LG